Кӣ каппаи Дон Жуанро сӯхт? (Видео)

Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Дӯстмурод Шарипов, машҳур бо номи «Дон Жуан» ва Алишер Равшанов соли гузашта ба истеҳсоли филми машҳури «Меҳмони нохонда» дар сањнаи синамои тоҷик як саҳифаи дигар сохтанд.

Бино ба иттилоъи муаллифи филм Дӯстмурод Шарипов филм дар асоси шартнома бо кумитаи давлвтии «Тоҷиккино» сабт гардида, рузҳои наздик дастраси тамошобинон мегардид, аммо бо роҳи қочоқ ё ба истилоҳи дигар «Пират» аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар сифати паст ин филм дастраси тамошобинон шуд.

 

Ин амалкард ба буљаи филм таъсири бад гузошт, яъне он шартномае, ки миёни муаллиф ва тоҷиккино буд бекор шуд ва муаллиф аз ин ҳисоб муфлис ё ба қавли дигар «Банкрот» гардид. Аз руи гуфтушунидҳо ва нақшаи пешгузошта, ин филмро сараввал ба кумитаи давлатии «Точиккино» пешниҳод мекарданд, пасон мувофиқи шартнома филм танҳо дар сомонаи «ТajMedia.tj» ва шабакаҳои иҷтимоӣ «YouTube»-и TajikMusicProduction бо сифати баланд бояд пешкаши тамошобинон мегардид, вале иттифоқи дар боло зикр гардида, ҳамаи нақшаҳоро хароб кард.

Ба ҳар ҳол филми мазкур дар сомонаҳои дар боло зикргардида, бо сифати аъло пешкаши тамошобинон шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • ман я порча ба фикрам аз хамин филм тамошо кардам агар сахт нарасад дилам монд. майли хамаш аку и дон жуан ягон кори хуб надора ба гайр аз паст задани фарханги мо. нахон ки дар хами филми бемантик Хунарманди мардуми Майрам Исоева накш бозад . Точиккино бо ичозат додаст . якбор хаму сенаряра хонда бошанд … шахсан ман хамчун як тамошобин аз тамошои ин ба гуфти худашон филм шарм кардам … войй доддддддд…..

Leave a Reply