«Истиқлол» ба «Дордой» ду гол заду…

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Чемпиони чандинкаратаи  Тоҷикистон  «Истиқлол»-и  Душанбе шоми 14 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дарвозаи «Дордой»-и Қирғизистон 2 гол зада, мавқеашро дар гурӯҳ мустаҳкам кард.

Ин бозии дастаҳои зикршуда дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 буд, ки бо бартарии бештари соҳибони майдон сурат гирифт. Душанбегиҳо бахусус дар қисми якуми бозӣ хотири беш аз 16 500 мухлиси футболи тоҷикро шод гардонданд. Тӯбҳоро Дэвид Мавутор ва  Ҷаҳонгир Алиев бо усули хотирмони техникӣ вориди дарвозаи ҳарифон карданд. Бояд гуфт, ки футболбозони Тоҷикистон дар қисми дуюм бозиашонро дар ҳимоя гузаронданд, ҳол он ки барои бештар кардани ҳисоб таваҷҷуҳ менамуданд (тавре ки дар бозиҳои чемпионати кишвар  мекунанд).

Тавре сомонаи ФФТ афзудааст, дар гурӯҳи «D» дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон дар сафар дастаи дигари Қирғизистон «Олой»-ро бо ҳисоби  2:1 мағлуб сохтааст.

Вохӯрии дигарашро «Истиқлол»  4 апрел дар меҳмонӣ бо  «Алтин Асир» доир мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply