Ҳисор: Духтар аз падараш писардор шуд (Аудио)

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

  Шикамаш ранги компютер

“Дина дар пеши суди олӣ ду занаку як духтара дидам. Ҳарсешон гиряву нола доштанд. Шиками духтар компютер борӣ дам кардагӣ, аз отаи худаш буғуз (ҳомиладор) шудаст”,-ин хабарро аз забони фарроши идораамон шунида, ҳамаамон дар ҷоямон шах шуда мондем. Ин хабари гӯшношунид моро ба даҳшат овард. Бовар кардан душвор буд, ки чунин ҳодиса дар ҷомеае, ки 90-95-фоизи мардумаш мусалмон ва ҳам аз қонунҳои ин дунёю ҳам аз охират бохабаранд, рӯй дода метавонад. Насли нисбатан калонсол шояд пештар чунин ҳодисаҳоро дида ё шунида бошанд, вале барои мо, насли нав, ин хабар мисли барфи дар чиллаи тобистон борида ғайри интизор буд.  Нобоварона ба ӯ нигаристанамонро дида, фаррошамон абрӯ чин карда гуфт: “Бовар надошта бошен, ягонтатон рафта санҷен, хонашон дар  тарафои дараи Алмосии Ҳисор будай…”

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат

Хабари дастдарозӣ кардани падар ба духтар моро ҳеҷ ором намегузошт. Редаксия ба ду гурӯҳ тақсим шуда, қариб ҳар рӯз сари ҳамин масъала баҳс мекардем. Як гурӯҳ даст афшонда мегуфтанд: “Дурӯғ аст, ягон падар ин кори нангинро намекунад, охир падар қиблагоҳ ва пушту паноҳи фарзанд аст…” Гурӯҳи дуюм “дар ин замона ҳар кор шуданаш мумкин аст” гӯён, талаб менамуданд, ки аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса шавем. Ниҳоят пас аз баҳсу мунозираҳои бисёр қарор додем, ки ҳарчи бодо бод ба Ҳисор сафар карда, то куҷо ҳақиқат доштан ё надоштани хабари шунидаамонро месанҷем.

Вақте дар куҷо рӯй додани ин ҳодисаи нангинро аниқ кардан мехостем, баъзе “ҳолдонҳо” номи деҳаи Ғурриётро ба забон оварданд, аз ин хотир сари субҳ бо нияти ҷустуҷӯи ҳақиқат мо ба таксиҳое, ки ба самти деҳаи Ғурриёт мерафтанд, нишастем. Одатан ду тоифаи одамон аз ҳама гапу кори дунё бохабаранд: ронандаҳо ва  милисаҳо. Мо қарор додем аз ронандаҳо дар ин бора маълумот бигирем, вале ҷавоби ҳамаашон як буд: “Намедонам, нашунидаам, надидаам…”

Раиси маҳалла чӣ гуфт?

Ронандаи такси моро дар даромадгоҳи деҳаи Ғурриёт фароварда маслиҳат дод, ки рост ба хонаи раиси маҳала равам, чунки ҳама баду неки  мардуми деҳаро маҳз ҳамин одам медонад. Мутаассифона, раисро  дар хонааш наёфтем. Писари калониаш мақсади моро пурсон шуд ва бо шунидани он ки рӯзноманигор ҳастем, лаҳзае сукут намуда гуфт: “Росташро гӯям, ман ин хабарро чанд рӯз пеш дар масҷид шунида будам. Дар ҳақиқат як духтараки 16-17- сола аз падари худаш ҳомиладор шудааст, лекин онҳо аз ин деҳа нестанд. Хоҳед суроғаашро медиҳам, худатон ба хонаашон рафта ҳамаашро фаҳмида мегиред… “

Аз Ғурриёт ба Ҳамдилон

Суроғаро гирифта ба колхози Ҳайдар Миров, аниқтараш ба участкаи Ҳамдилон омадем ва суроғ карда хонаеро ёфтем, ки ин ҳодисаи нангин дар он ҷо рӯй додааст. Дар паси дарвоза кӯдакони бисёре бозӣ доштанд. Ягон одами калонсол наменамуд, ки чизе бипурсем. Ночор илоҷе карда мақсадамонро ба бачаҳо фаҳмондем. Яке аз бачаҳо бо сари хам  “ман додараш мешавам” гӯён ишора кард, ки ба хона дароем. Ҳавлии пурдолу дарахт, хонаҳои навсохти нотамом, мошини тамғаи Тико дар як гӯшаи ҳавлӣ бесоҳиб мехобид. Бо садои писарак аз хона зане баромада бо мо ҳолпурсӣ намуду гуфт:

-Биёед, ман модари ҳамон духтараки бадбахт ҳастам!

Суҳбати мо бо апаи Инобат (ном иваз шудааст) дурудароз ва бисёр ҳузнангез буд. Дар тули ду соли охир бо супориши редаксия даҳҳо ҳодисаҳои даҳшатнокро аз қабили куштор, худсӯзӣ, занкушӣ, хоҳаркушӣ, модару моиндаркушӣ таҳқиқ намуда, гумон доштам, ки аллакай ба чунин рӯйдодҳои даҳшатангез одат кардаам, вале ҳангоми суҳбат бо ин зани дилшикаста мӯйи танам виҷиррос зад. Дар дил худ ба худ мегуфтам: Барои ман, як одами бегона шунидани ин ҳодиса ин қадар риққатовар аст, ин занаки бечора аз падари худаш ҳомиладор будани духтарашро шунида ба чӣ ҳол афтида бошад. Ҳоли зори дили ин занро ба фикрам ҷуз худованд, дигар касе фаҳмида наметавонад…

Аз падараш чӣ хел шубҳа кунам?

Соли гузашта модарамро давлени зад (фишораш якбора баланд шуда як нимаи баданаш аз кор мондааст) ва ман ҳамчун духтар маҷбур шудам, ки модарамро беморбонӣ кунам,-оҳи сард кашида ба нақли ҳодиса сар кард апаи Инобат,-Кӯдаконамро ҳамроҳам ба хонаи бибиашон мебурдам, вале як бегоҳи шум падарашон хоҳиш кард, ки Мавлударо дар хона монда равам, то барояш чою хӯрок тайёр кунад. Падари худашон, ки ҳаст, ягон гумони бад набурда ду фарзанди дигарамро бо худ гирифтаму Мавлударо дар хона монда рафтам. Ҳамон шаб хобҳои даҳшатнок дида, дилам худ аз худ сиёҳ шуд. Нисбати шавҳарам ягон фикри бад надоштам, аз он ташвиш будам, ки духтари калон шаб танҳо берун баромада аз ягон сиёҳӣ ё саг натарсад. Хулоса, саҳар ба хона баргашта духтарамро маъюсу гирён дарёфтам. Сабаби гиря карданашро пурсидам. Гуфт, ки тамоми аъзои баданаш дард карда истодааст. Мани сода дигар пурсуҷӯ накарда ба вай доруи таскинбахши дард додам ва гуфтам, ки каме хоб карда, дам гирад,  ҳамааш мегузарад.

Аз шубҳаи авсун, то фиреби падар

Аз байн чанд моҳ гузашт. Дар ин миён чандин бори дигар Мавлударо бо падараш танҳо гузошта ба аёдати модарам рафта омадам. Авсунам, ки гоҳ-гоҳ аз дари мо сар мехалонд, рӯзе маро ҳушдор дод, ки аз духтарам бохабар бошам, чунки дар рӯяш доғҳо пайдо шудаанд ва шикамаш ҳам дамидагӣ барин метобад. Дар ҷавоб хандида гуфтам: “Мавлудаи ман худаш фарбеҳак набошад ҳам, шикамаш аз кӯдакиаш ҳамин хел равғандор аст, доғҳои рӯяш бошанд, аз кирм пайдо шудагӣ”. Дар ҳақиқат Мавлуда кирм дошт. Пештар дар пояш захм баромада буд, вақте Мавлударо ба назди духтур бурдам, гуфт, ки аз кирм аст ва таъкид кард, ки агар дуруст табобат накунем, эҳтимол дар рӯяш ҳам доғҳои бисёре пайдо шаванд. Ман ҳамин гапи духтурро ба гӯшам ҳалқа карда, тағйиротҳои духтарамро аз кирм медонистам, бехабар аз он ки Мавлудаи ман қурбони кирми нафси падари худаш гаштааст.

Доруи розкушо

Падараш Мавлударо барои захмҳои пояш аз муоина гузарониданӣ шуда ба Регар бурд. Шавҳари худобехабарам барои пинҳон мондани сирру асрораш аз ҳамон ҷо аз ким-кадом духтур бо баҳонаи он ки зани дуюмаш ҳомиладор шудааст, доруи несткунандаи ҳамл гирифта будааст, бехабар аз он ки дору танҳо то 2-3 моҳагӣ кӯдакро меафтонад. Хушдоманам аз касалии саратон вафот карда буд ва ҳамон рӯз мо бояд ҷумъагии аввалинашро мегузарондем. Саҳар ба Мавлуда фармудам, ки хамир шӯрида, чанд хел қандина пазад ва мисли ҳаррӯза ба ҷойи корам рафтам. Баъди рафтани ман падараш бо мақсади нест кардани тифли батни Мавлуда ҳамон доруро ба духтарам дода, маҷбур мекунад, ки хӯрад, то кӯдак афтад. Нисфирӯзӣ аз кор ҷавоб гирифта ба хона хамирпазӣ омадам, вале на аз хамир дарак буд, на аз қандина. Мавлударо коҳиш карданӣ  шуда ба хона даромадаму ҳоли зори фарзандамро дида, ҳуш аз сарам парид. Духтарам мисли мор ба худ печида намедонист худашро ба куҷо занад. Аз ранги заъфарониаш тарсида дубора ба бунгоҳи тиббӣ, ки худам низ он ҷо кор мекунам, давидам ва чанд духтурро гирифта овардам. Духтури занона-Малика пас аз муоина кардани духтарам сӯйи ман нигоҳи шубҳаомезе афканд ва оҳи сард кашида гуфт: “Беҳтараш ӯро ба беморхонаи марказӣ баред, мабодо апендитсит нашуда бошад…” Якҷоя ба марказ рафтем. Мавлударо муоина намуда духтурҳо аввал байни худ пичир-пичир карданд, баъд яке аз онҳо ба ман рӯй оварда гуфт: “Апа, худатона ба даст гиред, духтаратон ҳомиладор аст…” Бо шунидани ин гап дунё гӯё ба сарам чапа шуд. Сарамро бо кафи дастонам дошта дод задам: “Духтари ман аз хона берун намебарояд, чӣ хел вай ҳомиладор аст?! Шумо хато мекунед, нағзтар бинед, ягон дарди дигар доштагист…” Мавлударо дубора ташхис намуда духтурҳо боз ҳамон гапро гуфтанд.

Натиҷаи УЗИ куҷо шуд?

Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки тифли батни духтарам аз падараш аст, бинобар ин, аз тарси он ки шавҳарам ҳомиладор шудани духтарамро фаҳмад, сарамонро аз танамон ҷудо мекунад, ин сирро пинҳон доштам. Вақте пурсид, ки ба Мавлуда чӣ шудааст, гуфтам, ки духтурҳои район дардашро фаҳмида натавонистанд, беҳтараш пагоҳ худаш ӯро ба шаҳр бурда ба табибони дигар нишон диҳад. Шавҳарам сир бой надода рӯзи дигар Мавлудро ба беморхона бурд. Интизор будам, ки оқибати кор чӣ мешуда бошад. Вақте ки отаю духтар ба хона баргаштанд, чӣ гуфтани духтурҳоро пурсон шудам. Шавҳарам варақеро ба ман дароз карда гуфт: “ҷигару талхааш иллат доштааст.” Мавлударо ба хонаи дигар дароварда коҳиш намудам, ки барои чӣ бачадонашро УЗИ накарда баргаштааст. Духтарам оҳи сард кашида гуфт: “УЗИ кардем, вале ҳамон варақашро дадам даронда партофт…”

 Пуштибони таҷовузкор

Баъди маъракаи хушдоманамро гузарондан аз қайсингилҳоям хоҳиш намудам, ки Мавлударо ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда аз духтур гузаронанд. Аммаҳояш духтарамро ба духтурхона бурда аз ташхис мегузаронанд ва мефаҳманд, ки тифли батнаш аллакай 7-моҳа шудаасту дигар илоҷи исқоти ҳамл кардан нест. Ба ҷойи аз гиребони бародарашон гирифтан онҳо ба духтарам фишор оварда, талаб кардаанд, ки гуноҳи падарашро рӯйпӯш намуда, ҳама айбро ба гардани худаш бигирад ва ба очааш, яъне ба ман бигӯяд, ки вай бо чанд кас мегашту намедонад аз кӣ ҳомиладор шудааст…

Аз падарам пурсед

Ҳарчанд мепурсидам, ки падари тифли батнаш кист, Мавлуда қоил намешуд. Дидам, ки бо зӯрию таҳдид намешавад, илтиҷо кардам, ки номашро бигӯй, зарур бошад, бо воситаи суд шуморо якҷоя мекунем. Мавлуда гиря карда “аз дадем пурсед” гӯён, ба хонаи дигар даромад. Рост ба назди шавҳарам рафта гуфтам: “Мавлуда аз дадем пурсед мегӯяд, шумо, ки ҳамон падарлаънатро медониста бошед, номашро гӯед, ман худам рафта бо вай гуфтугӯ мекунам ва маҷбур месозам, ки духтарамонро ба занӣ бигирад…” Шавҳарам сарашро хам карда гуфт: “Ману ҷӯрем ҳамун одама кофсодем, ёбам, аз гирбонаш гирифта, кашола карда пешат мебиёрам»

Ҳамин тавр ин мардаки худонотарс маро аҳмақ карда мегашт, то он рӯзе, ки….

Ҳамсояҳо ба милиса хабар доданд

Азбаски дар деҳа дар бораи Мавлуда гапу калочаи бисёре пайдо шуда буд, мо қарор додем, ки то ёфт шудани гунаҳкор ва ҳал шудани ин масъала дар хонаи Раҷабмоҳ (аммаи Мавлуда) меистем, вале тавре, ки мегӯянд, савдои хона ба бозор рост намеояд. Дар хонаи Раҷабмоҳ будем, ки милисаҳо занг зада моро ба милисахона даъват карданд. Ҳамсояҳо ба милиса дар ин бора хабар дода будаанду онҳо пурсуҷӯро аз аҳли оила сар карданд. Онҳо аз падараш гумонбар шуданд, вале Аҳлиддин пофишорӣ мекард, ки суханҳо дар ҳақи ман туҳмат аст, наход ман бо фарзанди худам чунин кори ҳаромро кунам. Ростӣ, худам ҳам аввал ба ин гап бовар накардам, вале вақте духтарам иқрор шуд, ки тифли батнаш аз падараш аст, ҳангу мангам канда назди шавҳарам даромадам ва зорӣ кардам, ки рости гапро гӯяд. Аҳлиддин қоил нашуд, ки ин кори разилонаро бегона не, худи вай кардааст. Милисаҳо ҷиянҳояшро як –як пурсидан гирифтанд. Билохира, баъд аз пурсуҷӯҳои бисёр рӯзе худи шавҳарам ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт: “Занак, маро бубахш, ин корро каси дигар не, худи ман кардам!» Сахттарин зарбае, ки дар зиндагӣ хӯрдам, ҳамин иқрори қисматсӯзи шавҳарам ба гуноҳи гӯшношунид ва нобахшиданиаш буд…

 Аз парванда то парванда

Ҷиянҳои шавҳарам маро ба гап дароварданӣ шуда гуфтанд, ки янга, шумо боз ду фарзанди дигар доред, фикри бачаҳоятро карда, гуноҳи тағоямро бубахш ва зиндагиатро давом деҳ, вале виҷдонам набардошт. Ман наметавонистам бо марде, ки ба фарзанди худаш дастдарозӣ кардааст, дубора дар як болин сар монам. Ҳарчанд зориву тавалло карданд, гуноҳи Аҳлиддинро набахшидам. Ҷиянҳои шавҳарам диданд, ки маро ба гап дароварда наметавонанд, бо кадом роҳи дигари барои ман нофаҳмо парвандаро хобонда, тағояшонро ба Русия гурезондан хостанд, аммо тирашон хок хӯрд. Бародаронам ба суди олӣ муроҷиат намуданд ва дере нагузашта шавҳарамро аз маҳаллаи Мясокомбинат дастгир карда, ба дастонаш завлона заданд ва бо ҳукми суд ба муҳлати 25 сол ба зиндон равон карданд. Ҳукмаш рӯзи 21-июл баромада буд ва ҳоло Аҳлиддин дар маҳбас аст.

Мавлуда аз писараш даст кашид, вале…

-Ҳоло духтаратон дар куҷост?

-Дар таваллудхона. Се рӯз пеш Мавлударо дарди зодан гирифт. Аввал ба таваллудхонаи колхоз бурдем, вале аз сабаби камхун буданаш ӯро қабул накарда ба таваллудхонаи марказӣ фиристоданд. Ду рӯз дард кашида ниҳоят писар таваллуд кард. Пагоҳ забонхат навишта аз кӯдакаш даст мекашад, баъд духтарамро ба хона мебиёрам.

-Кори нашуданӣ аллакай шудааст, даст кашидан аз кӯдак дигар маънӣ надорад…

-Медонам, ки ин сир аллакай овоза шудаасту дигар офтобро бо доман пӯшонда намешавад, вале мо он кӯдакро ба хона оварда наметавонем. Метарсам, ки ҳамсояҳо моро аз деҳа бадарға мекунанд.

-Духтаратонро нағзакак пурсуҷӯ накардед, шояд ин кор маҷбурӣ нею бо ихтиёри худаш шуда бошад…

Вақти тафтишот ин саволро ба Мавлуда чанд бор доданд. Духтарам гиря карда гуфт, ки вақте модарам ба хонаи бибиам рафтанд, падарам бо зӯри мушту лагад бокирагии маро гирифт ва кордро дар гулӯям монда, таҳдид кард, ки агар ба касе дар ин бора даҳон кушоӣ, туро бо ҳамин корд реза-реза мекунам. Либосҳоям пур аз хун буданд, падарам худаш дар болои сарам истода маҷбур кард, ки онҳоро шуста обашро ба ҳоҷатхона партоям, то касе набинаду пай  набарад.

-Ин ҳодиса танҳо як маротиба рӯй додааст?

-Не, аз рӯйи гуфти Мавлуда се маротиба, як бор дар хонаю ду бор дар таҳхонаи худамон.

 Аҳлиддин золим буд, аммо…

Аҳлиддин табиатан марди золим буд, ҳам ман ва ҳам духтарамро бераҳмона мезад, вале ман ҳеҷ гумон надоштам, ки вай ба чунин кори паст қодир аст. Гумон мекардам, ки барқасди аҳли оилаашон моро мезанад. Рамазони соли гузашта вай маро чунон сахт мурдакӯб кард, ки як моҳи дароз ба тахтаи пушт хобидам. Духтурон маслиҳат доданд, ки барои зулму фишор шавҳарамро ба суд диҳам, то ислоҳ шавад, вале ин корро накардам. Кошкӣ ҳамон вақт ӯро ба милиса месупоридам, то шояд ин ҳодисаи нангин рӯй намедод ва ману духтарам шармандаи ду олам намегаштем. Шавҳарам натанҳо маро бо духтару аҳлу авлодам шармандаи дӯсту душман гардонд, балки худашро низ бо тамоми хешу табораш рӯсиёҳи ҳарду олам кард. Қайсингилҳоям аз алам мехоҳанд хонаро ба номи модарашон кунанд ва баъд онро фурӯхта моро овораю дарбадару хокбасар созанд. Дастони ман дар сохтани ин хонаҳо аз кори вазнин пуробила гашта буданд, худам хишт рехтам, худам мард барин лой кашондам, имрӯз бошад, хоҳарони шавҳарам маро аз манзили бо обилаи кафи дасту арақи ҷабин ва хуни ҷигар бунёдкардаам берун карданиянд. Хешовандони шавҳарам маро дар зиндон шудани Аҳлиддин гунаҳкор меҳисобанд, вале магар ин сирри нангинро пинҳон дошта мешавад?!

Ашки чашмони апаи Инобат рӯяшро мешуст. Дилам ба ҳоли ин зани аз рӯйи шавҳари худобехабар шармсору шарманда гашта сӯхт, вале ҳарчанд кӯшиш кардам сухани тасаллибахше ёфта натавонистам. Ҳомиладор шудану таваллуд кардани духтар аз падари худаш дар ҳақиқат фоҷиаи гӯшношунид аст, худо ба сари ягон бандааш чунин рӯзи сахтро наорад!

Маҳинаи Давлат

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

93 комментарий

    • Исматулло садкаи хамин ном шавед,тоба кардан даркор ин як бадбахтии халки мо хаст!!!

  • Худо сабрат диҳад ин шармандагиро тамоми миллати тоҷик нигарон аст кош намешуд обруи миллати тоҷикро паст намезад ин саг сифат

  • москва.Лаънати Аллох бар тубарин мард касофати харом худатро сузонди номи Хисорро паст зади ин касофатро сузонед ин мисли ин хайвонаст

  • 28 соли зиндон барои ин харсиришт хеле кам аст, бояд вай ё пора -пора карда шавад, ё сангсор.

  • Худоё ба суят паноҳ. Марг ба чунин инсон ки аз ҳайвон ҳам бадтар шудаги.

  • Ачаб сабре Худр дорад!
    Бадбахттарин махлуки руи замин будаст и номард..

  • Дар падарат налат .ин одам ро. Алов сар додан даркор

  • Беҳуда шариати Исломӣ зинокорро сангсор карда қушед нагуфтааст.То ба дигарон дарс шавад.

    • Аллох чи кадар бо сабру мехрубон аст ки туи хайвон боз замин зер мекуни….. эй Аллох аз ин рузи сахт аз ин мусибати ногуфтани моро нигах дор ! ба ту якумри ба забс щиштан хам кам аст марг хайф аст бар ин хел марду бар ин хел падар !!!!!!

  • Бояд ин мард кушта шавад
    Хукумат бояд УРО эъдом кунад.

  • дар чомеьа набояд чунин шахсхо зиндаги кунанд.

  • Бояд 1000 марду зан баромада дархост кунанд ки ин шахс сангсор шавад.
    Вагарна чунин чиноятхо бештар мешавад.

  • Оқибати аз ислом дур кардани миллати тоҷик ҳамин аст

  • Ман бовари надорам, ки дар Хисор ин гуна мардхо хаст. Худованд чазоша тияд.

  • Ин номумкин аст ман ин шахсро мешиносам, лекин одамро шинохта намешавад. Ин кор бахор буд баъзехо меган тухмат, баъзехо…. Худованд худаш доно. Худован хамаро тавфику имон дихад.

  • Ин.окибати.аз.ислом.дур.шуданамон.ин.кори.тавба.аст

  • Е Аллох сабр токат бта хола . Аллох Шута (Ахлидина) кур кна СубханАллох. Тоба Тоба

  • Ин кдсофатро дар чукури 1-км кофта аз болош мум рехта болоша асфалт кардан даркор то ки дигар часади палиди уро ягон кас наёбад

  • Рост мегуй бародар одамои охири замон марг ба инхел падар

  • Дахшат!!! Бовар кунед, ки барои аксари мардум шахват аз хама чиз болотар шудааст. Агар ин корро як марди майхор кунад, мегуянд, ки як алкаш кардаст. Охир, шохидем, ки хатто онхое, ки худро Худотарсу Худошинос мегиранд, ба чунин корхо даст мезананд. Намедонам сабаб чист, ки ин кадар мардхои ба ном мусулмон чунин гумроху худозада шудаанд. Мегуянд, ки фохиша пур шудааст. Шумораи Фохишахоро шумо-мардхои номард зиёд кардаед!!! Ягон зан бо зан фохишаги накардааст. Окибати ана хамин духтарак хам чунин хохад шуд, зеро зиндагии вайро падари худозада берангу бемазмун кард. Барои вай дигар фарке миёни зиндаги ва марг нест! Чунин вокеахо кариб хар руз шунида мешавад. Гохе падарро бо духтар, гохе бародарро бо хохар. Метарсам, ки барои миллати точик ин кор маъмули нашавад. Худо нигох дорад! Тавба, тавба, тавба….

  • Ин лаънати падари худаш буд,ё падарандар?. Худое, аз бало хазар.

  • Аввал ин ки мо бояд хар як тавба гуем !!! Аз худованди бузург талаби онро кунем ки моро аз шарри шайтон дар панохаш нигах дорад… Мараторияй хукми катлро дар ТJ бояд чори кунанд барои чунин касифон. Ин хуки ёбоиро бояд ба дасти халк супорид то сангсор шавад. Иншааллоh ин (хук) дар
    кадом зонае Fалтад аз бадунё омаданаш пушаймон мешавад.

  • Худовандо ба хама гумрохзадагон рохи рост ато бикун. Ин нишонаи охират аст, охират хеле наздик бовар кунед дар давлати мо, ки хама мусалмон хастем инхел ходисахо, хатто забон намегардад ба гуфтанаш Худоё тавба… Ба хама тавфику инсоф дех Парвардигоро… тавба тавба тавба… Ба газаби Худо гирифтор шуд ин палид тавба.

  • ихел мардака як тир пешони ба задан даркор, ё бо Корди чуби пуст кардан даркор,,

  • Худованд хори дунёву охиратт бигардонад.
    И кор ходиса нест и нишонаи киёматай бародаро

  • хайфи ту барин мард ки Худованд туро духтар дод, зудаст назди АЛЛОХ бар мегарди

  • Ланат ба ту !!! астагфируллоз е Аллохи мехрубон аз ин мусибати ногуфтани моро дар панохат нигах дор … марг хайф аст бар ту барин падару бар ту барин мард !!!!! т

  • Ин шахсро беакли гумрох гуфта, аз шафоати Худованд махрум аст.

  • Inguna shakhsro zinda-zinda bo kordi kund pus kardan darkor to bifahmad kadri inson dar chist
    Astakhfirlloha Lazi Loilloha ilalloh Allohu Akbar

  • Субҳоналлоҳ: лаънат бар чунин падарон бод боварри ман намеояд охир дар боло қад кардан,ки албатта ин корро марди шароб нуш кунад халқ мегуянд,ки ва алкаг мебошад охир ин корро падарри лаъини тоҷик кардааст марг бар чунин падар,ки номи тоҷикро номи мусалмониро пас мезанад бояд инхел тоифаро сангсор ё қатл кардан даркор астағфируллоҳ тавба кардам…

  • Дар махбас чанд махбусеки бошад хисобашро меёбанд ихэл хари лаинро лаънати худованд бод тубарин хари лаин

  • Ин кор пеш аз хама ба тарбияи тарафайн вобаста аст.Аввал ин ки модарон ба фарзандони худ бояд наздик бошанд,нихоят наздик.Луввум занхо,хоса инсонхо набояд дар асри 21ба чабру ситам токат кунанд.Сабр лозим аст дар зиндаги вале бар ивази чон,на бар ивази нангу ному шараф.Зану шавхар ду нимтанеанд ки як танро ташкил мекунанд.Ин мард на мехри падари доштаасту на мехр ба модари фарзандон.Хар кори хубу бад дар зиндаги панд аст.Панд бигиред….

  • Boftahoi navbatii «Oila» 2!!!Ba har razilafsona dast mezaned,ki in somonai besomonaton hondani shavad!!!

    • Посухи М. Davlatova
      Хонандаи азиз, бофтаҳо гуфта чиро дар назар доред? Ягон бор пушти дари касе барои фаҳмидани воқеа рафтаед? Пеш аз навиштани чунин пост андеша накардед, ки чи гуна метавон як хабари дурӯғро дар сомона гузошт? Ту нафаре ҳастӣ, ки бехабар аз одаму оламӣ. Хулоса, гапро ба дарозо намекашем. 918462711 дар ҳамин рақам занг занед, ман муаллифи мавод бо шумо суҳбат мекунам!!!!!!!!!

  • Аз ин хайрон нашавен ин дини ниеогони мо зардушт аст.ва ин одам савоби баландро сохиб гашт дар назди дини зардушт.

  • Аз ин хайрон нашавен,ин дини нийогони мо зардушт аст.вакте динни зардушт чори шавад ин ибодат ба хисоб меравад. Ислом ба мо модар,Падар, хохарро шиносонд.сазои ин мард марг аст дар хукми Ислом.хайфи номи ахлиддин ки ба ту гузоштаанд марг ба ту.

  • Ин кадар хайрон нашавед дар байни мусалмохои хастан ки ба корхои даст мезананд ки хатто як кофери алкаш ин корро карда наметонанд худое модару духтарро сабри чамил ато фармо

  • Аввалаш тавфиқ бта, айб аст ки мусулмонон хамин коро анчом дода истодаанд, мо бояд аз ин гуна кирдорхо бояд даст кашем,Чаро оон ки мо давлати сохибистиклол дорем бод хамаи мо аззин гуна кирдор даст кашида давлатамонро обод ххифз намоем

  • ба ту разили пастфитрат марг хам хайф аст.натанхо ин дуне балки ун донеги ту хайвонсифат низ сухтааст иншоаллох дар хамин дуне ту азобатро мекаши

  • эх номард беномус мардак бдай нахот хамин кора бо фарзандаш карда бошад?

  • АЛОҲ мегуяд ин дине ки ман барои шумо овардам барои осонии шумо барои мушкили не

  • Вой бар мо вой бар мо то ба кучо омада расидем .Ин хама аз ИСЛОМ дини хак дур мондан ва ба филмхои гарби ро тамошо карда хуйю атфоли онхоро гирифтаем.

  • Ин хабар дуругай не может быт ки як падар и кора кна хакикат надора. Кани ягон сабт овоз ё санад далел вучуд надорад ку

  • Илохо ХУДОВАНДИ карим ин кавму ин диёрро БА мисли кавми Лут несту нобудашон сози БА мисли Шарораи Хисор нобудашон сози барои ин кавму ин диёр сабру инсофу иноят хайфаст лаънати ХУДОВАНД ба чунин ахлуавлод хайфи иблиски нодида дар шахри Мино сангаш мезанем Иблиси зинда дар Хисор будааст

  • КИЁМАТ НАЗДИК АСТ ЧАНДКАДАРЕ
    МЕТОНЕН ТАВБА КНЕН АКЛАТОНРО
    КОР ФАРМОНЕД НА НАФСАТОНРО

  • Гар бар сари нафси худ амири марди. ООХ АЛЛОХ хамаи моро амири нафсу шахвати хеш бигардон.Палид, начас, касофата Аллох несту нобуд гардон ОМИННННННН

  • Хайфи номи падар шави эй инсон, худованд туро хидоят кунад….
    Ва Бояд модарон нагузоранд, ки духтаронашон либосхои тангу тунук ба бар кунанд, ва хеч гох 2-нафарро дар як чой намонед, ки сейюмини онхо шайтон мешаввд, ва шайтон фурсатро ганимат шуморида мардро вас-васа мекунад

  • Мехохам ин разил дар зиндон пусад духтари бечораро шармандаи дунё гардонид орзухои чавони бечора мавлуда барбод рафт

  • Хамин ходиса дар дехотамон рухдод амо бади чан вахт МО фахмидем хама каса халк туп шуда рафтем то аз кишлок хезонем неким аз руи гиряи модараш ичозат додем а худи ахлидин у барвахт ин дунеро падруд гуфт хато мурдаашро надодан барои онки дар хичкас даркор набуд ин Дарси ибрат барои хар як МО бандаи мусалмон бояд имтихон бошад хамеша то ба кунед назди Аллох

  • Тавба кунед ин газаби Худо мебошад.Тавба Тавба Тавба.

    • Харомзода, ки шиди амихелияй, ихелиёш зеби кштан доран.

  • Одам ки ба доми шайтон афтод ба хар корхо даст мезанед.Агар падар ба чунин корхо даст занад хол он ки падар асосгузори хонавода мебошад, пас аз дигарон чи гила.Чавонхо ки ояндаи милатанд бояд аз ин ходисаи дахшатнок ба худ ибрат гиранд, ой мардум ба эхсосот дода нашавед ва аз ин кори ин инсол барои худ панде гиред то дар рузгори хеш ба ин вачх иштибох рох надихед . Окибати ин падару духтар ба хайр шавад.

  • РУЙИ ТУ БАРИН МАРД СИЕХ АГАР МАН МЕБУДАМ БА ЧОИ ОН ДУХТАР ОН КОРДРО ГИРИФТА БА ДИЛИ СИЕХАШ МЕЗАДАМ.ХАС КАМУ ЧАХОН ПОК.ДАР ХАКИКАТ ИН МАРДРО ОТОШУ САНГ ЗАДАН ХАЙФ АСТ.БИГЗОР ОЛЛОХ САЗОЯШРО ДИХАД.

  • Лаьнат ба хамин хел Падар наход духтари худро Худо чазоятро дихад мурданат бех ту борин Падар

  • Бояд асбоби батние ки бо он падар духтарашро таҷовуз кардааст бурида шавад.

  • дар падарат налад фосик обуруи падария резонди милати точика харом карди тура дар хабс кушанд.палити харом.

  • Худоё хамаи бандагонатро тавфик дех то ба мисли ин падари лаъин ба корхои харом даст назананд.

Leave a Reply