Исо (а): пайғамбар ё писари Худо?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Чаро соли нави мелодӣ мегӯянд?

Инак, соли нави мелодӣ фаро расид ва дар тақвими ҷаҳони муосир варақи тоза кушод. Бисёриҳо соли навро ҷашн бигиранд ҳам, намедонанд, ки чаро онро “соли нави мелодӣ” мегӯянд. Мелод чист? Чаро ин идро бештар ба масеҳиён нисбат медиҳанд? Ин ид ба Исо (А) чӣ алоқамандӣ дорад?

Мо аз устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ хоҳиш намудем, ки ба ин масъала равшанӣ андозанд. Инак, навиштаҳои ин марди фозилро пешкашатон месозем.

Ҳазрати Исо кист?

Соли нави мелодӣ аз милоди Исо, яъне аз рӯзи таваллуди Ҳазрати Исо (А) сарчашма гирифтааст. Мардуми мусалмон Исоро ҳамчун паёмбари Худо мешиносанд, вале баъзе аз мардумони насоро Ҳазрати Исоро худои худ ҳисобида, гурӯҳи дигар ӯро ҳамчун писари Худо муаррифӣ менамоянд. Мувофиқи ояи 30-и сураи Марям: (Исо) гуфт: «Ман бандаи Худоям, ба ман Китоб додааст ва маро Пайғамбар сохтааст». Тавре ки мебинед, худи Исо (А) гуфтааст, ки ӯ расул ва фиристодаи илоҳӣ аст. Тафовути ҳазрати Исо (А)аз дигар паёмбарони Худо дар он аст, ки ӯ бо амри Худованд бе падар, аз руҳи муқаддас ба дунё омадааст. Дар ин бора дар ояи 171-и сураи Нисо чунин ишорат шудааст: «Ҷуз ин нест, ки Масеҳ­Исо писари Марям, Пайғамбари Худо ва калимаи Ӯст, ки онро ба сӯи Марям андохт ва рӯҳе аз ҷониби Худост…”

Ин порае аз муаррифии Ҳазрати Исои Масеҳ дар Қуръони Азимуш­шаън буд, ки Худои Мутаол ӯро ба бандагонаш Худ муаррифӣ намудааст. Ба ҳамин мазмун боз дар чанд ҷойи Қуръон Худованд аз Исо (А) ёд кардааст, масалан, дар ояи 46 сураи Моида мегӯяд:

«Дар паи ин пайғамбарон Исо писари Марямро фиристодем: (ӯ) тасдиқкунандаи он чи аз Таврот буд, ки дар пеши худ дошт ва ба ӯ Инҷил додем ва дар он ҳидоят ва равшанӣ аст ва тасдиқкунандаи он чи аз Таврот буд, ки пеши вай аст ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панд аст».

Модари Исо (а) кӣ буд?

Худои Таоло модари Ҳазрати Исо-Марямро дар Каломи худ ҳамчун зани мутаҳҳара васф мекунад ва дар ояи 42 сураи “Оли Имрон” мефармояд:

«Ва он гоҳ, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, ба дурустӣ, ки Худо туро баргузид ва пок сохт ва бар занони оламиён баргузид». Дар сураи Моида, ояи 75 низ Худованд Марямро ҳамчун зане сиддиқа васф намуда, мефармояд: «Ва модари ӯ (яъне, Исо) зане ростгӯ буд».

Аз ин сураҳо бармеояд, ки Марям, модари Исо аз ҷумлаи беҳтарини занони асри худ будааст. Қуръони маҷид аз Ҳазрати Исо (а) ва модари гиромияш тарсим мекунад ва ин паёмбари худро Худои маннон гоҳе ба унвони набӣ ва гоҳе ба унвони расул ёд мекунад. Инҷо саволе пеш меояд, ки набӣ кист ва расул чӣ касеро гӯянд?

Набӣ кисту нубувват чист?

Вожаи набӣ ва нубувват аз “набаъ” гирифта шуда, ба маънои “хабари муҳим ва мақоми воло аст”. Набӣ соҳиби хабари муҳим ва шахси дорои мақоми воло мебошад. Роғиби Исфаҳонӣ менависад, “Аннабаъ хабари дорои фоидаи азим аст, ки ба василаи он хабар, инсон илм пайдо мекунад ва ё гумони ғолиб. Ба хабар, набаъ гуфта намешавад. Хабар дорои се чиз буда, хабаре, ки набаъ гуфта мешавад, бояд аз дурӯғ холӣ бошад. Хабари Аллоҳ таоло ин хабари набӣ аст.

Ҳазрати Исо (А) аз Худованд барои бандагон хабар оварда буд, аз ҳамин сабаб ӯро набӣ мегӯянд.

Расул кист ва рисолат чист?

    Калимаи расул аз рисолат буда (решаи расила) маънояш раҳоӣ аст.

Расул ба таври куллӣ ба маънии фиристода аст. Намояндагоне, ки як амир ё як подшоҳ аз пеши худаш назди як нафар мефиристад, дар забони арабӣ маъмулан ба ин намояндагон расул гуфта мешавад. Дар истилоҳи шаръ расул касест, ки ҳомили рисолати хосе бошад ва итмоми ҳуҷҷатеро дар бар дорад, ки агар ба он мухолифат шавад, азоб, ҳалокат ва амсоли онро ба дунбол хоҳад дошт. Яъне, расул паёмбарест, ки дорои рисолат ва шариати хосе бошад.

Тафовути байни набӣ ва расул

    Барои равшантар шудани таърифи набӣ ва расул, тафовутеро, ки байни ин ду вожа вуҷуд дорад, баён менамоем, ки ин аст: Ҳамон тавре, ки аз маънои луғавии ин ду калима истифода мешавад, набӣ касест, ки аз тарафи Худо хабар медиҳад. Расул фиристодаи аз тарафи Худост, ки дорои паёми хосе аст. Хабардиҳанда, яъне набӣ фақат хабар медиҳад ва мунтазири ҷавоб, посух ва ё таъсири дигаре нест, аммо фиристода, яъне расул вақте паёмро мерасонад, мунтазири аксуламал мебошад ва тарафи муқобил бояд посух ё аксуламале нишон диҳанд. Ҳар расуле набӣ шуда метавонад, вале ҳар набӣ расул намешавад.

Зодгоҳи Исо (а) куҷост?

Пайғамбар Исо (а) аз қавми Яҳуд буда, солшумории масеҳӣ, ки милодӣ низ мегӯянд, аз соли таваллуди ӯ оғоз ёфтааст. Худованд дар сураи Марям, ояти 22, 23 мефармояд, ки саранҷом Марям бордор шуд ва ӯро ба нуқтаи дурдасте бурд. Дарди зоимон ӯро ба танаи дарахти хурмо кашонд. Он қадар нороҳат шуд, ки гуфт:  “Кош аз ин пеш мурда будам ва ба куллӣ фаромӯш мешудам. (Ояти 24) Ногаҳон аз тарафи поёни пояш ӯро садо зад, ки ғамгин набош, парвардигорат зери пои ту чашмаи гуворое қарор додааст. (ояти 25) Ҳамон нахли хурморо ба тарафи худ такон деҳ, хурмои тозае бар ту фурӯ мерезад. Ояти 26. Ва бихӯр ва бинӯш ва чашматро ба ин мавлуди ҷадид равшан кун ва ҳар гоҳ, ки касе аз инсонҳоро дидӣ, бо ишора бигӯ, ки ман ба Худованди раҳмон рӯзае назл кардаам, бинобар ин, имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям. Бидон, ки ин навзод аз ту дифоъ хоҳад кард”.

Ин буд маълумоти мухтасар дар бораи шахсият ва паёмбарии Ҳазрати Исо (а) ва модари сиддиқааш Марям, ки дар Қуръони маҷид ва каломи бузургони дин омадааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, устоди ДИТ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Исо (а): пайғамбар ё писари Худо?

  • Бехтарин макола. Рахмати калон ба рохбарияти точикистонтаймс.тч.

Leave a Reply