Инқилоби Мирзиёев ва яхшикании мушкил

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

“…Ях тунук шуд, акнун мешиканад”. Чунин аст хулосаи аксари муҳаққиқони муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию мардумии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. Аммо оё онҳо барои чунин ақидаронӣ асос доранд?

…”Дар марз бо  Ӯзбекистон боз ду чӯпон ба мина бархӯрда, ҳалок шуданд”, “Роҳи оҳани Термиз — Амузанг баста шуд”, “Дар Ӯзбекистон бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон як шаҳрванд ба ҳабс гирифта шуд”, “Ӯзбекистон мошинҳоеро, ки ба Тоҷикистон  бор мебурданд, барои муҳлати номуайян боздошт”.”Чанд шаҳрванди Тоҷикистонро барои тафтиш аз қатораи Душанбе –Маскав фароварданд…” “ Дар Тошканд алайҳи сохтмони НОБ-и “Роғун” суханронӣ сурат гирифт…” Чунин буданд сархати чандин хабаре, ки дар давраи роҳбарии  Ислом Каримов ба ин ҳамсоякишвар  дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасиданд ва чунин ҳам ба назар мерасид, ки ҳеҷ яке аз ҳамсояҳои наздиктарин гузашт карданӣ нестанд ва ин “ҷанги сард”  ҳатто метавонад ба “ҷанги гарм” гарояд, зеро аз Тошканд дар сатҳи баланд таҳдидҳое ҳам ба гӯш мерасиданд, ки дар сурати зарурат тайёраҳои ҳарбии ин кишвар метавонанд сарбанди Роғунро бомбарон кунанд… Ҳамаи ин дар гузаштаи на чандон дур…Магар мешавад, ки тухми нобовариро дар як муддати кӯтоҳ, дар як сафари бобарор аз байн бурд?  Мешавад, зеро ин “садди искандариро” на мардуми Ӯзбекистон, балки як шахс бунёд карда буд ва шахсияти дигаре метавонад онро аз беху бунёдаш барканад…

…Тоҷикистону Ӯзбекистон на дар гузашта ва на имрӯзу оянда наметавонанд бе ҳамдигар рушд кунанд  ва маҷбуранд китф ба китфи ҳамдигар дода, дар ин дунёе, ки имрӯз абарқудратҳо бори дигар тақсим кардан мехоҳанд ва манфиатҳои худро нисбат ба манфиатҳои мардуми  минтақа боло гузоштанӣ мешаванд, муқобилият намоянд. Имрӯз даҳҳо соҳаеро номбар кардан мукин аст, ки ду кишвар танҳо метавонанд  бо роҳи  ҳамкорӣ ва танзими дуҷониба ба муваффақият ноил гарданд. Магар аз он, ки Ӯзбекистон аз хатти барқи умумӣ канор рафт, танҳо ба Тоҷикистон зарар шуд? Магар садҳо  деҳаю ҳатто ноҳияҳои бутун дар он ҷо бебарқ намонданду реҷа ҷорӣ накарданд? Имрӯз Тоҷикистон тавонист мардуми худро бо барқи доимӣ таъмин намояд, вале дар кишвари ҳамсояи мо чунин ҳолат то ҳол  идома дорад. Тавре ки Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси охирини ҳукуматаш эълон намуд, ин хаторо бояд ҳар чӣ  зудтар ислоҳ намуд. Бояд хатти роҳи оҳани тахрибшударо аз нав бунёд кард, бояд марзро аз минаҳо поккорӣ намуд, бояд рафтуомади “ду миллату як халқ”-ро осон кард, бояд хатти марзро бо ҳамдигар мувофиқат намуд, то ки барои баҳс дар оянда замина намонад, бояд газро ба Тоҷикистон арзон доду аз ин ҷо неруи барқи арзон гирифт. Бояд… шумораи чунин “бояд”-ҳо чунон зиёданд,ки онро танҳо бо як нишаст ва ё бо як сафар наметавон ҳал кард. Аммо асос оғоз аст ва чунин оғозҳои умедворкунанда дар давоми соли сипаришуда сурат гирифтанд. Хатсайри ҳавоӣ байни ду пойтахт  дубора кушода шуд ва дар навбат хатсайрҳои  Самарқанду Бухоро пешбинӣ шудаанд. Шарту шароити сафар осонтар гардид, молу колои ӯзбекӣ дар  бозорҳои Тоҷикистон пайдо шуданд, сухани роҳбарони ин кишвар нисбати ҳамсояҳо  оҳанги дӯстӣ пайдо кард. Хулоса, ҳамсояи мо дасти кашидаашро дубора сӯямон дароз кард ва қадами аввалро гузошт. Хулоса, фаҳмид,ки минбаъд идома додани ташаннуҷи байни ду кишвару мардуми он танҳо ба зарари кор ва зарари ҳамин мардум аст. Инак, қадами навбатӣ дар пеш. Имрӯз  сарвазири   Ӯзбекистони ҳамсоя  Абдулло Орипов  ба Душанбе омад. Тавре ки худи  Шавкат Мирзиёев эълон намуд, мақсади ин сафар тайёр кардани шароит барои  сафари худи ӯ ба Тоҷикистон мебошад. Интизор меравад, дар арафаи иди Наврӯз гузаргоҳи Саразм – Ҷартеппа дар марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд баъди 8 сол аз нав кушода шавад ва дар маросими ифтитоҳи ин гузаргоҳ роҳбарони Тоҷикистону Ўзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок кунанд.

Мирзиёев ба мардумаш ваъда  дод,ки дар муносибат бо Тоҷикистон инқилоб мекунад ва  яхи бистсоларо бо мушкилӣ бошад ҳам,мешиканад.

 «Дар ҷараёни тайёрӣ ба сафари Тоҷикистон бо Абдулло Неъматович, мо шартномаҳои катта-катта ба имзо мерасонем. Роҳи оҳан ба Тоҷикистон кушода мешавад, хатҳои интиқоли неруи барқ ҳам кушода мешаванд… Касе моро намебахшад, агар ҳама чиз хуб нашавад. Мо ин корро мекунем. Вале шикастани яхи 20-сола кори осон нест.”-гуфт ӯ дар ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон, ки охир ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Бале,  осон нест, вале баҳор наздик аст…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Инқилоби Мирзиёев ва яхшикании мушкил

  • Руху равони гузаштагони мо Абдурахмони Чомиву Навои шод мешавад. Барои ин мадум боз Чомиву Навоихои нав даркоранд. Дар ин дунёи нобасомон мо бо хам набошем боз бо ки метавонем наздиктар бошем, барои ин мардум аз хамдигар наздиктар дигар мардуме нест, ки нест. Хар кас ки минбаъд миёни ин мардумон тухми низоъ мекорад душмани инсонхост ва душмани башар аст.

Leave a Reply