Имтиёзи барқии сокинони Бадахшон

ВМКБ, ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати “Pamir Energy” — таъминкунадаи аслии нерӯи барқ дар вилояти Бадахшон бо кӯмаки Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейтсария нархи истифодаи барқро барои сокинони ин вилоят дар панҷ моҳи фасли тирамоҳ ва зимистон бо поинтарин қимат пардохт мекунад.

Сар аз моҳи ноябр то моҳи март “Pamir Energy” аз сокинони вилояти Бадахшон моҳона барои истифодаи 360 киловат нерӯи барқ танҳо 10 дарсад маблағ гирифта ва 90 дарсади онро мебахшад. Ин миқдор барқ, ки ба сокинон ҳамчун субсидия дода мешавад, 70 сомонӣ наздик ба 10 доллари амрикоӣ қиммат дорад.

Ҳотамшо Хушқадамов, сардори департаменти фурӯш ва маркетинги “Pamir Energy” ҳадафи ин иқдомро сарфаҷӯӣ дар истифодаи барқ ва камбуди ангиштсангу ҳезум дар Бадахшон унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, “мардум ба хотири соҳиб шудан ба субсидия барқро сарфакорона истифода мебаранд”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply