Имрӯз рӯзи мавлуди Паёмбари Ислом Муҳаммад(с)

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи ҷумъа, 1 декабр мавлуди Паёмбари Ислом Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) аст, ки фурӯтании хосаш мегуфт, инсони фавқулоддае нест, балки танҳо гуфтаҳои Худовандро ба бандагонаш мерасонад. Ӯ динеро овард, ки имрӯз қариб ду миллиард пайрав дорад. Валодати Хотамуланбиё ба ҷамъи мусалмонон муборак бод!

Номи пурраи пайғамбар

Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманноф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фаҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Муъад ибни Ъаднон.

أَبُو الْقَاسِمْ مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ اللهِ بن عَبْدِ الْمُطَّلِب بن هَاشِم بن عَبْد مَنَاف بن قًصَي بن كِلَاب بن مُرَّة بن كَعَب بن لُؤَي بن غَالِب بن فَهْر بن مَالِك بن اَلنَّضْر بن كِنَانَة بن خُزَيْمَة بن مُدْرِكَة بن إِلْيَاس بن مُضَر بن نِزَار بن مُعَد بن عَدْنَان)

Зиндагиномаи ҳазрати Муҳаммад

Муҳаммад (арабӣ:محمد) «Салаллоҳу Алайҳи ва Салам» (арабӣ:20 апрели570дар ш.Маккатаваллуд ёфтааст. Вай аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб будааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё рахти сафар баст. Баъди шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳриМадина, низ зиндагиро падруд гуфт.

Тарбияи Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам)-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб, сипас амакаш Абутолиб ба зимма доштанд. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Баҳир (Сархиш) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст. То бистучорсолагиаш Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар хизмати амакҳояш буд,баъд коргузор шуд. Ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро Амин мехонданд.

Соли 594 Хадича — зани беваи бадавлат, хеши дури Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам), духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъин кард. Вай (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) корвони Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Хадича чил сол дошт. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) биступанҷсола буд.

Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Вале се писаре, ки Хадича таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд.

Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадича ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард.Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (Разиаллоҳу Анҳу), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (Разиаллоҳу Анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсӯҳбатон Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам)-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳоӣ бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳӣ намеомад.

Ваҳй

Аз рӯи ривоятҳо Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ҳар сол моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ, банди андешаҳо сипарӣ мекард. Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтост, бар болои ҳама ва барои ҳама. Худо ҳақиқати худ ва иродаи хешро ба мардуми гуногун ба воситаи паёмбаронаш ирсол медорад, вале арабҳо худоро намедонанд, зеро эътиқод баИброҳим(Алайҳисалом)-ро фаромӯш кардаанд ва ба назди онҳо паёмбариХудониз наомадааст, то ки хотиррасон намояд аз вуҷудиОллоҳ. Дар моҳи Рамазонисоли 610(ё 612), ҳангоми сайру гашти ҳарсолаи одатиаш ӯ (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба ғоре медарояд. Аз пиёдагардӣ ва фикру андешаҳои зиёди беҳосил хаста шуда буд. Аз ин рӯ, дар гӯшае ҷой мегирад ва хобаш мебарад. Ва баъд… Чунин ҳикоят мекунад худи Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам):

«Нохост дар хоб ҳис намудам, ки касе ба ман наздик омад ва гуфт: бихон! Гуфтам: не! Он гоҳ вай чунон тазъйиқам дод, ки хаёл кардам, мемирам ва такрор намуд: бихон! Боз рад кардам, дуюмбора фишурд ва ман ин суханонро шунидам: «(Ай Расули худо бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худой офаринандаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон!Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омӯхт ва ба одам он чиро, ки намедонист, ба илҳоми худ таълим дод» (Сураи XCVI, 1-5). Вақте ки инро хондам, падида дур шуд ва ман бедор гаштам. Ва ман ҳис намудам, ки ин гуфтаҳо дар дилам абадӣ нақш бастаанд».

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Хадича бо диққат ва бо боварии том нақли ӯ (с)-ро шунид. Варқа, хеши Хадича, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: «Эҳтимол гапат рост аст. Эй Хадича, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷабраил) омадааст, оне, ки баМӯсо(Алайҳисалом) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) паёмбари ин уммат хоҳад шуд».

Баъди ин ба Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) чизе рӯй надод, вале ӯ шояд ҳодисаеро интизорӣ мекашид, аз ин рӯ, боз ба бодия рафт, ҳарчанд вақташ ҳанӯз нарасида буд. Дар кӯҳ танҳо қадам зад, андӯҳи гарон ба қалбаш тазйиқ меовард, барои аз ғусса раҳоӣ ёфтан тайёр буд, ки аз шахи баланде ба поён биҷаҳад. Нохост тобиши ҳайратангези илҳоми ваҳӣ ӯро фаро гирифт, рӯҳан ором шуд. Ба хона баргашт, ҷисмаш хаста буду дарақ-дарақ меларзид. Дар боғча рӯи фарш хобид ва хоҳиш намуд, ки ба болояш ҷомае партоянд. Ва ҳамон замон чунин суханонро шунид:

«Ало, ай Расуле, ки худро бо либоси (ҳайрат ва фикрат) печидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худоро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва (ҳар чй дар таблиғи рисолат аз халқ озор бинй,) барои Худо сабру шикебой пеш гир». (Сураи LXXIV, 1-7)

Баъди ваҳйи дуюм Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба паёмбари Худо буданаш мӯътақид гашт ва баҳри иҷрои супоришҳои аз осмон нозилшуда пардохт. Ҳарчанд Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба падида аҳамияти беандоза медод, барояш чизи асосӣ ҳамон ваҳӣ, яънеҚуръонбуд.

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ҳеҷ гоҳ ба худ баҳои фавқуттабиӣ намедод ва таъкид менамуд, ки танҳо гуфтаҳои Парвардигорро ба бандагонаш мерасонад:

«Ва Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) нест магар паёмбаре аз тарафи Худо, ки пеш аз ӯ низ паёмбароне буданд ва аз ин ҷаҳон даргузаштанд, агар ӯ низ ба марг ё шаҳодат даргузашт, боз шумо ба д-ин ҷоҳилияти худ руҷӯъ хоҳед кард? Пас ҳар кй муртад шавад, ба Худо зараре нахоҳад расонид, худро ба зиён андохта ва ҳар кас шукри неъмати дин гузорад ва дар ислом пойдор монад, албатта, Худованд ҷазои аъмоли нек ба шукргузорон ато хоҳад кард» (Сураи III, 138)

ДиниИсломрӯз ба рӯз рушд меёфт. Дарсоли 617Қурайшиҳобо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд.Соли 619Хадича, баъди чанд ҳафтаи дигар Абутолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагй дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) бо умматонаш баЯсрибҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд. Охири соли 629, аввалисоли 630Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба Макка баргашт. Наздик шудани сафари охиратро Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) эҳсос намуд. Моҳи мартисоли 632бо 14 ҳазор мусалмонмаросими Ҳаҷроба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард.8 июнисоли632бамасҷидомад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъди чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Бибӣ Оиша, духтари Абубакр, аз олам чашм пӯшид.

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар Мадина маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гаштааст.

Симо

Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) аз насли пайғамбарИсмоил(Алайҳиссалом) ки аз арабони-одиҳобуд ва бо симои сафеди худ аз ҳамқабилагон фарқ мекарданд. Аз рӯи шаҳодати ҳамзамонон ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) китфи васеъ, қади миёна, банди дастҳо ва кафи пойи барҷаста доштанд. Дар байни тахтапушт мӯҳри пайғамбарӣ буд, ки аз нақши секунҷаи барҷаста иборат буд.[6]Он кас мижгони дароз, абрӯвони ба ҳам пайваст ва гардани дарози зебо доштанд.[7]

Уламои бузурги ислом ва таърихчӣМуҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣдар китоби худ «Таърихи умумӣ» симои ҳазрати Муҳаммадро ин гуна тавсиф медиҳанд:

Расми муслимони осмионӣ, ки чӣ тавр дар гирдиКаъбадарМаккатоб хурда истодаанд, пас аз он чунон ба назар мерасад, ки рӯи Муҳаммад (с) бо матои сафед фаро гирифтааст.

«Он кас қади миёна доштанд: на баланд, на паст. Ранги рӯяшон байни рангҳои сафед ва нилуфар, чашмони сиёҳ, мӯйҳои зич, дурахшон ва бениҳоят зебо. Риш доштанд. Дарозии мӯи сар то ба китф мерасиданд. Ранги сиёҳ доштанд… Бо завқ чунон роҳ мегаштанд, ки ҳар бори дидан атрофиён фикр мекарданд, ки пойҳои пайғамбар заминро нарасида истодааст. Аммо дар роҳгардии он кас он фахре ки ба бузургони олам мансуб аст, набуд. Чеҳраи чунон бо меҳр доштанд, ки чашмро канда кардан намешуд. Гурӯснаҳо бо як дид аз хӯрок фаромуш мекарданд. Ситамдидагон дар пеши он кас, аз чеҳраи зебо ва суханҳои нарм аз бадбахтиҳо фаромуш мекарданд. Онҳое ки диданд, якдилона буданд, ки ҳеҷ вақт, на пеш, на баъд, нидида буданд одамеро, ки сӯҳбат бо ӯ чунин форам бошад. Бинии рост, дандонҳои сирак (тунук). Баъзе вақт мӯйҳо аз сар озод фурӯ меомаданд, баъзе вақт он кас ба ду ё чор кокул мебастанд. Дар сини 62 солагӣ муйҳои сафед умуман надоштанд…»[8]

Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) пушидани либосе ки ранги сафед дошт, дӯст медоштанд ва аксарияти онҳо куртаҳои дарози сафед буданд (камис) ин чунин либоси васеи рахдори беостини рӯйи Яманӣ (ҳибар),саллаваизор, ки дар гирди миён тоб мехӯрад ва то байни анат дарозӣ дошт. Дар даст ангушти нуқрагӣ доштанд, ки дар он «Муҳаммад— Фиристодаи Аллоҳ» навишта шуда буд. Он кас покиза буданд, ва ҳар лаҳза аз атри хушбӯй истифода мебурданд ва дандонҳоро ҳамеша бомисвоктоза мекарданд.[9]

Ҷойи Ҳазрати Муҳаммад дар байни пайғамбарон

Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дар байни пайғамбарон ҷоизаи баландро дорад ва барои ин яке аз тафсифи ӯ —Ҷаноби Пайғамбаронаст.

Манбаъ: Википедия


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply