Имрӯз гармии ҳаво ба 24 дараҷа мерасад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 10 ноябр, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.  Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва дар баъзе маҳалҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  8-13 дараҷа хунук ва рӯзона          2-7 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 20-25        дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply