Имрӯз ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 1 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 18-23 дараҷа гарм ва дар шарқи он  7-12 дараҷа сард мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо ба 13-18 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply