Имрӯз ҳам то 44 дараҷа гарм мешавад

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 19 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он дар баъзе минтақаҳо ба 44 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани  борон  дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят   шабона  12-17 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи он шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 39-44 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда мешавад.  Эҳтимоли боридани борон ва раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо вуҷуд дорад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 20-25 ва рӯзона ба 37-42 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 29-22 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply