Имомзода: ихтисосҳоро ихтисор мекунем

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик, Муҳаммадюсуф Имомзода мегӯяд, ки қарор аст, баъди гузаронидани як таҳқиқот миқдори ихтисосҳое ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд, ихтисор кунад.

Ин нуктаро Имомзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба хабарнигорон иброз кард.

Академик, Имомзода гуфт: «Мо кӯшиш мекунем, ки он ихтисосҳое ки дигар дархӯри замони муосир нестанд, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад, ихтисор намонем ва ба ҷойи он ихтисосҳои зарурӣ ва дархӯри замонро роҳандозӣ кунем.»

Ҳамчунин ба гуфти ӯ ҳадафи асосӣ ва ягонаи ДМТ расидан ба стандартҳои муосири байналмиллалӣ аст ва корҳои муҳиме дар ин самт ба сомон расидааст, ки яке аз онҳо пурра гузаштан ба низоми кредитӣ аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply