Имомхатибони дар хориҷ таҳсилкарда озод карда мешаванд, муфтӣ чи мегӯяд?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Чуноне сомонаи Ахбор менависад, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар шарҳи талаби Кумитаи дин дар мавриди аз мансаб озод кардани ходимони динии дар хориҷ таҳсилкарда гуфт, ҳар коре ки давлат анҷом медиҳад, ба хотири амнияти кишвар ва миллат аст ва «беҳуда қабул нашудааст.” Абдулқодирзода низ дар хориҷ, дар Покистон таҳсил кардааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси кунунии Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат бо хабаргузории «Авесто” талаби Кумитаи дин дар мавриди дар зарфи 15 рӯз аз мансаб озод кардани ходимони динии дар хориҷ таҳсилкарда гуфт, ҳар коре ки давлат анҷом медиҳад, ба хотири амнияти кишвар ва миллат аст: «Сулҳу субот аз ҳама чизи асосист. Агар Кумитаи дин ҳамчун ниҳоди масхул чунин қарор қабул карда бошад, пас он дуруст аст ва беҳуда қабул нашудааст.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки худаш ҳам таҳсилкардаи хориҷ аст ва соли 2000 Донишгоҳи Исломободро хатм кардааст, афзуд, ки «ба назари ман, дар ин маврид сухан дар бораи ҳамаи онҳое намеравад, ки дар вақташ дар хориҷ таҳсил кардаанд, балки дар бораи он меравад, ки тибқи кадом равияву ҷараёнҳо таълим гирифтаанд ва кадом равияро ҷонибдорӣ мекунанд.”

Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” аз номи муовини якуми раиси ин Кумитаи Амирбег Бегназаров ирсол шудани барқияи телефонии пурсарусадоеро, ки аз мақомҳояшон барканор кардани ходимони динии дар хориҷ таҳсилкардаро талаб мекунад, тасдиқ кард. Вале ҳамсӯҳбати «Ахбор” гуфт, ки Кумитаи дин мӯҳтавои ин барқияро шарҳ намедиҳад.

Сомонаи «Ахбор” имрӯз нусхаи ин барқияи телефониро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, вақтҳои охир даст задан ба ҷинояткорӣ аз ҷониби ходимони диние, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, баъзан ба назар ва мерасад” ва ба ин далел, онҳоро бояд озод карда, ба ҷояшон шахсони арзанда интихоб шаванд.

Аммо қарори маълум, раиси кунунии Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-ро Саидмукаррам Абдулқодирзода низ хатмкардаи донишгоҳи Исломободи Покистон аст. раиси кунунии Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода низ дар хориҷ – дар Покистон ва Арабистони Саудӣ ва раиси Донишкадаи исломӣ Тоҷиддин Асомуддинзода дар Эрон таҳсил кардааст.

Як масъули Кумитаи дин ба «Ахбор” гуфт, бояд байни таҳсили расмӣ ва ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои хориҷӣ фарқ гузошт. Вале манобеи сомонаи «Ахбор” ба ин нукта ишора мекунанд, ки ягон таҳсилкардаи мадрасаҳои ғайрирасмӣ дар мақоми имоматии масоҷиди Тоҷикистон кайҳо боз боқӣ намондааст. Аз тарафи дигар, дар барқияи Алибег Бегназаров дар умум тамоми ходимони диние, ки «дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил кардаанд” зикр шуда, ишорае ба таҳсили расмӣ ё ғайрирасмии онҳо нест.

Матни пурраи ин барқияи телефонӣ, ки ба дасти сомонаи «Ахбор” расид, чунин аст:

Ба раёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Барқияи телефонӣ

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир даста ба ҷинояткорӣ аз ҷониби ходимони диние, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, баъзан ба назар мерасад.

Бинобарин, хоҳиш карда мешавад, ходимони диниеро, ки муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишварро хатм намудаанд, аз мансаб озод карда, ба ҷои онҳо шахсони арзандаро интихоб ва барои мувофиқа дар мӯҳлати 15 рӯз ба Кумита пешниҳод намоед.

Муовини якуми

Раиси Кумита А.Бегназаров

Телефон барои маълумот: 221-70-56 ва 227 90 64

Хабар дод: сармутахассиси

Раёсати иттиҳодияҳои динӣ И.Бегалиев

Қабул намуд _____________________________

Дар солҳои охир рӯҳониёне, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, мавриди шубҳаи афзояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Танҳо дар соли 2016 ва танҳо дар як вилояти Суғд ҳудуди 20 имомхатибро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо «Ихвонулмуслимин” дастгир ва маҳкум ба зиндон карданд. Аз ҷумла моҳи майи соли 2016 5 имом – Алишер Олимов, Қобил Сангинов, Ғуфрон Анваров, Довуд Охунов ва Хуршед Боваров – дар вилояти Суғд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи «Ихвонулмуслимин» дастгир шуда ва 6-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Моҳи июни соли 2016 боз 7 имоми масҷидҳои маъруфи вилояти Суғд – Сулаймон Болтуев, Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсупов, Аббос Абдураҳмонов, Ҳусейн Тӯхтаев, Ҳамзаалӣ Султонов ва Маҳдӣ Болтаев – ба мӯҳлати аз 3 сол то 3 солу 4 моҳ бо айни иттиҳоми узвият дар «Ихвонулмуслимин” зиндонӣ шуданд.

Мақомоти вилояти Суғд гуфта буданд, ки ин имомҳо ҳама дастпарварони мактабҳои динии Арабистони Саудиву Миср – Донишгоҳи исломии Мадина ва Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира буда, солҳои 90, ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба «Ихвонулмуслимин” гароидаанд. Ба гуфтаи мақомот, баъди бозгашт ба Тоҷикистон низ онҳо аз «Ихвонулмуслимин” кумакҳои молӣ ва дастур мегирифтанд ва ба таблиғи ақидаҳои он созмони тундрав машғул буданд.

Моҳи сентябри соли равон Илҳомуддин Абдуллоев, имомхатиби масҷиди шаҳраки Чоруқдарон дар вилояти Суғд бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи Салафия дастгир шуд. Абдуллоев низ дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил гирифта буд. Бо чунин иттиҳоми салафиягароӣ алакай чандин имомхатиб дар Тоҷикистон ба зиндон андохта шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply