«Имкон 2015» -ро Нурбибӣ ба додгоҳ кашид

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Масъули ширкати “Имкон 2015”, ки Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеъ ва модари понздаҳ фарзандро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода буд, боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 12-уми октябр хабар доданд.

Аз ин масъул ном бурда нашудааст. Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин сокини 63-солаи Душанбе дар пайи шикояти Нурбибӣ Мансуров дастгир шудааст. Мудири “Имкон-2015” бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи мамлакат Нурбибӣ Мансуроваро ба шаҳри Риёзи давлати Арабистони Саудӣ бурда, муддати 1 солу 2 моҳ маҷбуран кор фармуда, музди меҳнаташро пардохт накардааст”, — гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯйи ин ҳолат бо моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “одамрабоӣ” парванда боз шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply