Хушдоманам талоқамро дод

Номаҳо, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандон ва мухлисони “Оила”. Дар шумораи гузаштаи ҳафтанома қиссаи сарнавишти духтареро бо унвони “Хушдоманам маро корд зад” хондаму ҳаёти талхи худам мисли навори кино дубора аз пеши назарам гузашт.

Як хеши дури падарам ба хонаи мо хостгорӣ омаду волидонам “духтарамон бегона нашавад” гӯён, дарҳол розигӣ доданд. Ман домодшавандаро танҳо як маротиба аз дур дидам ва ҳатто имкон наёфтам, ки бо ӯ суҳбат кунам. Тӯи ману Неъмат  дар байни 15 рӯз дар шаҳри Конибодом барпо шуд. Ду рӯз пеш аз тӯй аз забони ҳамсояҳо фаҳмидам, ки домод бачаи бадахлоқ аст ва чашми падари худашро зада кӯр кардааст. Ин хабарро ба падару модарам расонида гуфтам, ки ман ҳаётамро бо чунин авбош пайвастанӣ нестам, вале волидонам “ҳамсояҳо аз рашк туҳмат карда истодаанд” гӯён, ба гапам тамоман эътибор надоданд. Ночор ба тақдир тан дода, бо ашки шашқатор ба ҷавони бароям тамоман ношинос ба шавҳар баромадам. Волидонам маро бо ҷиҳози бисёр ба хонаи бахтам гусел карданд, вале ба ҷойи хушбахт шудан аз рӯзе, ки ба остонаи шавҳар қадам ниҳодам, бадбахтӣ ҳамсафари ҳаётам гашт. Ҳанӯз аз тӯямон се рӯз нагузашта, домод маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона зад, ки даҳону биниам пур аз хун шуд. Сабаби ғазабашро пурсидам. Шавҳарам иқрор шуд, ки  панҷ сол боз як духтараки ҳамсинфашро дӯст медорад, вале волидонаш ӯро зӯран бо ман хонадор кардаанд. Ин гапро шунида дуд аз димоғам баромад. Баъдтар маълум шуд, ки муносибатҳояшон бисёр наздик буда, падару модари духтар ҳамаашро медонистаанд ва шавҳарам ошкоро ба хонаи онҳо рафта меомадааст. Ҳамаи ин хабарҳоро шунида девона шудам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам баъди бо ман хонадор шудан низ духтарбозиашро идома дода,  ҳар шаб то қарибиҳои саҳар тариқи телефон бо Миҷгона ном духтараки 19-сола чақ-чақ мекард. Рашку алам маро дарун ба дарун сӯхта  хокистар кунад ҳам, лаб зери дандон гирифта ба ҳамааш тоқат мекардам, то ки зиндагиам вайрон шуда, номи бади бевагиро нагирам. Ҳомиладор шудам.  Дар дилам шуълаи умед пайдо шуд, ки шояд  хушхабари падар шуданашро шунида, ақли шавҳарам ба сараш мезанад ва ислоҳ мешавад, аммо хаёлам хом баромад. Ҳомиладории маро фаҳмида хушдоманам писарашро маҷбуран ба Русия ба мардикорӣ фиристод ва баъди рафтани шавҳарам бо ман исён бардошт, ки кӯдаки дар шиками ту буда аз писари ман нест. Гуфтам, ки каме тоқат кунед, ҳамин кӯдак таваллуд шавад, хунашро ташхис карда мебинем, ки аз писари шумо ҳаст ё не, вале модаршӯям аммаю холаҳоямро ҷеғ заду дар шоҳидии хушдоманкалонам ва чор ҳамсоя кӯчи маро ба мошин бор карда, дар чиллаи зимистон маро аз дар берун кард. Ин зани пояш ба лаби гӯр расида имкон надод, ки ман ақаллан як бор бо шавҳарам гап занам.  Пас аз хонавайрон кардани ман, хушдоманам овоза паҳн кардааст, ки келинам аз аввал нодухтар буд, барои ҳамин писарам талоқи ӯро дод. Ин гапро шунида аламам омад ва аз рӯйи ӯ ба милитсияи шаҳри Конибодом аризаи шикоятӣ навиштам. Кормандони мақомот аз хушдоманам пурсиданд, ки ба ин духтар бовар надошта бошӣ, барои чӣ аз аввал ӯро келин карда ба хонаат овардӣ? Модаршӯям лол монда дар ҷавоби ин савол чӣ гуфтанашро намедонист. Шавҳарамро аз ин моҷаро хабардор намуданд. Вай аз рафтани ман хабар надоштааст, вақте фаҳмид, ки аллакай кӯчу бандамро аз хонаашон бурдаам, ба ғазаб омада дод зад, ки чаро бе иҷозати ман ту ин корро кардӣ. Гуфтам, ки модарат худаш хешу таборамро ҷеғ зада, кӯчу бандамро ба мошин бор кард ва ба ҷойи ту маро талоқ дод, вале вай ба гапам бовар накарда, бештар оташин шуд, ки модари маро туҳмат карда истодаӣ.  Айни ҳол ман дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ ҳастам, шуъбаи  корҳои дохилии ноҳия бошад, нисбати хушдоманам парванда кушодааст. Ин сеюм маротиба аст, ки аз рӯйи хушдоманам парванда мекушоянд, вале ин зани ба мӯяш барфи пирӣ борида ба ҷойи сар ба ҷайби андеша кашидан дар бораи ман туҳматҳои нав ба нав мебофад. Асабҳоям аз гапу хабар ва иғвоангезиҳои модаршӯям вайрон шудаанд.  Ба ҳамаи хушдоманҳо гуфтаниам, ки мо, келинҳоро ҳам одам ҳастем ва дил дорем, илтимос, бо мо чун бо ҳайвон муносибат накунед!

Малика, аз шаҳри Исфара

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply