Хушдоманам ба ман нон намедод

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом “Оила”-и азиз! Хонандаи доимии ин газета ҳастам ва мехоҳам дарди диламро гуфта, аз хонандагони рӯзгордидаи ҳафтанома маслиҳат бипурсам.

Волидонам “қарзамонро тезтар дар назди Худованд адо намоем” гӯён, маро ба ҷавоне, ки ҳафт пушташро намешинохтам, ба шавҳар доданд. Мо ҳамдигарро надида хонадор шуда бошем ҳам, зиндагиамон дар ибтидо хеле ширин оғоз ёфт. Муносибати шавҳарам бо ман хуб буд. Аҳли оилаашон низ нисбати мани арӯсак ғамхору меҳрубон буданд. Фикр мекардам, ки Худованд хислату хӯйи неки маро дида, чунин бахти сафедро насибам гардонидааст, аммо…

Тақрибан пас аз ним соли хонадорӣ муносибати шавҳарам бо ман тағйир ёфта, ба сарам даст мебардоштагӣ шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам низ пӯстинашро чаппа пӯшида, ба ҳар корам эрод мегирифт. Эҳсос мекардам, ки кампир сояи маро аз девор метарошад ва пайти муносиб ёфта, ба писараш шӯрандозӣ мекунад. Аммо хотири мӯйи сафедаш гӯшамро ба кариву чашмамро ба кӯрӣ зада мегаштам. “Сабр кунӣ, аз ғурра  ҳалво мепазад” мегӯянд, аммо сабри ман меваи талх ба бор оварда, ҳолам дар ин хонадон торафт табоҳ  мегашт. Оқибат кор ба ҷое расид, ки хушдоманам тамоми маҳсулоти хӯрока ва ҳатто нонро қулф карда, калидро ба кисааш зада ба хонаи духтарҳояш мерафтагӣ шуд. Рӯзи дароз гуруснаю ташна мегаштам. Фишори хунам бар асари гуруснагӣ паст шуда, баъзан ҳатто аз ҳуш мерафтам. Шавҳарам ҳамаи инро бо чашми сараш медид, вале ҷуръат намекард ба модараш бигӯяд, ки барои чӣ шумо ба ҳамсари ман ин қадар ҷабр карда, ҳатто нони хӯрданӣ намедиҳед? Рӯзи дароз гуруснаю ташна гашта, хар барин кор кардану бар замми ин, шатта хӯрда, дашному ҳақорат шунидан оқибат косаи сабри маро лабрез гардонд ва қаҳр карда, таги як курта ба хонаи модарам омадам. Волидонам аввал сахт маро коҳиш намуда, хостанд дубора ба хонаи шавҳарам бурда монанд, вале вақте зиндагии сангинамро ба онҳо як ба як нақл карда гиристам, ҳуш аз сарашон парид. Наход дар ҳамин замонаи серию пурӣ одам ҳатто нонро аз келинаш руст кунад, мегуфт модарам ва лаб мегазид, аммо падарам зиндагӣ пастию баландиҳои бисёре дорад гӯён, пас аз чанд рӯз маро дубора ба хонаам бурданд. . Гумон доштам, ки баъди суҳбати ҷиддӣ бо волидонам шавҳару хушдоманам хатои худро фаҳмида, дигар бо ман дағалӣ намекунанд, аммо хаёлам хом баромад. Пас аз рафтани падарам шавҳарам маро зери мушту лагад гирифт, ки ту сирру асрори оилаи моро фош кардӣ. Ду моҳи дигар дар хонаи хушдоманам истода, рӯзи хушро надидам. Ягон рӯзе набуд, ки дар хонаи мо таънаю маломат, ҷангу ҷанҷол ва дашному ҳақорат набошад. Дидам, ки ин очаю бача одам намешаванд, чизу чораамро гирифта, боз роҳи хонаи модарамро пеш гирифтам. Шавҳарам дигар ба ман занг намезанад, дили худам ҳам аз чунин зиндагии сагона кайҳо мондааст. Мехоҳам ба суд ариза навишта, ақди никоҳамонро ҷудо кунам, вале падарам мегӯяд, ки вай духтарбонӣ карданӣ нест, чунки “духтарбонию хукбонӣ” гуфтаанд. Метарсам, ки баробари аз шавҳарам ҷудо шудани ман волидонам боз ягон девонаи дигарро ёфта, маро зӯран ба шавҳар медиҳанд, барои ҳамин дудила шуда, чӣ кор карданамро намедонам. Намехоҳам дар оғӯши ягон марди дигар бошам. Дугонаҳои азиз, илтимос, ба мани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Шаҳноза, ш. Душанбе    


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply