Худкушии устоди бадминтон дар Шаҳритус

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Прокуратураи вилояти Хатлон сабабҳои марги мармузи як омӯзгори фанни варзиш ва устоди бадминтон Ҳокималӣ Холмирзоеви 56-соларо мавриди тафтиш карор додаст.

Ҷасади Ҳокималӣ Холмирзоев, директори мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 4 ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи маҳаллӣ пайдо шуд. Фарзияи аввалини тафтишот ин аст, ки омӯзгор худкушӣ кардааст. Ҷасади  Холмирзоевро чанд варзишгар дар ҳудуди варзишгоҳи маҳаллӣ ошкор кардаанд, ки  овезон дар дор буд. Тафтишоти додситонӣ эҳтимоли мавҷуд будани мушкилотро дар зиндагиву кори устоди варзиш таҳқиқ мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply