Хуҷанд: Сабаби марги чаҳор нафар ош буд ё шароб

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба иттилои Озодӣ Дар остонаи Соли нави милодӣ чаҳор нафар дар маҳалла ё микрорайони 19-уми шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта ва чаҳор тани дигар ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Биноба иттилои раёсати корҳои дохилии Суғд, чӣ гуна заҳролуд шудани ин афродро ташхиси ҷасадҳои онҳо маълум хоҳад кард. Акбар Шарифов, сӯхангӯи сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд субҳи 2-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти додситонии шаҳри Хуҷанд ба санҷиши ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, «рӯзи 30-юми декабр маҳфили ҳамсояҳое, ки ба таҷлил аз Соли Нав дар наздии ҳавлии худ гирди дастархони идонаву палав ҷамъ омада буданд, бо фоҷиа анҷомид ва 4 нафар аз истеъмоли ғизо заҳролуд гашта ва 4 нафари дигар дар вазъи вахим ба бемористон бурда, бистарӣ карда шуданд.»

Аммо бар пояи фарзияи бархе сокинони маҳали ҳодиса, аҳли маҳфили солинавӣ аз нӯшидани шароби пастсифати дастисохт заҳролуд шудаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин афрод гӯё аз истеъмоли оши палав заҳролуд шудаанд. Чаҳор нафар ҳалокшудагон мардони синашон аз 57 то 67-сола буда, аз бистаришудагон яке зан мебошад.

Яке аз наздикони Тоҳир Носирови 56-сола, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, рӯзи душанбеи 1-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи шанбеи 30-декабр дар назди бинои шумораи 5-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи вай, ин афрод барои таҷлил аз Соли нав дар боғчаи назди ин хона, ки ба соҳибхонаҳо — як зану шавҳар тааллуқ дошта, аз солҳо ба ин тараф барои муштариён нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод мекардааст, ҷамъ омада ва оши палав пухтаанд.

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, қурбониён онҳое буданд, ки мунтазам ба ин маҳал рафтуомад доштанд. Ба гуфтаи вай, яке аз ин афрод дар ҷои ҳодиса ва дигарон дар пай ҷон бохтаанд. Ҷасадҳои ин афрод қабл аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 31-уми декабр ба хок супурда шудааст.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба манзилҳои наздикони фавтидагон рафта, ваъда додаанд, ки ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд. Бархе аз наздикони хонаводаҳои қурбониён мегӯянд, ки аз натиҷаҳои ташхис розӣ нестанд ва алайҳи соҳиби ин макон ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Чун ба бовари онҳо ҳанӯз ин чиз дақиқ нест, ки наздиконашон аз намаки ошии «натрия хлорид» ҷон бохтаанд ё аз истеъмоли шароби пастсифати дастсохт.

Тибқи гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир худи соҳиби маконе, ки аз чанд сол ба ин тараф барои мизоҷон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод мекардааст, низ бинобар заҳролудшавӣ, дар бемористон бистарӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки соли гузашта низ айнан ду нафари дигар дар чунин ҳодисаи мушобеҳ дар ин маҳал аз истеъмоли нӯшокии спиртӣ ҷон бохта буданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply