Хуҷанд: Мудири дорухона боздошт шуд

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мудири  дорухонаи яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки дар суиистифодаи беш аз 27 ҳазор сомонӣ маблағҳои корхона гумонбар мешавад, хабар додааст.

Тавре аз Вазорат иттилоъ доданд, зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, мудири  дорухонаи яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи сентябри соли 2015 то 25 майи соли равон бо суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ 23 ҳазору 703 сомониро, ки ба ҷамъияти мазкур тааллуқ дорад, аз они худ карда, барои эҳтиёҷоташ сарф намудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply