Хуҷанд: 7 соли оворагии кӯдаки 7-сола

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ман намехоҳам дар хонаи бобои модариям зиндагӣ кунам. Чунки дар он ҷо касе ба тайёр кардани дарсҳом ба ман ёрӣ намерасонад, ба кӯча баромадан намемонанд,  дар он яктоякак ҷӯра дораму халос. Вақте дарс тайёр карда аз модарам ё хонаводаи ӯ ягон чиро пурсам “медонистагӣ навису иқа савол нате” мегӯянд.

Агар аз хонаи бобои падариям ягон кас  диданӣ ё барои ба хонаи падарам оварданӣ равад маро дар хонаи дигар  пинҳон мекунанд, дарро ба рӯям қулф карда “то дарро накушоем овозатро набарор, ки бачақапак омадагӣ” мегӯянд.

Модарам баъди аз падарам ҷудо шудан ману укоям (додарам)-ро бо худаш бурд, аммо ман се бор гурехта боз ба хонаи падарам омадам. То дами ба хонаи худамон (хонаи падараш) расидан метарсидам, ки маро дар роҳ дошта барнагардонанд. Як бор вақти герухтан маро дошта ҷангкунон боз ба хонаи шавҳари модарам, ки дар  ҷамоати Ёва буд, бурданд. Бобои модариям омада маро таҳдид кард, ба сарам зад, ки “агар як бори дигар гурезӣ ин маротиба сахттар мезанам” гуфт- нақл мекунад кӯдаки ҳафтсола аз шаҳри Хуҷанд, Абӯбакр Ашрапов.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply