Хориҷиҳо барои пайванди гурда ба Тоҷикистон меоянд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз таҷрибаи пайвандсозии узвҳои бадани инсон дар кишвар ситоиш карда гуфтанд, ки ин таҷриба дар маҷмӯъ муваффақиятомез буд ва таваҷҷӯҳи муштариёни хориҷӣ ҳам афзудааст. Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайвандсозӣ анҷом шуда, дар 4 ҳолат марги беморон сабт шудааст.

Мавзӯи пайвандсозии узвҳо яке аз масоиле буд, ки рӯзи 11 январ дар нишасти матбуотии мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон матраҳ шуд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, таҷрибаи ду соли охири пайвандсозии узвҳо, ки дар аксар ҳолат марбут ба гурдаи инсон аст, муваффақиятомез буда, барои чунин амалиёт 27 шаҳрванди Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Лубнон ва Арабистони Саудӣ ҳам муроҷиат кардаанд. Файзалӣ Мавлонов,муовини мудири Маркази пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон гуфт, хориҷиҳо қимати анҷоми амалиётро барои худ муносиб дарёфта, ба кишвар омадаанд.

Мавлонов гуфт, арзиши тамоми хароҷоти амалиёт барои пайвандсозии гурда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 47 888 сомонӣ ва пайвандсозии ҷигар 118 000 сомонӣ мебошад. Ӯ гуфт, арзиши ин амалиёт «ҳатто бо тағйир ёфтани қурби доллар дар бозор ҳам дигар нашуд».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply