Хонаи гадо ҳам обод шуд… (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, НТМ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар бораи аҳволи бади оилаи Абдураҳмонавҳо ҳафтаи гузашта навишта будем. Ин ҳодиса дар ҷомеа вокуниши зиёдеро ба бор овард. Баъди ду рӯзи нашри ин мавод ба мо фарзанди ин хонадон- Бибигул занг зада, миннатдорӣ намуд ва  гуфт, ки “баъди дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва «Оила» нашр гаштани  аҳволи зиндагии мо  чандин нафар ба мо дасти кумак дароз намуд. Аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Ҳисор  низ устоҳо омада, хонаи нимколаи падарамро таъмир карданд”.

Мо низ дубора бар суроғи  ин хонавода рафтем. Дар рӯи ҳавлии мӯйсафед одамон ҷамъ шудаву дастаҷамъона хона обод мекарданд. Дар байни онҳо раиси ҷамоати Хоҷасиддиқ, раиси маҳалла, заминсози ноҳия (хеши муйсафед будааст) ҳозир буданд. Дер ҳам шуда бошад, муйсафед метавонад дар зимистони дар пешистода дар хонаи  рӯйпӯшшуда ба сар барад. Акнун  тирезаҳои хона шишадор шудаанд, деворҳо рӯйпӯш шудаву симҳои барқ ба тартиб даромада буд.

Нашри видеоӣ дар сомонаи tajikistantimes.tj  диққати шахсони зиёдро ба худ ҷалб намуд. Нафарони зиёд ба редаксия занг зада суроғаи Бобои Болтақулро   пурсуҷӯ намуданд. Бибигул ба  мо хабар дод, ки рӯзи гузашта гурӯҳи «Фонд таджика» орду равған, биринҷ, сабзӣ, макарон ва дигар лавозимоти хӯрока оварданд. Ҳамчунин нафарони зиёд ёрии молию пулии худро ба ин хонадон расониданд.

Бобои Болтақул ба ҳамаи он нафароне, ки ба ӯ кумак намуданд, миннатдорӣ баён намуд. Мо низ барои миннатдорӣ ба назди роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Ҳомидзода Бобосафар рафтем. Ҳарчанд Ҳомидзода аз вокуниш намудан даст кашид, аммо гуфт, ки ҳамаашро зери назорат мегирад, то хона пурра таъмир шавад.

Боз хуб мешуд, ки ҳамчун ягона сарпараст  набераи мӯйсафедро аз хизмат бармегардонд. Фикр мекунам, ки аз ҷониби Вазорати мудофиа  ин кор дастгирии хубе мебуд.

Дар хотимаи суҳбат Бобои Болтақул ба  ҳамаи нафарони хайрхоҳ ва марудуми Тоҷикистон  ва роҳбарони он дуои нек  дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply