Хоҳарон тоҷикбачаро бастанд, ғорат карданд ва куштанд

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Додситонии вилояти Уляновски Русия парвандаи ду хоҳарро, ки ба куштор ва ғорати муҳоҷири 24-солаи тоҷик айбдор мешаванд, барои муҳокима ба додгоҳ супурдааст. Ин ду хоҳар моҳи декабр бо ҷавони тоҷик ваъдаи мулоқоти ошиқона гузошта, ӯро буғӣ карда, куштаанд ва телефону кроссовкиашро ба яғмо бурдаанд.

Нашрияи интернетии 1ul.ru, ки рӯйдодҳои вилояти Уляновски Русияро пайгирӣ мекунад, бо такя ба маводи парвандаи ҷиноятӣ ҷузъиёти куштори як ҷавони тоҷики 24-сола дар мулоқоти ошиқонааш бо ду духтари маҳаллӣ дар шаҳри Димитровградро нашр кардааст. Дар қатли ин ҷавон Викаи 21-сола ва хоҳари 17-солааш Регина айбдор мешаванд.

Бино ба маводи парвандаи ҷиноятӣ, Вика дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавони тоҷик шинос шуда, баъди мукотибаи кӯтоҳе ба ӯ пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Вика гуфтааст, ки ҳамроҳи худ хоҳараш Регинаро ҳам мегирад ва ин ҷавон метавонад якборак бо ҳарду онҳо ишрат кунад.

Вика пешниҳод кардааст, ки дар ин мулоқоти ошиқона бозиҳои ҷинсӣ (ролевые игры)-ро озмоиш кунанд. Ҷавони тоҷик ибтидо ин пешниҳодро рад карда, хостори як мулоқоти муқаррарӣ шудааст, вале Вика бо ирсоли аксҳои маҳрамона ва акси тасмае, ки бо он мехост дасту пои ҷавонро бандад, билохира вайро розӣ мекунонад.

Нархи мулоқот – 1200 рубли русиро низ ҳарду ҷониб маслиҳат мекунанд ва ҷавони тоҷик як манзилро дар кӯчаи Славскийи шаҳри Димитровград барои ин мулоқот ба иҷора мегирад.

Шаби 23 декабр Вика ва Регина ба мулоқоти ин ҷавон, ки барояшон дастурхон ҳам ороста буд, меоянд. Онҳо ҷавони тоҷикро дар табуретка шинонда, дастонашро ба пушт бастанд ва чашмонашро ҳам пӯшонданд. Ҷавон мунтазири айшу ишрат буд, вале кор ранги дигар гирифт: Хоҳарон ба гардани ӯ банд андохта, буғияш карданд. Ҷавон талош кард, ки аз ҷо баланд шуда, худро наҷот диҳад, вале Вика ва Регина бандро дар гардани ӯ сахттар фишурда, ӯро ба рӯи фарш афтоданд, ки дар натиҷа бинияш ҳам хуншор шуд. Баъди чанд лаҳза ҷавони тоҷик аз нафас кашидан монд.

Ҳангоми фирор хоҳарон телефони мобил ва кроссовкии ҷавони тоҷикро бо худ гирифтанд. Вика телефонро барои фурӯш ба ломбард супурд ва кроссовкиро ба бародараш ҳадя кард.

Субҳи рӯзи дигар соҳиби хона ҷасади ҷавони тоҷикро пайдо кард ва ба пулис хабар дод. Ташхис нишон дод, ки дар гардани ӯ осори буғикунӣ дида мешавад, рӯяш пур аз захм аст ва биниаш ҳам ҳангоми часпу талош шикастааст.

Регина ва Викаро хеле зуд дастгир карданд. Ин ду хоҳар ибтидо исрор меварзиданд, ки қасди куштани ҷавони тоҷикро надоштанд. Онҳо мегуфтанд, ки худи ҷҷавон ба онҳо бозиҳои ҷинсӣ (ролевые игры)-ро пешниҳод кард ва онҳо аз ин тарсида, каме буғияш карданд, ки аз ҳуш равад. Ба гуфтаи онҳо, вақте аз хона мебаромаданд, ҷавон ҳанӯз зинда буд.

Вале мукотибаи Вика бо он ҷавони тоҷик, ки аз телефони мобилаш ёфт шуд, ин фарзияи хоҳаронро билкул рад кард. Аз ин мукотиба бармеомад, ки ташаббускори ҳам мулоқоти ошиқона ва ҳам бозиҳои ҷинсӣ худи Вика будааст.

Болои ин, дар телефони мобили яке аз ин хоҳарон аксҳои он ҷавони дасту пояш бастаро пайдо карданд, ки бархеаш то қатли ӯ ва бархеи дигараш алакай баъди куштани ҷавони тоҷик гирифта шудаанд. Хоҳарон ба тафтишот фаҳмонда натавонистанд, ки чаро ин ҷиноятро аксбардорӣ кардаанд?

Игор Рябов, прокурори калони додситонии вилояти Уляновск, ки дар додгоҳ аз тафтишот намояндагӣ мекунад, дар шарҳи ин парванда ба нашрияи 1ul.ru гуфт: «Ба хоҳари калонӣ барои ин куштор то 20 соли зиндон ва ба хоҳари хурдӣ ба далели ноболиғ буданаш то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.”

Додгоҳи вилояти Уляновск рӯзи чоршанбе бародари ҷавони тоҷики кушташударо бозпурсӣ хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе дар Димитровград ба додгоҳ шоҳидони ин ҳодиса даъват хоҳанд шуд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply