“Хитой бозор” ҳам баста шуд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Шаҳрдорӣ дар тасмими тахриб шудани бозор гуфтааст, ки он мутобиқ ба меъёрҳои бозори замонавӣ набуд ва ба ҳамин хотир бояд бардошта шавад. Садҳо тоҷир макони кору тиҷорати худро тарк мекунанд.“Шанхай бозор”, ки дар миёни мардум бештар бо номи “Хитой-бозор” маъруф аст, аз субҳи рӯзи 4 декабр фаъол набуд.Дар Душанбе дар давоми даҳ соли охир тасмими бардошта шудани чандин бозор, аз ҷумла, “Шоҳмансур”, “Баракат” ва дигарҳо ба иҷрои нақшаи кулли навсозии симои шаҳри Душанбе рабт дода шуд. Дар ояндаи наздик қарор аст дар ҷойи бозори «Баракат» театри миллӣ ва дар ҷои «Шоҳмансур» — маркази навсохти савдову тиҷорат бунёд шавад.Зуҳри рӯзи душанбе дарвозаҳои бозор баста ва мӯҳрзада буданд. Кормандони интизомӣ ба вуруди харидорон ва фурӯшандаҳо ба ин бозор монеъ мешуданд. Аз пушти дарвоза мушоҳида мешуд, ки бархе аз фурӯшандаҳо моли то ҳол ба фурӯш нарафтаи худро ҷамъоварӣ карда, ба беруни бозор мебароварданд. Тахриби ғурфаҳо ва ҳам дӯконҳо аз даромадгоҳ шурӯъ шуда аз бархе фурӯшгоҳҳову ошхонаҳо аллакай нишоне намонда буд. Садҳо нафар харидорон аз субҳ назди бозор ҷамъ шуда, дар дарвозаҳои он эълони насбшудаи қатъи фаъолияти онро медиданду, ночор дунболи корҳои дигари худ мешуданд. “Хитой бозор” як макони тиҷорати молҳои нисбатан арзону дастраси маҳсулоти хоҷагӣ ва ғизо буд. Шумори тоҷирони машғул бо кораш дар 7 соли мавҷудияташ беш аз 500 нафарро ташкил медод.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к ““Хитой бозор” ҳам баста шуд

  • Ин гуна бозор барои инсонхои мутамаддин аслан даркор нест, балки дарди сар аст, ин гуна бозорхо макони фиреби мардуми бечора ва макони сарвати харом дарёфт кардани тудаи маккорон аст. Тасмими шахрдори комилан кобили дастгирист. Бигзор дар хамон кадом як айлок ташкил кунанд ин гуна бозорхоро. Дар Душанбе бояд чои бозорро гипермаркет, супермакретхои замонави бигирад, бозори имрузаи мо мутаассифона чои обрурези, дуругу фитна аст, чизи дигаре нест. Тамоми бозорхо аз пойтахт бояд дур афканда шаванд. Ба худо касам баъзан бо мехмонони хоричи аз назди хамин бозорхо вакти гузаштан шарм медори ва агар мабодо ки онхо хохиши аз бозор дидан кунанд.

Leave a Reply