Хатлон: Чӯпонҳои қотилро аз 25 то 27 сол зиндонӣ карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Додгоҳи вилояти Хатлон се чӯпон аз хонаводаи Бадалиевҳоро бо ҷурми куштани ду чӯпони дигар ба мӯҳлати аз 25 то 27 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Бадалиевҳо барои замини чарогоҳ ва чоҳи об бо чӯпонҳо аз хонаводаи Наибовҳо муноқиша карда, Шоназар Наибов шадидан латукӯб карда, домоди Наибовҳо – Т. Додарбековро бо таёқ зада-зада куштаанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Бадалиевҳоро ҳанӯз се моҳ пеш – 4 июл – содир кардааст, вале маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ин парвандаи куштори бераҳмонаро тоза рӯзи 17 октябр нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, ки Бадалиев Ф.Ж. Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеи доманакуҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизми ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ба чарондани молҳои калони шохдор, маӣда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ машғул буданд. Дар ин мавзеъ бародарон Наибовҳо, Наим, Раҳим, Шоназар ва домоди онҳо Додарбеков Т.М., низ бо нигоҳубини чорво машғул будаанд. Дар миёнашон дар заминаи истифодаи чapoгoҳ ва чоҳи оби нӯшокии чорво муноқиша cap задааст.

Дар натиҷа, соати тақрибан ҳашти субҳи 8 ноябри соли 2016 «сарчӯпон Бадалиев Ф.Ж.,Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеъи номбурда бо Наибов Ш. вохурда, дар заминаи хусумати қаблии доштаашон бо ӯ муноқиша карда, аввалан Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо асочуби чупониашон ба пушти сару миёну поӣҳои Наибов Ш. зарбаҳои бешумор зада, сипас Бадалиев Ф.Ж. бо асочубаш бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, ба қисми болоии сари Наибов Ш. зада, ӯро аз поӣ афтонида, дар натиҷа Наибов Ш. аз зарбаҳои зиёди бешумор, аз ҳуш рафта ба дохили чоҳи обгирӣ афтидааст. Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар дохили чоҳ низ Наибов Ш.-ро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ба дунболи ин, Бадалиевҳо дар фикри куштани Т.Додарбеков, ки тахминан 400 метр дуртар аз маҳалли латукӯби Шоназар Наибов ба чарондаи чорво машғул буд, афтода, «байни худ маслиҳат карда, аз паӣи то охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ, ба назди Додарбеков Т. рафтаанд. Бадалиев Ф.Ж. бо таёқи худ ба сари Додарбеков Т.М., зарба задааст, ки дар натиҷа Додарбеков Т.М., ба замин афтидааст. Бадалиев Ҷ. ва Бадалиев И. боз амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, бо таёқҳои дар даст доштаи худ ба қисми паси сар, миён ва поӣҳои Додарбеков Т. зарба зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум карданд.

Додситонии Хатлон рӯзи 25 декабр ба зидди Бадалиевҳо бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушод. Коллегияи судии вилояти Хатлон рӯзи 4 июл сарчӯпон Ф.Ж.Бадалиевро, ки дар ин ҷиноят нақши раҳбарикунандаро бозӣ кардааст, бар асоси моддаҳои 32, қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «з” ва 104 қисми 2 банди «з» ба 27 соли зиндон маҳкум кард.

Бародари ӯ И.Ж.Бадалиев ва бародарзодааш Бадалиев Ҷ.А. бар асоси моддаҳои 32, қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «з” ва 104 қисми 2 банди «з» 25 сол ҳукми зиндон гирифтанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply