«Гурги танҳо»-ву дузди собиқадор

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ду дузди ашаддӣ дастгир шуданд. Даврон Мадалиев ва Ҷамшед Сатторов даст доштани худ дар 14 дуздиро иқрор кардаанд. Ҳардуи онҳо тоза 4 моҳ пеш бар асоси қонуни афв аз маҳбас озод шуда будаанд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) мегӯянд, 14 дуздии дар моҳҳои сентябр – декабри соли 2016 содиршуда дар ҳудуди ин шаҳри воқеъ дар канори Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғдро ошкор кардаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин 14 дуздӣ ду марди қаблан судшуда дастгир шудаанд.

Ин ду гумонбар – Даврон Бароталиевич Мадалиев, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати Фархори ноҳияи Фархор ва Ҷамшед Ҷаъфарович Сатторов, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд тоза дар моҳи сентябри соли 2016 бар асоси қонуни афв озод шуда будаанд. Сатторов бо вуҷуди ҳамагӣ 26 сол доштанаш алакай се маротиба пушти панҷара нишаста, инак барои бори чорум равонаи зиндон мешавад.

Капитан Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар як гузориши муфассал, ки рӯзи 11 январ дар сомонаи вазорати корҳои дохилӣ нашр шуд, мегӯяд, Ҷамшед Сатторов дар 9 мавриди дуздӣ ва Даврон Мадалиев дар 5 маврид гумонбар мешаванд.

Сухангӯи пулиси Суғд Ҷамшед Сатторовро «гурги танҳо” дар саҳрои ҷиноӣ ном мебарад: «Кисабурӣ дар бозор ва дуздӣ дар манзилҳои истиқоматӣ бо усули яккатозӣ, яъне анҷом додани амалҳои ҷиноятӣ дар танҳоӣ ба гумонбаршаванда Сатторов Ҷ.Ҷ., нисбат дода мешавад.Ҳамён, телефони мобилӣ ва пули нақдро гумонбаршаванда Сатторов Ҷ.Ҷ., аз ҷайби шаҳрвандон медуздид, вале ҳангоми ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ танҳо ба пули нақд, тилловорӣ ва таҷҳизотҳои компютерӣ таваҷҷӯҳ мекард.

Ҷамшед Сатторов дар муддати ҳамагӣ 4 моҳи гузашта аз раҳоияш аз зиндон 6 маротиба дар ҳудуди бозорҳои «Панҷшанбе» ва «Ҷумъабозор»-и шаҳри Хуҷанд, бозори «Сомон»-и шаҳри Бӯстон ва «Атушбозор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст ба кисабурӣ зада, дар се мавриди дигар хонаҳои мардумро дар Бӯстон ғорат кардааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи Акбар Шарифов, Ҷамшед Сатторов рӯзи 7 декабр тавассути девори ҳамсоя вориди ҳавлии рақами 5 дар кӯчаи Х.Беков шуда, қуфли дарро мешиканад ва аз ин хона тиловорӣ ба маблағи 2900 сомониро ба яғмо мебарад. Аз ирн қабл, Ҷамшед Сатторов рӯзи 26 сентябр аз ҳавлии рақами 78 дар кӯчаи Р.Набиев як ноутбуки тамғаи «Леново”, арзишаш 1500 сомониро дуздидааст.

Аммо Даврон Мадалиев, ба фарқ аз Ҷамшед Сатторов худро бо кисабурӣ саргардон намекард, балки сирф ба дуздии хонаҳо машғул буд. Акбар Шарифов, сухангӯи пулиси Суғд мегӯяд: «Гумонбаршаванда услуби ба худ хос дошта манзилҳоеро интихоб мекард, ки дарвозаи қулф карда доштанд. Аз рӯи нишондоди гумонбаршаванда дарвозаи қулфкардашуда нишонаи касе дар хона набуданро дошта, имконияти қулай барои анҷоми ҳаракатҳои ҷиноӣ мегардид.Бо ҳамин шева гумонбаршаванда 5 ҳавлии истиқоматии беназоратро, ки соҳибонаш бо сабабҳои гуногун дар хона набуданд, ҳадаф қарор додааст. Хамаи ҷиноятҳо рӯзона содир шудаанд.”

Аз ҷумла Даврон Мадалиев дари як ҳавлӣ дар кӯчаи Бекови шаҳри Бӯстонро пӯшида дида, дар рӯзи равшан вориди он хона мешавад ва ороишоти тилоии занона ба маблағи 40 ҳазор сомониро ба яғмо мебарад. Ҳамин тавр, ӯ аз ҳавлии рақаами 102А дар кӯчаи Краснознамённая «ғанимат”-и Даврон Мадалиев тиловорӣ ба маблағи 10 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ӯ 12 ноябр ҳамин тавр «пинҳонӣ ба ҳавлии №10 воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Бӯстон ворид гардида, ноутбук ва телефони мобилиро тасарруф менамояд.”

Ҷамъи «ғанимат”-и ин дузди касбӣ аз 5 дуздиаш дар 5 моҳи охири соли 2016 дар шаҳри Бӯстонро пулис ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 9000 доллар баровард кардааст.

Ҳоло алайҳи Ҷамшед Сатторов ва Даврон Мадалиев бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин банди қонун дар сурати такроран даст ба дуздӣ задан ҳамчун муҷозот то 8 соли зиндон бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Акбар Шарифов, сухангӯи пулиси Суғд мегӯяд, бо вуҷуди афв шудану ба озодӣ расиданд боз ҳам ислоҳ нашудану ба «касб”-и кӯҳнаашон идома додани ин ду гумонбар «маънии ба қадри ҳаёти осоишта нарасиданро низ дорад. Дар сурате, ки чунин аст, пас ҷои ин нафарон боз маҳбасхона хоҳад буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply