Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Душанбе омад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки худи ҳамин рӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом диҳад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply