Гулрӯ Табарова: Дискоман нестам!

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

 Гулрӯ Табарова бо садои ширин ва таронаҳои дилнавозаш марҳами дили ошиқон гаштааст. Вақтҳои охир Гулрӯ дар саҳна бисёр камнамо бошад ҳам, меҳраш аз дили мардум нарафтааст.

Ҳаводорони ҳунараш ин паричеҳраи ширинсадоро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд ва аз фурсат истифода бурда, мо ин бонуи ҳунармандро ба идораи ҳафтаномаи “Оила” даъват кардем, то аз навигариҳои ҳаёташ хабардор гардем.

 

-Вақтҳои охир шуморо хеле кам мебинем. Сабаби худро ба гӯшаи танҳоӣ кашиданатон чист?

-Акаи Рустам, ба фикрам худи шумо бисёр кам телевизор тамошо мекунед. Тез-тез набошад ҳам, баъзан ман тариқи шабакаҳои телевизионии “Душанбе HD» ва “Синамо” баромад мекунам. Сурудҳоям дар радио низ садо медиҳанд.

-Рост мегӯед, бисёр серкор ҳастам ва вақти шабу рӯз дар назди оинаи нилгун нишастан надорам, вале радиоро гӯш мекунам. Чанд сурудатонро аз радио шунидам, аммо муроди ман аз ин савол тамоман чизи дигар буд…  

-Ман шумо, журналистонро панҷ панҷаам барин медонам. Дар бораи ман боз ягон гап шунидаед ва суханро аз дур оғоз карда, мехоҳед ҳақиқатро фаҳмед…

-Қурбони аҳли фаҳм шавам!

-Овозаи шунидаатонро тезтар гӯед, ки мекафам!

-Мегӯянд, ки шуморо фотиҳа карда будаанд, вале домодро маъқул накарда, пеш аз тӯй бо як ҷавони хуҷандӣ ба Олмон гурехтаед…

-Ман бо як ҷавон ба Олмон  гурехтам?! (Қоҳ –қоҳ зада механдад!) Худоё, одамон ҳамин гапҳоро аз куҷо мебофта бошанд-а?! Маро на бо касе фотиҳа карданду на бо ошиқам ба ягон ҷо фирор кардаам. Умуман, синну солам ба 27 расида бошад ҳам, то имрӯз ман чӣ будани ишқу ошиқиро намедонам.

-Боварам намеояд, ки чунин духтари зебою машҳур лаззати ишқу муҳаббатро начашида бошад….

-Медонед, қиссаи бевафоии ошиқонашонро аз забони духтарҳои фиребхӯрда бисёр шунида, дили ман аз ишқу муҳаббат хунук шуд. Намехоҳам барои ким-кадом як марди номард оби дида рехта шинам. Беҳтараш вақтамро сарфи эҷоди таронаҳои дилнавоз карда, ҳам худам баҳра мебарам ва ҳам хотири дигаронро шод месозам.

Ошиқ нашудаам мегӯед, вале дар клипи дар Дубай ба навор гирифтаатон ба сӯи он ҷавони қаиқрон чунон нигоҳҳои ошиқона меафканед, ки бечора обу адо шуда, қариб ба баҳр афтида буд…

Он ҷавони ситорагарме, ки шумо мегӯед, модели афғон аст. Танҳо ба хотири ҷолиб баромадани суруд мо ӯро дар клип ҳамчун ошиқ ба навор гирифтем. Дар асл моро чизе бо ҳам намепайвандад.

-Аз байни санъаткорони тоҷик шумо аз ҳама бештар бо афғонҳо дӯстӣ доред. Сирри ин муҳаббатро донистан мехостем…

–Ин ҷо ягон сирру асрори пинҳонӣ нест. Афғонҳо садои маро дӯст медоранд ва баъзан наздам омада, ҳамчун мухлис бо ман суҳбат мекунанд. Сабаби дилбастагиашонро ба сурудҳои банда намедонам, шояд садои ман ба садои сарояндаҳои афғон монандӣ дошта бошад…

 

-Аксари сарояндаҳои ҷавон шабҳо дар дискоклубҳо суруд хонда,  бо ҳамин роҳ пули калон кор мекунанд. Гулрӯ дар кадом дискоклуб месарояд?

-Аслан, ман дискоман нестам, вале баъзан дӯстони ҷониам маро даъват мекунанду ба хотири наранҷиданашон рафта, ду-се суруд мехонам.

Чанд бор тариқи вайбер ва ватсап ба шумо навиштам, вале ҷавоб надодед. Чаро?

Бисёриҳо мисли шумо мегӯянд, ки дар “Оdnoklassniki» ё «Fasebook» менависем, чаро ҷавоб намедиҳӣ ё гапҳои дағал мезанӣ. Кадом Гулрӯи дигар аз номи ман менависад. Ба ҷуз Инстаграмм, ки се моҳ қабл дар он саҳифаи шахсӣ кушодам, ман дигар ягон намуди сомонаро истифода намебарам.

-Гулрӯ, симои шумо ба актрисаҳои ҳиндӣ монанд аст. Магар модаратон ҳинду аст?

-Волидонам тоҷики тоза ҳастанд. Чаро шумо маро ба ҳиндуҳо монанд кардед, ҳайронам, охир онҳо табиатан сиёҳу ман сафедпӯст ҳастам…

-Чашму абрӯи ҳиндувона доред, нигоҳҳоятон ҳам ба нигоҳи ошиқкуши актрисаҳои Болливуд монанд аст, ғайр аз ин сурудҳои ҳиндиро бисёр тоза месароед, барои ҳамин пурсидам, ки бо ҳиндувон ягон робитаи хешу таборӣ доред ё не…

-Чашму абрӯямро худованд чунин офаридааст, бо забони тозаи ҳиндӣ суруданам бошад, самари машқҳои пайваста аст. Як суруди ҳиндиро пеш аз сабт се-чор ҳафта машқ мекунам, то ки ноҷур набарояд.

-Шунидем, ки бо кадом як дугонаи ҳампешаатон гапатон гурехтаасту ногап ҳастед…?

-Ман духтари ҷанҷолӣ ва шаттоҳу ҷангара нестам. Ба баду неки ягон кас кор надорам. Дар умрам ба касе ҳасад набурдааму намебарам. Ҳаволаи одамони бадро ба Худо месупорам, чунки хуб медонам, худованд дергири сахтгир аст ва ягон гуноҳро бе ҷазо намемонад.

-Гулрӯ, ҳар як инсон аз хурдӣ дар дилаш ягон орзуи ширинро мепарварад, масалан, ман аз давраи кӯдакиам орзу мекардам, ки журналист шавам. Шумо чӣ орзуҳо доштед?

Ман дар дилам ду орзуи бузург доштам-мисли сарояндаҳои ҳинду суруд хондан ва дар филмҳо нақш бозидан. Худоро шукр, ба як орзуям расидам, танҳо дар кино нақш офаридан мондаасту халос. Умедворам, ки ин орзуям низ ягон рӯз ҷомаи амал мепӯшад.

-Дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки сарояндагӣ шуғли писандидаам буд, вале орзуи касби дигарро доштам…?

-Бале, зиёд мехостам духтур шавам, вале худованд маро бо дунёи ҳунар пайваст.

-Шунидем, ки хонаи нав харидаед. Кай бӯрёкӯбон мекунед?

-Бале, аз биноҳои навсохт хона харидам. Насиб бошад, таъмирро, ки тамом кардам, кормандони “Оила”-ро ба бӯрёкӯбон даъват мекунам.

-Боз як чизи дигарро аз шумо пурсидан мехоҳаму метарсам, ки сахт меранҷед…?

-Бемалол пурсидан гиред, гуфтам-ку ман духтари ҷанҷолӣ нестам!

Мегӯянд, ки як шайхи бисёр сарватманди араб ба Гулрӯ ошиқи шайдо шудааст ва шумо ишқи ӯро қабул карда, гоҳ дар ин ҷо ва гоҳ дар Дубай зиндагӣ мекунед…?

Ин овоза ба гӯши худам ҳам расида буд, вале асоси воқеӣ надорад. Шайхи араб, агар писандам мебуд, вақти клипи “Дар боғ мехиромӣ”-ро сабт кардан, муҳаббаташро қабул мекардам. Тоҷиконро монда, ман ҳеҷ гоҳ арӯси ким-кадом шайхи шаҳватпарасти араб намешавам!

-Гулрӯ, раваду дар озмун ғолиб наоед, хафа намешавед?

-Дар озмун иштирок кардан худаш ғалаба аст. Ғолиб наоям ҳам, ман руҳафтода намешавам, чунки ҳамааш аз тақдиру насиб вобаста аст. Худованд дар пешонии касе, ки ғалабаро навишта бошад, ҳамон ҳунарманд ғолиб меояд.

-Дар охир ба ҳаводоронатон чӣ гуфтаниед?

ан қариб 6 сол боз бо ягон рӯзноманигор суҳбат накарда будам, вале имрӯз қусури шашсоларо бароварда, тамоми сирру асрори диламро ба шумо гуфтам. Ягона хоҳишам аз мухлисон ҳамин аст, ки ба ҳар хел овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд. Гулрӯ на арӯси шайхи араб аст, на ягон ошиқи афғон дорад ва на бо касе ба Олмон гурехтааст. Ман дар ҳамин ҷо, дар Тоҷикистони азизамон ҳастам ва шабу рӯз заҳмат кашида истодаам, то ки барои ҳаводорони суруду мусиқӣ таронаҳои дилчасп эҷод намоям, чунки вазифаи ҳунарманд хуш гардонидани табъи мардум аст.

Саломат бошед!

Суҳбаторо: Р.Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Гулру умуман овоз надорад. Ба хунарманд ном бурдани у хандаовар аст. Умуман талант надорад.

  • ГУЛРУ ШУМО БОЯД ДИСКОМАН НЕЮ ДИСКОВУМАН МЕГУФТЕД ЗЕРО МАЪНОИ КАЛИМАИ МЕН МАРД АСТ ЯЪНЕ МАРДИ ДИСКОТЕКА МЕРАФТАГИ АММО ВУМАН БОШАД ЗАН МЕБОШАД

  • МУХТАРАМ ТАМОШОБИН ТАЛАНТ ДАРКОР НЕСТ ХОЗИР ЗАТО ФИГУРАШ ХАРАЙ КИФОЯ АСТ ДАР ХАМИН СУРАТ НИГОХ КУН ФИГУРАШ ХАЙВОН АСТ

Leave a Reply