Гулдухтари тоҷик «Мисс Азия 2017» шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шаҳри Кочини (иёлати Кералаи) Ҳиндустон бахши ниҳоии озмуни байналмилалии зебоӣ таҳти унвони «Мисс Азия 2017» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 40 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Дар озмун Тоҷикистонро Моҳинур Замирова, хатмкардаи риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ намояндагӣ намуд.

Бузургтарин озмуни байналмилалии зебоӣ «Мисс Азия-2017» ғолибони давраҳои интихобии минтақаҳои мухталифи дунёро гирди ҳам оварда буд.

Моҳинур Замирова дар ин озмун мақоми аввал касб карда, соҳиби дипломи бахшҳои «Хонуми мавриди таваҷҷуҳи бинандагон» ва «Хонум бо мӯйҳои зебо» гардид.

Дар бахши «Хонуми мавриди таваҷҷуҳи бинандагон» Моҳинур шумораи зиёди овозҳоро соҳиб шуд. Маълум гардид, ки 50 ҳазору 967 бинанда аз тамоми дунё ба ҷонибдории ӯ раъй додаанд. Дар ин замина, ӯ сарвари бахши мазкур маҳсуб ёфта, аз рақибони асосии худ- Чин ва Ҳиндустон пеш гузашт.

«Ғалабаи худро ба Рӯзи Парчами давлатии  кишвари зебоям-Тоҷикистон  ҳадя месозам», -мегӯяд Моҳинури зебо.

Лозим ба ёдоварист, ки Моҳинур ҳамчунин барандаи Тоҷи ин озмун ва сертификати унвони расмии «Мисс Азия Таджикистан-2017» гардидааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply