Ҷӯгизан шавҳарашро кушт

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

 Вируси шавҳаркушӣ ба лӯлиҳо гузашт?

Ҳодисаҳои нангини занкушию шавҳаркушӣ тӯли се-чор соли охир дар кишварамон хели зиёд рӯй дода, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта буданд. Акнун ин вирус ба лӯлӣ, яъне ҷӯгиҳои муқими Тоҷикистон низ гузаштааст.


Шоми 4-уми декабри соли 2017, Шоҳсанам Баҳронова, сокини 22-солаи шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз қавми лӯлӣ будааст, шавҳари 22-солааш Ҷонибек Остоновро бо зарби корд кушт. Аз рӯйи гуфтаи мақомот ин ҳодиса дар натиҷаи як моҷарои оилавӣ ба вуқӯъ пайваста, лӯлидухтар дар сари қаҳру ғазаб бо корде, ки бо он картошка пок мекардааст, ба тани шавҳараш мезанад. Ҳамин як зарби корд кофӣ буд, ки риштаи умри ин ҷавони навхат канда шавад. Ҷонибек Остонқулов дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд.

Аксари занҳои тоҷик дар шавҳаркушӣ ва баҳсу моҷарои оилавиашон бекорӣ ва ба муҳоҷират рафтани мардонро гунаҳкор месозанд, вале барои қавми лӯлӣ кор накардани мард як чизи маъмулист. Аз рӯйи одати бобоии ҷӯгиҳо таъмини оила вазифаи зан аст. Лӯлидухтарон  хуб медонанд, ки баробари нӯшидани оби никоҳ бояд масъулияти хӯрондану пӯшондани шавҳарро то нафаси охирин бар дӯш бигиранд. Пас, чӣ боис гаштааст, ки ҷӯгидухтари 22-сола ба сари шавҳараш корд кашад?-Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо дар ҷустуҷӯи пайвандони ин хонавода афтидем.

                   Лӯлихона ё ахлотпарто?

Пурсида-пурсида, мо ба маҳаллае омадем, ки аз рӯи гуфти одамон дар он ҷо қавми лӯлиҳо зиндагӣ мекардаанд. Баробари ба ин макон сар халондан ҳуш аз сарамон парид. Боварии кас намеомад, ки дар асри 21 ҳам чунин кулбаҳои вайрону валангор вуҷуд доранд ва чунин фасли сард дар ин чуғзхонаҳо олитарин зот-ИНСОН зиндагӣ мекарда бошад. Аз бӯйи бади манфури ин ахлотсарой дилам беҳузур шуда, қариб буд, ки хӯроки субҳ хӯрдаамро партоям. Ба хотири кор даҳону биниамро бо рӯймол маҳкам печонда, дари чанд хонаи лӯлиҳоро, ки баъзеашон чӯбину баъзеи дигарашон латтагӣ буданд, кӯфтам, вале ҷӯгиҳо забон як кардагӣ барин, тӯтивор як гапро такрор мекарданд: намедонам!

Дидам, ки то намози шом ҳамин хел дар ба дари лӯлиҳо гардам ҳам, ягон мурод ҳосил намешавад, роҳи ШВКД-и ноҳияро пеш гирифтам, то ки суроғаро аз онҳо аниқ гирифта, баъд биёям, вале дар нимароҳ аз пешорӯям марди тахмин 50-55- солае баромад. Ҳарчи бодо бод гӯён, аз ин роҳгузар макони сар задани ҳодисаи нохушро пурсон шудам.

-Духтарам, дар ҳақиқат он зане, ки шӯяшро кушта буд ҷугӣ аст, аммо вай аз ин маҳалла нест. Намедонам, ки авлодашон ин ҷо бошанд ё не, вале худашон дар кӯчаи Садовая зиндагӣ мекарданд,-гӯён мард ба ман маслиҳат дод, ки ба нақлиёт нишаста ба он маҳалла равам.

                          Журналистро сагҳо пора-пора мекарданд, агар…

Ниҳоят, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд суроғаи хонаи ҷӯгизани шавҳаркушро ёфтам. Шоҳсанам ҳамроҳи шавҳари раҳматиаш Ҷонибек дар кӯчаи “Садовая-10” зиндагӣ мекардаанд. Чанд бор садо карда бошам ҳам, дар ҷавоб касе овоз баланд накард. Бо гумони он ки шояд садои маро намешунаванд, даричаро кушода ба ҳавлӣ даромадам. Нав поямро ба саҳни ҳавлӣ гузошта будам, ки якбора балои аз таги замин баромадагӣ барин, ду саги калон аккосзанон ба тарафи ман давиданд. Сагҳо чунон бадвоҳима ва бадхашм буданд, ки бо диданашон ба дасту поям ларза афтида, қариб монда буд, ки ҷон аз танам барояд. Доду войкунон қафо гашта, ҷонҳавл худро ба сӯйи хонаи ҳамсоя задам. Соҳибхоназан дар рӯйи ҳавлӣ равған доғ мекардааст. Бечора аз доду фиғони ман тарсида, қариб буд, ки ба даруни деги равған афтад.

-Холаҷон, ин сагҳои ваҳшии ҷӯгиҳо қариб маро пора-пора мекарданд, -худамро ба оғӯши зани ношинос партофта, гуфтам канда-канда.

Зан, ки тоҷик будааст, черпаки дасташро ба рӯи табақ гузошта ба ман як пиёла об дод ва сабаби ба хонаи ҷӯгиҳо даромаданамро пурсид.

-Ман журналист ҳастам, аз газетаи “Оила” барои таҳқиқ кардани ҳамин ҳодиса омадам,-Пас аз нӯшидани об каме ба худ омада гуфтам ман ва сабаби моҷарои Шоҳсанамро бо шавҳараш пурсон шудам.

-Хоҳарҷон, худатон хуб медонед, ки расму русум ва зиндагии ҷӯгиҳо аз мо ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳамсоя бошем ҳам, мо ба хонаи ҳамдигар даро-баро надорем. Фақат ҳамин қадарашро медонам, ки ин зану шӯй ҳеҷ бо ҳамдигар муросо карда наметавонистанд. Аз субҳ то шом сагу пишак барин ҳамдигарро хоида, доду вой мекарданд, оқибат низоъ ва ҷангу ҷанҷол ба сари ин оила бало овард. Зан шавҳарашро кушта ба зиндон афтид. Акнун дар кулбаи вайронаи онҳо фақат ҳамин ду саги бе забон мондаасту халос. Худоро шукр гӯй, ки ба чангашон наафтидӣ, вагарна ин сагҳои чанд рӯз боз гурусна туро як луқмаи хом мекарданд, -гуфт зан оҳи сард кашида.

Аз ҳамсоязан дар куҷо зиндагӣ кардани падару модар ва хешу табори Шоҳсанаму Ҷонибекро пурсон шудам.

-Падару модар доранд ё надоранд, ба мо маълум нест, чунки танҳо зиндагӣ мекарданд,-гуфт зан ва аз паси кору бори худаш шуд.

                                    Мақомот чӣ мегӯяд?

Ин ҳодиса тахминан соати 18:00 дақиқа рух додааст. Баҳронова Шоҳсанам, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо шавҳараш Остонов Ҷонибек Юлдошевич, соли таваллудаш 1995 дар ҳавлии истиқоматияшон, ки дар кӯчаи Садовая-10-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошад, аз сабаби нофаҳмии ба миён омада ҷангҷол карда, бо корди хоҷагидории дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст. Дар натиҷа Остонов Ҷонибек ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ мешавад. Шаби 4-ум ба 5-уми декабри соли 2017 Остонов Ҷонибек аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ҷон дод. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Баҳронова Шоҳсанам Илҳомовна бо моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст, вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо ҳадди аксар то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад,- мегӯяд Сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар Вилояти Суғд Акбар Шарипов.

                         Бачаи ҷӯгӣ дар маҳбас ба дунё меояд?

Ба гуфти чанде аз сокинони маҳала ҷӯгизани шавҳаркуш ҳомиладор буда, дар батнаш тифл доштааст. “Акнун ин тифли бегуноҳ дар пушти панҷара ба дунё омада, азоби нофаҳмию бадҷаҳлии ин лӯлизани дастонаш ба хун оғӯштаро мекашад”,- гуфтанд ҳангоми суҳбат сокинони маҳалла, ки ошкор шудани номашонро намехостанд…

Фарзона Муродӣ,

мухбири махсуси “Оила”

дар Вилояти Суғд

                                                           

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply