Гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба 18 солаҳо иҷозат аст?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Посух ба саволи шаҳрванд Зафар Набиев, ки дар шумораи №48 аз 29 ноябр дар рӯзномаи «Тоҷикистон» ба табъ расидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синну солро барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 4 ноябри соли 1995 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ» муайян менамояд.
Санадҳои меъёрию-ҳуқуқии болозикр синну соли шахсони воқеиро ҷиҳати соҳиб шудан ба ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт барои категорияи «А» аз синни 16, категорияҳои «В», «с» аз синни 18 ва категорияҳои «Д» ва «Е» аз синни 21 солагӣ муайян намудаанд.

Сардор полковники милитсия А. Насимзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply