Генерал: Занҳоро дар БДА кор гиред!

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд генерал Шариф Назарзода хостори дар БДА ба кор гирифтани шумори бештари занон шудааст. Ин дар ҳолест ки дар Тоҷикистон нозирони роҳ қариб ҳама мардонанд ва дидани як нозири зан дар кӯча дар ин кишвар ҳодисае хеле нодир аст.

Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дастур додааст, ки ба БДА – Бозрасии давлатии автомобилӣ – занонро бештар ба кор бигиранд. Дар ин бора як манбаъ аз Раёсати бозразии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Генерал Шариф Назарзода дар як маҷлиси соҳа вобаста ба набудани кадрҳо дар соҳаи БДА аз байни занҳо изҳори таассуф намуда, супориш додааст, ки дар байни кормандони БДА-и шӯъбаҳои милитсияи шаҳру навоҳии вилоят занҳо ба кор фаро гирифта шаванд.

«Ҳамагӣ як зан, нозири БДА дар шаҳри Хуҷанд буд. Ӯро ҳам бо кадом сабабҳое аз вазифа дур кардед. Корбарӣ кунед ва занҳоро ҳам дар қатори нозирон ба кор ҷалб созед,» — гуфтааст Шариф Назарзода.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон фаъолияти нозирони роҳ ба дӯши мардон буда, занонро дар ин вазифа дидан як падидаи нодир аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи занон дар ҷомеъа як қатор тадбирҳо андешида, ҳанӯз соли 2010 қарореро дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020-ро қабул намудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply