Газандаи гӯши Маҳмуд 150 ҳазор рубл ҷуброн додааст

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Моҷарои пурсарусадои роҳрӯби тоҷик бо як сокини Маскав бо мусолиҳаи тарафайн анҷом ёфт. Сокини Маскав, ки Маҳмадулло (Маҳмуд) Давлатзодаро латукӯб карда, гӯшашро канда буд, аз роҳрӯби тоҷик узр пурсида, барои табобаташ 150 ҳазор рубл ҷуброн додааст. Маҳмуд дар иваз аз даъвояш ба зидди ин сокини маҳаллӣ даст кашидааст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи «Общественный вердикт”, ки ҳимояти роҳрӯби 51-солаи тоҷик Маҳмадулло Давлатзодаро, ки дар байни сокинони кӯчаи Матвеевская – маҳалли кораш дар Маскав бо номи Маҳмуд маъруф аст, рӯзи 1 сентябр хабар доданд, ки даъвои пурсарусадои байни ин мардикори тоҷик ва як сокини Маскав бо мусолиҳаи тарафайн анҷом ёфт.

Рӯзи 16 август роҳрӯби тоҷик Маҳмадулло (Маҳмуд) Давлатзода ба як зани сокини кӯчаи Матвеевская, ки сагашро ба сайругашт бароварда буд, эрод гирифт, то дигар сагаш дар рӯи гулҳое, ки ӯ дар ҳавлӣ шинондааст, ахлот накунад. Худи Маҳмуд дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: «Ба хубӣ гуфтамки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунадИн зани ношинос дар ҷавоб гуфттухудат кӣ ҳастӣки ба ман эрод мегирӣ?”

Вале ин зан эроди роҳрӯбро ҳамчун таҳқир қабул карда, шавҳарашро ба сари мардикори тоҷики бечора фиристод. Шавҳари зани сагбоз бори аввал Маҳмудро латукӯб карда, рӯзи дуюм боз ба сари вай тохт, ки аз ҳамсараш узр бипурсад. Ин дафъа он мард роҳрӯбро бори дигар латукӯб карда, дар ғояти қаҳр гӯши ӯро то хуншор шуданаш газида, як пораи гӯшашро канд: «Субҳи дигарвақте бочойник ба гулҳо об мерехтаммарде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам. Рӯзи дигарвақте партовҳоро ҷамъ мекардамбоз ҳамон мард омадАз дастам қапида гуфткирафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣДар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудангазид ва баъд гурехт.

Маҳмуд ба пулис муроҷиат кард, вале дар пулиси минтақаи Очаково-Матвеевское аризаи вайро ҳатто қабул накарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин қазияро расонаӣ карданд ва тақрибан ҳамаи расонаҳои чопиву интернетӣ, радиоӣ ва телевизионии Маскав дар ин бора гузориш доданд.

Дар пайи сару садо кардани хабари ин моҷаро созмони «Общественный вердикт” ҳимояти ҳуқуқии Маҳмуд ва созмони «Гражданское содействие” табобаташро ба ӯҳда гирифтанд.

Адвокат Ирина Бирюкова масъаларо бо Кумитаи тафтишот ва вазорати корҳои дохилии Русия дар миён гузошт. Аммо баъди чанд рӯз Маҳмуд аз даъвояш ҳам ба зидди сокини кӯчаи Матвеевская ва ҳам ба зидди пулис даст кашид. Сокини Маскав, ки гӯши ин мардикори тоҷикро канда буд, аз вай дар ҳузури вакили мудофеаш узр пурсид ва розӣ шуд, ки барои табобати Маҳмуд 150 ҳазор рубл, муодили тақрибан 2500 доллар ҷуброн пардохт кунад.

Ирина Бирюкова дар шарҳи ин қарор гуфт: «Ба сурати умум, ман инро мусбат арзёбӣ мекунам. Ҷараёни мусолиҳа низ як шакли муҷозоти гунаҳкор аст. Ӯ узр пурсид, зарари маънавии расондаашро пӯшонд. Маҳмуд одами ҷанҷолӣ нест, хеле диндор аст ва зоҳиран ба ҳамин далел чунин қарор қабул кард. Мо ба зидди иродаи ҷабрдида рафта наметавонем ва аз ин рӯ, ин қазияро дар ҳамин ҷо қатъ мекунем.”

Ирина Бирюкова қаблан гуфта буд, ки намояндагони пулиси минтақаи Очаково-Матвеевское ба бемористони рақами 67 чанд бор омада ва Маҳмудро тарсондаанд, то ки аз даъвояш даст бикашад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply