Фишор ба соҳибкорон: То соати 12-и имрӯз вақт доред

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аз пагоҳии имрӯз соҳибкорони  “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро  кормандони МИҲД-и ноҳия ва кормандони   ҳифзи ҳуқуқ барои ҳарчӣ зудтар тарк кардани бозор таҳдид карда истодаанд. Ба гуфти соҳибкорони бозор нафароне, ки аз саҳарӣ оромии  онҳоро халалдор карда боиси норозигии соҳибкорон  гардидаанд, яке худро корманди Хадамоти зидди сухтор аз ҷумҳурӣ ва дигарҳо худро кормандони  Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд муаррифӣ кардаанд.

ҳолати имрӯзаи бозор

Адвакат,  Ёқубова Лола аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки  масъулини ҳукумат ҳуқуқҳои на танҳо соҳибкорон, балки шаҳвандони қаторӣ, аз ҷумла деҳқононе, ки дар гӯшаи деҳқони бозори мазкур ба савдо машғуланд  поймол намуда истодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” гуфта шудааст, ки  -Имконияти озодона амалӣ намуди ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Вале бо баҳонаи Генплан дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қонуни дар боло зикршударо тамоман нодида гирифта истодаанд.

                                 

                                                                        ҳолати худсарона кӯчонидани бозор

Дар нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд   масъалаи моҷарои соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳия ва раиси бозор “Ашроф”, ки додари раиси ноҳия-Комил Салимзода аст, мо мавриди пурсиш қарор додем. Дар посух ба саволи мо раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ гуфта буд, ки “то замоне, ки  худи соҳибкорон бо хоҳиши худ ба бозори “Ашроф” кӯч набанданд касе ҳуқуқи онҳоро маҷбуран ба ҷои дигар интиқол доданро надорад. Ҳатто ба раиси ноҳия дар вақти ба сари вазифа омаданаш махсусан таъкид карда будам, ки раиси бозори “Ашроф” додари ту мешавад ва дар ин масъалаи даргир-яъне ” баҳси соҳибкорони “Бозори марказӣ” ва бозори “Ашроф” умуман дахл накун …

Соҳибкорон аз он нороҳат ва нозиро ҳастанд, ки масъулини ҳукумати Расулов, аз ҷумла раиси ноҳия манфиатҷӯёна рафтор карда,  ҳатто сухани раиси вилоятро низ нодида гирифта истодаанд.

                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ  


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply