Фавти 6 нафар дар ду рӯз

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар рӯзҳои истироҳат дар ҷӯю дарёҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам 6 нафар, аз ҷумла як духтари 15-сола ва ду писарбачаи 4-сола ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Аз аввали сол алакай беш аз 40 ноболиғ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи охир ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар ҷӯю дарёҳои кишвар дастикам 6 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғ ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла рӯзи 17 июн, соати тахминан 15:35, «зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.”

Ҳамин тавр, соати дуи рӯзи 18 июн як марди 56-солаи сокини Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон дар наздикии бозори «Хайр” ғарё шуда, соати қариб чори ҳамин рӯз як марди 26-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир дар рӯбарӯи варзишгоҳи «Лочин”-и шаҳри Хуҷанд ба коми дарё рафтааст. Дар ин ду ҳолат низ беэҳтиётии худи оббозон сабаби ғарқшавӣ ва ҳалокати онҳо гуфта мешавад.

Рӯзи 18 июн дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Деваштич ду ҳодисаи ғарқ шудани кӯдакони хурдсоли ҳамагӣ 4-сола сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ менависад: «Тахминан соати 12:30-дақиқа, писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи А.Ҷомӣ аз беназоратии волидонаш дар канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
18-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply