Фарзонаи Хуршед: Зиндагии мо тамом шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед, ду тан аз овозхонони маъруфи кишвар, ки 3 сол пеш оиладор шуда буданд аз ҳамдигар ҷудо шудаанд.  Дар ин бора як манбаъи боэътимод аз наздикони ин ҳунармандон, ки нахост номаш ифшо шавад иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки маросими оиладоршавии ин ду ҳунарманд, низ пурсарусадо ва пурҳангома буд.

Хабари ҷудошавии ин ситораҳо ибтидо диққати хонандагони сомонаи моро ба худ ҷалб карда, зангҳое зиёде ворид гардид.  Яке мегӯяд, ки Фарзона бо Фаридун барои кадом масъалае бо ҳам созиш нагирифта аз ҳам ҷудо шуданд, дигаре бошад ин даъворо рад намуда мегӯяд, ки Фаридун худаш аризаи ҷудошавиро пешниҳод намудааст. Барои ифшои ин сирр ва ошкор кардани ҳақиқат мо аввал ба телефонҳои дастии Фарзона ва Фаридун занг задем, аммо онҳо ҷавоб надоданд. Пас аз ин ба продюссери Фаридун Диловари Мизроб муроҷиат кардем, то ба ин муаммо равшанӣ андозад.

Ибтидо Диловари Мизроб ин муамморо зиндагии шахсии онҳо номида, нахост дар ин бора чизе гӯяд.  Аммо суолҳои кунҷкобонаи мо боис гашт, то ки Диловар чанд сухане дар мавриди овозаҳо ҳарф занад:

-Ростӣ, ман айни ҳол продюсери Фаридун ҳастам ва ин хабарҳо моро беташвиш намегузорад.

— Шумо нисбати аксе, ки Фарзона дар саҳифаи шахсиаш дар сомони иҷтимоии Фейсбук гузошта, дар зераш «Зиндагии мо ба охир расид» навиштааст, чӣ гуфтанӣ ҳастед?

-Ман хабар надорам, аммо шунидам, ки байнашон ҷангу ҷанҷоли калон  гузаштааст ва ҳарду мехоҳанд аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Ман бовар надорам, ки Фарзонаи Хуршед ба ҳама гуфта бошад, ки мо ҷудо шудем. Ман ба хотири ин суол ба назди Фарзона меравам ва ба шумо занг зада, тафсилоти бештарро шарҳ медиҳам. Боқи саломат бошед. – гуфт Диловар дар поёни сӯҳбат.

Аз гуфтаҳои Диловари Мизроб қонеъ нагашта, мо ба дугонаи наздики Фарзонаи Хуршед Гулсарабону дар тамос шудем, то моро бо Фарзонаи Хуршед пайваст намояд. Гулсара суоли моро шунид ва ваъда дод, ки ҳатман Фарзонаро мегӯям, ки ба шумо занг зада, дар ин масъала ошкоро ҳарф занад.
Хонандагони азиз, мо интизори занги Фарзонаи Хуршед ҳастем ва бо пайдо шудани маълумоти нав муфассал ба шумо иттилоъ хоҳем дод.

Рустам Азимӣ  


Поделиться новостью в социальных сетях:

32 комментарий

  • Офарин! Ин масъалаи бехад чидди аст, суст намонед, аз кафои хамин мавзуъ шавед. ))))))))))

  • Ма медонм ки зани дйм долга намерава фаридун хушруи бадай фарзона безебай

  • кори хуб накаден бачахои азизи , наход одам амихели харигари кна нобти шмо фарзандонатон хайф шид. хамихел бд чиба тавалудшон каден

  • кори хуб нашид бачахо, ак ами кори хубай нобти хтон хайфи аму фарзандо

  • Фарзона ва Фаридун хушбахт буданд, хастанд ва хушбахт мемонанд.Ду фарзанди дуструяк доранд.Бовари дорам,ки кахрашон паст шавад бозам хубтар мешаванд.Гапхои хархела даркор нест,ин зиндаги аст.Хамааш хкб мешавад.

  • эй бародархо ба хонавайрон шудани кас асло шод нашавед ва гайбат хам накунед. хадисе хаст ки ашки Худо омадааст танхо дар як хона вайрон шудан.

  • Худованд онҳоро зад барои ки фаридун зани якумша сардод ва зани дуюм гирифт

  • Конечно Фаридун мужик бдай концертои пешинаи фарзонара дидагияй номусуш набардошт ба хамин хотир чудо шуд

  • Басай да хами рамазон чи даркор гайбати каси дигар

  • Такдири кас дар дасти Худо кори кас чи бо каси дигар?

  • Точик манош гайбат каданай чиба хтона пас мезане ба зиндаги дига кас чикор дорем мо бародарон ва хохарони азиз даркор нест метонем дархакшон дуо куннем худован тавфикшон диха

  • Ман мехохам Фаридун бо харду занаш ЗИНДАГИ КУНАД чунки да хардуш фарзанд дорад Фарзандхо ба навозиши Падар мухточанд..

  • на зеби сахна дора на зеби кати афти хунукуш куни хардуш нос и журналисто кор надоран гови фалони мурдай хари фалони зойдай ай барои савоб яккори фойданок куни чем гайбата

  • Ба фикри шахси ман , хамихели гапхои бемаъне даркор нест халкда, шартай фахмидани Халк ба чудошавии онхо, проблемаи оилавии хдшонай, хдшон хал мекнан, шарт нест гапхои ноасос задан нисбаташон, хар каса груш чудохай, ба гунохи кардаи худ, худша чавоб медихад наинки мо.

  • Проблемаи оилавии хдшона хдошон хал мекнан ба шмора чи ма бга ИЛОХО БА ХАЁТИ АФСОНАВИ СОХИБ ШАВАНД….. Агар ихеда бгирем харруз як оила вайрон шидест ба шмо омада омада кати хамино кор мегире… ЗАНУ ШАВХАР ТЕЗ ТЕЗ ЧАНГ МЕКНАН БО ОШТИ МЕКНАН
    FARZONA+FARIDUN=❤️ LOVE

  • Надеюсь они помиряться
    Они очень красивая пара. Я ими восхищаюсь.
    Желаю всем сабра

  • Заб гапи будай. Да дунё милон милон одамо чудо шидестан хичгап неву.

  • илтимос аз хама он шахсоне,ки гапхои пасту баланд задан кори мо журналисто ба мухлисонашон итиллои ин ду чавона расондан аст .На хамрохи шумо бахси ночо кардан махкул нестайта надро сайт …

Leave a Reply