Фарзанди фарзонаи миллатро ба хок супурданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ҷанозаи полковник Хайриддин Аҳматов, фармондеҳи қисми низомии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро рӯзи 3 декабр дар зодгоҳаш – деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор ба хок супурдаанд. Полковник Аҳтамов рӯзи 2 декабр дар як задухӯрд бо қочоқбарони афғон кушта шуд.

З.А. Шарифзода, як корбари Фейсбук бо нашри як акс аз маросими дафни полковник Хайриддин Аҳтамов хабар дод, ки ин фармондеҳи қисми низомии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро рӯзи 3 декабр дар зодгоҳаш – ноҳияи Фархор ба хок супурдаанд.

З.А.Шарифзода дар зери ин акс навишт: «Ба хок супоридани фарзанди фарзонаи миллат, сарҳадбон ва шаҳиди тоҷик палковники КДАМТ Ахтамов Хайриддин Талбакович, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ, яъне ҳифзи марзу буми ватан аз тарафи ҷинояткорон ва қочокбарони афғон дар ноҳияи Ш. Шоҳин дар санаи 2 декабри соли 2017 ба ҳалокат расонида шуд, дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ватан, деҳаи Лолазор (03.12.2017с.)”

Садҳо нафар дар зери ин акс шарҳ навишта, ба наздикони полковники тоҷик изҳори ҳамдардӣ кардаанд ва аз Худованд хостаанд, то Хайриддин Аҳтамовро, ки барои дифоъ аз марзу буми Ватанаш ҷон бохт, шоистаи ҷаннат бигардонад.

Онҳое ки ин афсарро мешинохтанд, аз ӯ ба унвони як афсари ҳирфаӣ ва ҷасур ёд кардаанд. Умар Қурбон аз ҷумла навиштааст: «Раҳматӣ бе ниҳоят кадри хуб буд, доно ва ҷасур буд. Худо раҳматаш кунад.

Задухӯрди шоми 2 декабр дар кӯҳҳои болои деҳаи Навободи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), ки соати 19 ба вуқӯъ пайваст, пурталафоттарин задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли ҷорӣ буд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, «12 нафар қочоқбарони мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.”

Байни ин қочоқбарон ва марзбонони тоҷик ба раҳбарии полковник Хайриддин Аҳтамов дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» задухӯрди шадиде ба амал омад. Бино ба гузориши маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, «Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардид. Чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд.

Аз маҳалли задухӯрд 4 автомати Калашников ва беш аз 33 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

Дар пайи ин задухӯрди хунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як ёддошти расмӣ аз ҷониби Афғонистон бо исрор талаб кард, ки қазияи ҳамлаи мусаллаҳонаи шоми 2 декабр дар марзи байни ду кишварро таҳқиқ ва барои боздошти ҷинояткорон иқдом кунад: «Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супорид ва бо исрор талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби афғонистонӣ ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд. Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед кард, ки ҷониби афғонистонӣ иқдомоти ҷиддиро пеша намояд, то қисмати сарҳади давлатии ҷониби худро мавриди назорати шомил қарор дода, минбаъд такрор ёфтани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намояд.”

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки қариб 1400 километр тӯл дорад, як манбаи асосии нигарониҳои амниятии Душанбе боқӣ мемонад. Танҳо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин марз 26 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 13 қочоқбар кушта, як нафар захмӣ ва 19 тани дигар дастгир шудаанд. Дар ин муддат дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз қочоқбарон беш аз 1,3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.

Вале дар соли ҷорӣ ин бори аввал аст, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон марзбонони тоҷик чунин талафот медиҳанд.

Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 26 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда,  13 нафар қочоқчиёни маводи нашъовар безарар гардонида шуда,1нафар захмӣ ва19нафар дастгир шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Фарзанди фарзонаи миллатро ба хок супурданд

  • худот рахматаш куна, командири застава набуд, ки вай рафтай

Leave a Reply