Фарҳод Ҷомаҳмадзода: Рақси мардонаи тоҷикӣ беҳтарин рақси ҷаҳон аст

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Рақс-аз тантана то ибодат

Рақс. Гумон надорам, дар дунё инсоне бошад, ки рақсидан ё тамошо кардани рақсро дӯст надорад, зеро рақс бозгӯкунандаи ҳолати ботинӣ ва руҳии инсон аст. Танҳо ба василаи он инсон метавонад, зебоиҳои дунёи ботиниашро таҷаллӣ диҳад, ба шӯр ояд, қиём кунад, эҳсосоти қалбашро нишон диҳад.

Рақс аз қадимулайём гоҳе василаи фароғату тафреҳ буду гоҳе василаи ибодат, имрӯз, дар замони муосир бошад, рақс дастоварди бузургу беназири фарҳангист. Рақси тоҷикӣ таърихи қадима ва махсусиятҳову зебоиҳои худро дорад, аммо солҳои охир дар мавриди рақси занона ва раққосаҳо каму беш матлабҳо ба нашр расанд ҳам, дар бораи рақси мардона ва раққосон маълумот камтар аст, бинобар ин миёни мардуми ноогоҳ ақидае ҳаст, ки рақс амали занона аст. Қаҳрамони мо Фарҳод Ҷомаҳмадзода ҳам вақте бори аввал дастаи рақсии мардонаро дид, назди устоди рақс омада гуфт: «Мехоҳам раққоса шавам…»

Раққоса не, раққос

Фарҳод Ҷомаҳмадзода 21 июли соли 1993 дар деҳаи Яфраги шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст.  Фарҳод аз хурдӣ ҳис мекард, ки муҳити деҳа барои ӯ танг аст, бинобар ин, аз модараш хоҳиш кард, ки ӯро ба шаҳр барад, то забонҳои русӣ ва англисиро омӯзад, аммо модар ӯро ба Омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Рӯдакӣ овард.

-Аз ман пурсиданд, ки рубобнавоз шудан мехоҳам ё дафнавоз. Ман на инро медонистаму на онро, бинобар ин, таваккалӣ рубоб гуфтам ва чанд сол дарси рубоб гирифтам, – ба ёд меорад Фарҳод.

Ҳамин тавр Фарҳод ба дунёи ҳунар ворид мешавад. Сози рубоб зиндагиашро ба таври куллӣ тағйир дод. Ӯ зиёд ба Душанбе меомад, дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор мекард. Рӯзе гузораш ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев афтод ва тамрини ансамбли рақсии он ҷоро дида, моту маҳбут шуду ба назди  раҳбари ин даста Исмат Файзуллоев рафта, саросема гуфт:

-Ман мехоҳам раққоса шавам.

Исмат Файзуллоев, ҳаяҷони ҷавонро дида табассуми зебое кард ва оромона, бо меҳрубонӣ гуфт:

— Мард раққос мешавад, на раққоса…

Ҳамин тавр Фарҳодро олами рақс дар баҳри бекарони ин санъати нафиса оғӯш кард…

«Лола» ва «Малика Собирова»

Фарҳод дар ансамбли назди филармония пайваста тамрин мекард. Дар маҳфилҳо ҳунарнамоӣ менамуду дар баробари омӯхтани нозукиҳои рақс таҷриба меандӯхт. Ҳамин тавр дар яке аз маҳфилҳо  роҳбари ансамбли «Лола», ки гурӯҳи мардонаи рақсӣ дошт, ҳунарнамоии Фарҳодро дида, ӯро даъват намуд ва риштаи тақдири раққоси ҷавон бо ин ансамбл пайваст. Дар баробари ин, ӯ шомили мактаби рақсии ба номи Малика Собирова гардида, маҳораташро такмил медод.

Дар муддати таҳсили Фарҳод  дар мактаби рақсии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанбе, як гурӯҳ намояндагони донишгоҳҳои санъати Русия барои дарёфти довталабон ба Душанбе меоянд. Фарҳод Ҷомаҳмадзода ҳам дар имтиҳонҳои онҳо ширкат намуд, аммо натавонист холи муносиб ба даст ораду шомили Донишгоҳи санъати Маскав гардад. Вай назди худ ҳадафи олӣ гузошт: Таҳсил дар Маскав! Ҳамин тавр ҳам шуд, соли дигар ӯ шомили яке аз донишгоҳҳои бонуфузи шаҳри Маскав шуд, ки то ҳол дар он ҷо дар бахши магистратура таҳсил менамояд…

Маскав-шаҳри роҳкушо

«Дар ибтидои омаданам ба Маскав душворӣ кашидам, зеро таҷриба ва касбияте, ки ман доштам, дар сатҳи зарурӣ набуд. Мо дар Тоҷикистон рақси классикиро, ки асоси ҳамаи рақсҳост, намехондем, бинобар ин, барои ман душвор буд. Вақти супоридани имтиҳонҳо зиёд азоб мекашидам, аммо ҳамааш паси сар шуд», — оғози таҳсил ва зиндагиш дар Маскавро ба ёд меорад раққоси ҷавон Фарҳод  Ҷомаҳмадзода.

Маскав на танҳо барои шакл гирифтани касбияти Фарҳод таъсир расонд, балки сарнавишти ӯро комилан тағйир дод. Ӯ дар ин шаҳри азим тавонист бо як гурӯҳ тоҷиконе шинос шавад, ки бо намоиш додани барномаҳои мухталиф фарҳанги тоҷиконро дар Русия муаррифӣ мекарданд. Шиносоияшро бо ин гурӯҳ Фарҳод чунин ёдовар мешавад:

-Ин гурӯҳро Манижа Буйдакова роҳбарӣ мекунанд. Эшон рақсҳои маро дида шод шуданд. Махсусан рақси мардонаи тоҷикӣ ба Бӯйдакова писанд омаду минбаъд маро дар чорабиниҳояшон даъват мекардагӣ шуданд. Ман бо либосҳои миллии тоҷикӣ ва рақси мардонаи тоҷикӣ фарҳанги қадимии халқамро муаррифӣ мекардам…

                    

Гулчин барои «Гулчин»

«Баъд аз оне, ки ман чандин бор дар чорабиниҳои хурду бузурги Маскав ширкат кардам, дарк намудам, ки то чӣ ҳад рақси тоҷикиро русҳо меписанданд. Онҳо бо шавқи том ҳаракатҳои моро тамошо мекарданд. Дар баъзе чорабиниҳо тамошобинон ҳамроҳи мо ба рақс мепайвастанд. Ману се ҳамсабақам ба хулосае омадем, ки як ансамбли рақси тоҷикона ташкил намоем»,- мегӯяд Фарҳод.

Ҳамин тавр ансамбли рақсии тоҷикӣ бо номи «Гулчин» дар Федератсияи Русия ба фаъолият оғоз кард, ки соли равон 5- сола шуд. Сабаби чунин ном гирифтани ансамблро аз Фарҳод Ҷомаҳмадов пурсидам. Ӯ чунин посух дод:

«Аъзои ансамбл аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳастанд, яъне гулчин шудаанд, бинобар ин, мо ансамблро «Гулчин» ном ниҳодем. Имрӯз ансамбли «Гулчин» ва худи Фарҳод Ҷомаҳмадов бо шаҳрҳои Русия ва Аврупо сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Иштироку ҳунарнамоиҳои Фарҳод дар чандин шаҳрҳои Русия, Украина, Белорусия, Қазоқистон, Олмон ва ғайра дастовардҳои муҳими ӯ ба ҳисоб мераванд…

    

Муносибати падар ба рақси писар

Ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи хурофотӣ аст. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва гирифтори хурофотҳои гуногун шудани мардум ба санъати рақс дил бастан ва машғул шудани ҷавонписарон то андозае табу дониста мешаваду дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дар зери сабтҳое, ки Фарҳод аз ҳунарнамоиҳояш мегузорад, баъзеҳо шарҳҳои таҳқиромез менависанд.

Падару модари Фарҳод аз қабили ҳунармандон нестанд, балки истиқоматкунандагони одии деҳот мебошанд, бинобар ин, аз Фарҳод муносибати падарашро ба ҳунари раққосиаш пурсон шудам:

«Ибтидо падарам зид буданд, ки ман раққос шавам. Аз як тараф он кас роҳи интихобкардаи маро  касб ҳисоб намекарданд, аз тарафи дигар гапу калочаи мардум. Аммо хоҳиши дили маро дида, монеъ нашуданд. Ҳоло ҳамвора маро дастгирӣ мекунанд. Ман ҳам ба хотири руҳи эшонро болида кардан, ба Донишкадаи нафту газ дохил шудам ва онро хатм кардам. Бо ин ба падарам исбот карданӣ шудам, ки ман касб ҳам дорам», — мегӯяд Фарҳод.

Дар масъалаи муносибати бархе аз мардумон ва шарҳҳои таҳқиромез бошад, Фарҳод бепарвост. Ӯ аллакай ба ин чизҳо одат кардааст.

«Шарҳҳои таҳқиромезро нафарони пастфитрат ва онҳое, ки аз санъат огоҳ нестанд, менависанд. Ман барои нуктаи назари муғризонаи ду-се нафар шуда, аз рақс даст кашиданӣ нестам. Ба хотири санъат ва саҳна кор мекунам, талош меварзам»,-мегӯяд ӯ.

Рақси беҳтарини мардона тоҷикист

Чанде пеш дар нашрияҳои мо дар мавриди рақси тоҷикӣ мақолае нашр шуд ва атрофи он сару садои зиёде сурат гирифт. Дар он гуфта мешуд, ки солҳои охир рақси мардонаи тоҷикӣ гум шудааст, аммо  Фарҳод баръакс ин андешаро инкор мекунад. Ӯ бар он назар аст, ки рақси мардона дар Тоҷикистон то ҳол ҳаст ва зеботарин рақс дар ҷаҳон мебошад:

«Мутаассифона, ҷавонони мо рақсҳои миллии худамонро намедонанд, бинобар ин, кӯр-кӯрона ба  рақси лазгии мардумони Қафқоз тақлид мекунанд. Ба ҷойи он ки рақси мардонаи тоҷикӣ дастгирӣ шавад, ҷавонони мо онро инкор менамоянд, ки ин комилан нодуруст аст.  Рақси чӯпонӣ ё кӯлобӣ, рақс зери садои даф ва даҳҳо рақси дигари мардонаи тоҷикӣ вуҷуд дорад, ки дар он метавон хислати мардонагӣ, матонат ва шуҷоати мардуми тоҷикро нишон дод.»

Либоси рақс

Фарҳод бар он назар аст, либоси рақсӣ бояд ба муҳтавои рақс ва жанри он мувофиқат кунад, бинобар ин, ба либосҳои саҳнавии худ ва дастаи «Гулчин» аҳамияти ҷиддӣ медиҳад:

«Ман ба наздикӣ ба тарроҳони тоҷик як либоси мардонаи миллӣ фармоиш додам, аммо либосҳои бе гулдӯзӣ. Ҷомаву тоқии одии саҳнавӣ. Либоси мардонаи саҳнавӣ дар рақс набояд пур аз симу зар бошад. Либоси раққос, агар пур аз гулдӯзиву симу зар бошад, дар саҳна фарқ кардани зану мард ва раққосу раққоса душвор мегардад.»

Оғози роҳ

Фарҳод Ҷомаҳмадзода нав ба роҳ баромадааст. Ба роҳи пурифтихор ва душвори санъат ва саҳна. Оғози сафараш пурбор аст, зеро ӯ ба санъат бо ҷиддият муносибат мекунад, на сарсарӣ. Аллакай ин ҷавони ҳунармандро мешиносанду ба чорабиниҳои бошукуҳ даъват мекунанд. Ӯ ҳамроҳи ансамбли «Гулчин» сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳад. Ин албатта умедворкунанда аст. Ба воситаи ин ҷавони худогоҳ рақси миллии тоҷикӣ, ки реша дар умқи таърих дорад, ба ҷаҳони муосир шиносонида мешавад.

Фарҳод фақат як орзуи бузург дорад: Дар ватани худ – Тоҷикистон гузаронидани як фестивали рақс ва таваҷҷуҳи бештари масъулин ба ин соҳаи санъат:

«Дар Тоҷикистон санъати рақсро касе дастгирӣ намекунад. Боре надидаам ва ҳатто нашунидаам, ки барномае ё фестивале баргузор гардида бошад, ки пурра ба санъати рақс бахшида шуда бошад, ҳол он ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон даҳҳо ҷашнвораи рақсӣ мегузарад.  Ман орзу дорам, ки дар баробари варзиш ба санъати рақс ҳам таваҷҷуҳ шавад»- мегӯяд ӯ.

ОДИЛ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply