Фақеров: Муноқишаи маргбор қасосгирии маҳалҳо буд на мактбаҳо (Видео)

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Ҳамидуллохон Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе муноқишаи байнимактабиро ки аввали соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, шарҳ дод.

Ба ақидаи ӯ ин муноқишаи маргбор ба макотибҳо дахле надошта қассосгирӣ миёни ҷавонони ду маҳалла будааст. Ин нуктаро номбурда, имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд.

Номбурда афзуд,  ки феълан бо гумони  даст доштан дар муноқишаи мазкур 15 нафар аз ҷониби мақомот боздошт шудааст, ки ҳамаи онҳо аз мактаб хориҷ карда шуданд. Як нафари аз фавтидагон собиқ хонандаи мактаб будааст, на муҳассили феълии он.

Ӯ сабаби ба муноқишаҳоли гурӯҳӣ даст задани муҳассилини мактабҳоро яке аз мушкилиҳои ҷомеа арзёбӣ карда омилҳои гуногуни онро номбар кард, ки яке аз онҳо носолимии муҳити оила аст. Номбурда гуфт: “Аксари боздоштшудаҳо аз оилаҳои носолиманд. Ба истиснои ду нафар, ки дар оилаҳои солим тарбият мегирифтаанд, боқимонда дар тарбияи бибию дигар наздиконашон будаанд. Феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.

Ҳамчунин Фақеров гуфт, ки дар шаҳри Душанбе дар соли 2016 миқдори ҷинояткорӣ аз ҷониби хонандагони мактбаҳо кам шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  санаи  2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 байни ҳам занозанӣ намудаанд, ки дар натиҷа 2 нафар — Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply