Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҲХДТ иштирок кард

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ мебошад рӯзи 5 январ дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ин ҳизб ширкат ва суханронӣ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин нишасти ҳизби ҳокими халқии демократӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, намояндагони ҷиноҳи ин ҳизб дар парлумон ва раҳбарои бахшҳои ин ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат доштаанд. Ба навиштаи расонаҳои давлатӣ, оқои Раҳмон дар ин нишаст аз фаъолияти ҳизби зери раҳбариаш дар як соле, ки гузашт натиҷагирӣ намуда ва вазифаҳои нави ташкилотҳои ин ҳизб дар соли 2017-ро мушаххас кардааст.

Дар ҳоли ҳозир аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 44 курсӣ насиби аъзои ин ҳизб буда, аксари масъулони идораҳои давлатӣ низ аъзои замин ҳизбанд. Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди аъзои онҳо ба 480 ҳазор нафар расидааст. ​Мақомоти ин ҳизб дар тобистони соли гузашта гуфта буданд, ки танҳо дар як соли охир беш аз 230 ҳазор нафар ва асосан ҷавонон ба сафи онҳо пайвастаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply