Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри Арбоб меравад

ИҚТИСОД, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳамаи 63 нафар аъзои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр ба шаҳри Хуҷанд мераванд.

Шоми ин рӯз дар Қасри Арбоб маҷлиси тантанавӣ ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон доир мегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябр ба Хуҷанд раҳсипор мегардад. Ба ҷуз иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф оварда, дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногун иштирок ва бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронад.

Дар кори конфронс ба ин муносибат дар мавзӯи нақш ва аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, парлумони ҷумҳурӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳли ҷомеаи кишвар иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин иҷлосия ҳукмронии президентӣ ба ҳокимияти парлумонӣ иваз шуда, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари парлумон ва мутаносибан Сарвари давлат интихоб шуд.

Ин ва дигар қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда бо бӯсидани Парчами миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, аз ҷумла аз тарафи фармондеҳони саҳроии ҳарду ҷониб тасдиқ шуд, ки қонунӣ будани қарорҳоро таъмин кард.

Баъди ин даргириҳо боз чор соли дигар тӯл кашиданд, вале қонунӣ будани қарорҳои дар Қасри Арбоб қабулшуда ҳеҷ гоҳ аз ҷониби мухолифин боиси шубҳа нагардид.

Бознашр аз «Asia-Plus»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply