Эҳтимол имрӯз борон меборад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 8 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда  дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ мешавад.  Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+4 ва рӯзона 15-20 дараҷа, дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 20-25        дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply