Душунбе: Сӯхтор дар маркази бозиҳои компютерӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 6 январ касе ба таври пинҳонӣ вориди як маркази хидматрасонии компютерӣ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе шуда, болои компютерҳои ин марказ бензин рехтаву онҳоро оташ задааст. Як марди 39-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят дастгир шудааст.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини кўчаи А.Ҷомии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рўзи 6-уми январи соли 2018, шахсони номаълум вориди маркази хизматрасонии интернетиаш, воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон шуда, ба болои компютерҳо сўзишвории бензинро пош дода, сипас оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар қасдан несту нобуд кардани амвол дастгир карда шуд.
Аз рўи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply