Душанбе: Рейди шабона дар марказҳои компютерӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шаби гузашта кормандони милиса ва додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар интернет-кафеҳо ва марказҳои компютерии воқеъ дар ҳудуди ин минтақаи пойтахт як рейди вижа доир кардаанд. Дар ҷараёни амалиёт як гуруҳи ҷавонон ва 3 ноболиғ дастгир шуда, нисбат ба волидони онҳо барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар протокол тартиб додаанд.

Бо вуҷуди он, ки имрӯзҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар таътили зимистона ҳастанд, вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аз бемасъулиятиву хунукназарии баъзе падару модарон истифода намуда, фарзандони онҳо аксари вақти худро дур аз хонаву оила дар ҷойҳои барояшон зараровар мегузаронанд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо чорабинии мақсаднокест, ки кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ин ноҳия шаби гузашта гузарониданд.

Чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб, дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаи зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерие, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамоянд, як гурӯҳ ҷавонон ва 3 нафар ноболиғон, ки таътили зимистонаашонро дар чунин маконҳои барои ояндаашон зараровар мегузарониданд, боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд. Дар робита ба ин ҳолат бо дастгиршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати он волидоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

авриди зикр аст, ки мақомоти милитсия, аз ҷумла кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор минбаъд низ чунин чорабиниҳои пешгирикунандаро ҷиҳати таъмин намудани иҷроиши талаботи Қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи маориф» пайваста мегузаронанд.

Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурўҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ

Манбаъ: сомонаи расмии ВКД


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply