Дурахши як ситораи нав дар саҳнаи тоҷик (Видео)

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Овозхони операсарои тоҷик Мадина Ақназарова нахустин клипаш бар таронаи машҳури «Ай ёр, ёр” бар пояи оҳанги безаволи Дамир Дӯстмуҳаммадовро муаррифӣ кард. Бисёриҳо бо тамошои ин клип навиштаанд, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик ситораи наве дурахшон мешавад.

Овозхони ҷавони операсарои тоҷик Мадина Ақназарова тавассути саҳифааш дар Фейсбук нахустин клипи худро муаррифӣ кард. Ин клип бар таронаи машҳури тоҷикии «Ай ёр, ёр” аст, ки оҳангашро оҳангсози равоншод Дамир Дӯстмуҳаммадов навиштааст.

Мадина Ақназарова зимни муаррифии клипи «Ай ёр, ёр” дар Фейсбук навишт: «Дӯстони азиз! Мехоҳам тарҳи нахустини яккахониам бар оҳанги «Ай ёр, ёр”-ро бо шумо дар миён гузорам! Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин тарҳ ширкат карданд, изҳори сипос кунам! Ба ҳамаатон ташаккури зиёд ва тамошои хуш!”

Дорогие друзья ! Хочу поделиться с вами моим первым сольным проектом на композицию «Ай ёр ёр» !
Хочу поблагодарить всех, кто принимал участие в создании этого проекта !Всем огромное спасибо , приятного просмотра .

 

Мадина Ақназарова аслан хонандаи опера мебошад. Мадина моҳи май бори аввал таронаи «Ай ёр, ёр”-ро дар консерти бахшида ба Рӯзи ҷавонон иҷро карда, ба истиқболи гарме рӯбарӯ шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дурахши як ситораи нав дар саҳнаи тоҷик (Видео)

  • Дар осмон барои ситорахо дигар ҷой мемонда боша…

Leave a Reply