Дурӯғи Шерзамонов, онро Майбалиев тасдиқ намекунад

ВМКБ, ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Муқим Майбалиев яке аз роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Тивери  Федеоатсияи Русия  тӯли солҳои охир корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки мусоидат ба рушди тафаккури миллӣ ва якпорчагии тоҷикони муқим ва муҳоҷири Руссия кардааст. Дар ҳудуди  вилояти Тивер 16 ҳазор тоҷикон кор ва зиндагӣ доранд.  Имрӯз  атрофи ҳамоиши намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва ашхоси ба ин тоифа гаравида овозаҳои зиёд паҳн гаштаанд ва касоне низ пайдо шуданд ки аз номи марудми  як минтақа ва шахсони соҳибнуфуз ҳарф мезаданд. 

Шерзамонов яке аз ин тоифа ҳаст, ки  изҳор медорад, ки мардуми Бадахшон аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд ва раиси тоҷикони вилояти Твер Майбалиев пуштибони ӯст.

Хабарнигории Тojikistontims   бо  Муқим Майбалиев, раиси маркази фарҳангии Помир дар вилояти Тивери ФР  сӯҳбате орост, ки  фишурдаи онро пешкаши шумо месозем.

-Овозаҳое ҳаст, ки шумо аз ашхосе, ки берун аз доираи қонун  амал мекунанд ва  манфиатҳои  давлатӣ ва миллии тоҷиконро пушти пой мезананд,   пуштибонӣ мекунед? Оё дуруст ин аст.

-На, ман ҳеҷ гоҳ аз нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд, пуштибонӣ накардаам. Тоҷикони вилояти  Тивер доимо дар доираи қонун амал мекунанд. Руссия ҳам як мулки бузург аст ва дар он  халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Мо, ки мусулмон ҳастем,  барои мо низ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Барои мусулмонҳо масҷидҳои калонтарин ҳаст ва барои гузаронидани Иди Қурбон низ ҷой ва шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҳукумати рус ба ивази ин ҳама дастгириҳо аз муҳоҷирон ва мардуми муқимии дигар халқиятҳо ҳамагӣ як хоҳиш карда мешавад: вайрон накардани қонунҳои давлати Руссия.

-Ҳастанд тоҷиконе, ки аз доираи қонун берун амал мекунанд ва даст ба ҷиноят мезананд?

-Албатта,  ашхосе ҳастанд, ки сатҳи маърифаташон паст  аст ва ба гуруҳҳои ифродӣ мепайванданд. Ба дасти  одамоне меафтанд, ки онҳоро аз роҳ мезананд ва ба роҳи нодуруст бурда,  ифродгаро ва террорист месозанд.  

-Дар Твер тоҷикон ба кадом миқдоранд?

-Имруз дар вилояти Твери Русия   16 ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ мекунанд . Аз ин шумора 5-6 ҳазорашон мардуми муқимии Русия ва зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

-Оё тоҷикони муқимӣ  ва  муҳоҷирони вилоят дар сатҳи ДОИШ ҳастанд? Агар ҳастанд ба қадом миқдор?

-Аз вилоят се нафар ҷавонон ба сафи ДОИШ пайвастанд, ки ҳарсе ҳам роҳгумзада ва фирефта шудаанд.  Маҷмӯан ва қисмати асосии мардуми тоҷик дар доираи қонун кору зиндагӣ мекунанд  ва аз пайи қути  худ лоямуташон ҳастанд .

-Шумо ин нафарони ба ДОИШ пайвастаро  мешинохтед?  

-Не. Ҳар се  ҷавон муҳоҷири меҳнатӣ буданд ва ба дасти баъзе нафароне  афтоданд, ки бо роҳи фиреб онҳоро ба  доми худ афтонданд.

-Касоне ҳастанд, ки аз номи сокинони  вилояти Бадахшон ҳарф мезананд ва худро баёнгари ақидаи онҳо мешуморанд.  Масалан,  Шерзамонов, ки сару садоҳояш аз тариқи интернет зиёд паҳн мешавад, худро ифодагари мавқеи  мардуми ин маҳал мегӯяд. То кадом андоза ӯ воқеиятро баён мекунад?

-Медонед, ягон кас  ба ғайр аз Пешвои миллат,   ҳуқуқ надорад, ки аз номи мардуми тоҷикистон ҳарф занад. Ин суханро онҳое мегуянд, ки масъулият надоранд ва бозингар ҳастанд.

 ки оназ номи тамоми миллат гап зада наметавонад. Ман намефаҳмам, чи хел ин инсонҳо имруз дар як партия иштирок мекунанд ва фардо мебинанд, ки дигар ҷойи аз он “гармтар” пайдо шуд, он ҷо мегурезанд.   Инсоне, ки ақидаи  партиявии худро дорад аз як ҷой ба ҷойи дигар намегурезад.

-Мегӯянд,  ки Шумо пуштибони ӯ ҳастед,  қарзҳояшро пардохт мекунед, масалан чанде пеш 300 ҳазор қарзи ӯро дар бонки вилояти Мухтори Бадахшон Шумо пардохт кардаед.  Шерзамонов  дар ҳама ҷо изҳор медорад, ки мардуми Бадахшон ӯро дастгирӣ мекунанд ва аз ӯ пуштибонӣ ба амал меорад, оё ин дуруст аст?

Ман якумин бор  ин гапро  мешунавам. Ман ягон бор ба ягон партия кумак намерасонам ва ба ягон сиёсатмадор низ пул намедиҳам. Беҳтараш ин маблағро ба ягон кудаки бемор ва ё ятим медиҳам

 Асосан ба ашхоси фарҳангӣ ва варзишгарон ёрт мерасонам.

-Умуман Шерзамоновро мешиносед?

-Бале, хуб мешиносам ва  хуб медонам, ки кӣ бо кадом усул ба арсаи  сиёсат омадааст ва чи мехоҳад.

-Ба фикри шумо, усули Шерзамонов кадом аст?

-Агар ӯ усул медошт,  ба  Полша намегурехт, аз ҳизби Сотисиал- демократии Тоҷикитсон гурехта ба ҲНИТ намепайваст. Мо як маротиба ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, хун рехта шуд ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад дигар мардуми Тоҷикистонро ба ҷанг кашад ва  оғушта хун созад. Чаро Кабирӣ замоне, ки намояндаи мардумӣ дар пурлумон буд,  масъалаи марбут ба сарнавишти миллат ва давлатро ба миён нагузошт, аз манфиати мардуми Бадахшон дифоъ накард, имрӯз ки аз вазифа рафтааст мехоҳад одамонро гумроҳ сохта ба роҳи нодуруст андозад? Ман ҳаргиз аз ин тоифа мардум ҷонибдорӣ накардаам ва нахоҳам кард.

Аммо Шерзамонов изҳор мекунад, ки мардуми Бадахшон аз ман дастгирӣ мекунанд?

-Имрӯз як қисми  мардуми Бадахшон дар Руссия ҳастанд ва ҳама аз пайи зиндагии худанд. Ҳама дар фикри ҳалли мушкили зиндагӣ ва таҳсили фарзандонашон ҳастанд. Касе на дар фикри Кабирӣ ҳасту на дар фикри Шерзамонов.   Ман бо ҷамъиятҳои калони тоҷикони Краснадар, Петербург, Перн ва Екетеренбург ҳамкории зич дорам ва ҳеҷ кадоми онҳо ҷонибдори сиёсати Кабирӣ ё Шерзамонов нестанд.

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ruyi ichay on siyoh. Mardumi Badakhshon allbata pomeri to pushtboni mekinad na govi odamkushro.

  • Агар Шерзамонов Алим гуфта бошад, ки мардуми Бадахшон ӯро дар Россия ва Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд хатои калон карда дурӯғи маҳз гуфтааст. Шояд ду-се нафари худаш барин раҳгумзадаву втанфуруш бошанд, на аз ин зиёд.

  • Шерзамонов дар дуруғгуӣ алаккай ном баровардааст. Наход ки мардуми шарифи Бадахшон як одами кӯчагиву ватанфурушро дастгирӣ кунанд, не ин дурӯғи маҳз аст.

Leave a Reply