Духтурон куҷоед, ба фарзандони Ҳабибулло кумак  расонед!

МУҲОҶИР, Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Чанд дақиқа пештар ба телефони масъули сомонаи “Тоҷикистон таймс” як нафар мардикори тоҷик аз Русия бо номи Ҳабибулло Давлатов занг зада, хоҳиш кард, ки ба вай кумак расонем, то ки духтурони бунгоҳи тиббии деҳаи Бобосафоли ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Фархор ба назди ду фарзанди бемораш рафта, онҳоро бинанд ва маслиҳат диҳанд,ки минбаъд барои муолиҷаашон чӣ кор кунанд.

Ҳабибулло гуфт” Духтарчаам  чормоҳа ва писарам дусола аст ва ҳарду барробар бемор шудаанд. Се рӯз мешавад,ки оилаам ба назди табибони ин бунгоҳ мераванду онҳоро барои дидани тифлонамон даъват мекунад, вале то  ҳол онҳо ба хонаи мо наомадаанд. Ман намедонам,ки аз ин ҷо истода, чӣ хел ба зану фарзандонам ёрӣ расонам. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои дарёфт ва даъвати духтурон ба хонаи мо ёрӣ расонед, зеро дар ин мусофирӣ аз тақдири онҳо хавотирам”.  Ҳайати эҷодии сомонаи “Тоҷикистон таймс” аз онҳое,ки масъули тандурустии сокинони  ноҳияи Фархор мебошанд, хоҳиш менамояд,ки ҳарчи зудтар ба кумаки кудакони Ҳабибулло шитобанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply