Духтари Наҷиб – сардор арӯс мешавад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

    Филми “Ҳомиён”-нахустин ва пурғулғулатарин  филме буд, ки мардуми сайёра аз тамошояш лаззат бурданд. Дар филм муборизаҳои шадиди Наҷибсардор ва ҳамаслаконаш бар зиди ифротгароёне, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар тобеияти давлатро ба даст оранд ва мардуми осоиштаро дучори марг ва бадарғаи ватанашон гардонанд инъикос ёфта буд.

Мо зиёд дар бораи қаҳрамонҳои асосии ин сериали овозадор аз зумраи Ҳалима, Йигит, Наҷиб-сардор, Менду, Раъно маълумот додем вале дар бораи яке аз чеҳраҳои асосии филм, ки ки нақши духтари Наҷибсардор, Нурбонуро бозидааст, маълумоти кам ба даст доштем. Ҳафтаи ҷорӣ якбора дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин зебосанами турк маълумотҳои зиёде паҳн гашт ва мо зуд барои хонандагонамон  маълумоти тозатаринашро омода намудем.

Ҳунарманди ҷавон ва хеле бомаҳорат алакай дар чандин силсилафилмҳо нақш бозида бо маҳорати баланди актрисагӣ дили ҳазорон мухлисро ба даст овардааст.

Даричаи ошноӣ: Номи аслӣ: Гёкче Акйилдиз Соли тааллуд: 30 –октябри 1992 Ҷои истиқомат: Синопи Туркия Филмҳое, ки машҳур кард: “Ҳомиён”, “Ду симои Истамбул” Орзуи ягонааш: сарояндагӣ

Моҳчеҳрае аз диёри дай

Гёкче Акйилдиз 30 октября в 1992 дар шаҳри Синопи  Туркии, ба дунё омадааст. Падараш Комил Акйилдиз, марди сарватманд ва дорои чандин ширкатҳои либосбарорист. Вақте Гёкчеро модараш ба дунё овард, аз дидани чунин фаиштаи хубрӯ падараш шод гашта, як ҳафта ба мардуми маҳалаашон туй дод. Чунки миёни ду писар Гёчке нахустин духтаре буд, ки амсоли парии аз диёри дай омада ба назар менамуд. Замони сесола буданаш оилаи онҳо ба Истамбул кӯч бастанд. Гёчкеи моҳрӯ дар пойтахт мактабро бо мувафақият хатм намуд. Ҳангоми 8 сола буданаш дар ширкатҳои туркӣ, ки роҳбарияшро падараш ба ӯҳда дошт ба кор даромад. Дар чандин лоиҳаои гуногун ва рекламаву киноҳо нақш офарида, номи ширкат ва нуфзи падарашро баландтар бардошт. Акнун дар Туркия ӯро мешинохтагӣ шуданд. Тариқи телевизионҳои кишвараш ҳамеша ба назарҳо мерасид ва симои оламшумулаш диққати садҳо нафар харидорони маҳсулотҳои ватаниро ба худ ҷалб мекард.

Падараш духтари толеъбаландашро баъди адои таҳсил ба донишкадаи Санъат ва меъморӣ бурд ва ба факултаи “Театр ва кино” дохил намуд. Гёчке сари ҳар қадам бо ошиқоне, ки мисли замбури аз шаҳди асал сер нагашта аз пасаш кашола шуда мегаштанд  дучор меомад, ки ба ӯ изҳори муҳаббат ва мактубҳои ошиқона медоданд. Гӯшҳояш қулф мезаданд аз афсонахонии ҷавонҳои дилбохта вале худро аз онҳо канор мегирифт ва аҳмият намедод. Вақте соҳиби маълумоти олӣ гашт, режисёрон барои дар филми “Ҳомиён” нашқ офаридан духтари ҷасуру зебоеро меҷустанд. Дар кастиг миёни ҳазорон духтарони соҳибҷамол Гёкче ғолиб омад ва роҳ ёфт ба олами синамо.

Нурбонуи азизи дилҳо

Нақши Нурбону ба Гёкче хеле писанд омад ва ӯ фахр мекард, ки дар ин сериал чун Наҷибсардор пушту паноҳ дорад. Ҳодисаҳои филм Нурбонуро аз падар ҷудо намуда  ба роҳи бад бурда бошад ҳам вале ин ҳамаро фиреби душманони ватанаш меномад, ки духтаракро бар зиди падараш шӯрондан мехостанд. Муборизаҳои Наҷибсардор ва Йигити ҳақақатҷӯ сабаб шуду Нурбону аз чанголи хоинон ба зуди раҳо ёфт ва аз хатои хеш пушаймон гашта ба назди додару падараш баргашт. Ҳар як серияи ин сисилафилм риққатовараст, ки аз тамошояш шахсро зуд ба гиря меорад.

 Гёчке бо вуҷуди аълохон буданаш дар олами синамо машҳур шуд ва баъди ҷамъбасти “Ҳомиён” кинососзон зуд пайти муносиб ҷуста ӯро ба филми навбати, ки “Ду симои истамбул” ном дорад ба гонорарари баланд ба ин силслафилм даъват намуданд. Гёкче нақши Аслияро ончунон дардовар офаридааст, ки ҳеҷ як тамошобин наметавонад бе оби дида ин филмро тамошо намояд. Вақте дӯстдоштааш аз содагии Аслия истифода бурда, ба номусаш дастдарозӣ намуд, тамоми наздиконаш аз духтарак рӯй тофтанд ва бародараш маҷбур шуд, ҷавонро ба додгоҳ кашад. Аз тарси додгоҳ дӯстдоштааш Аслияшро ба занӣ мегирад ва бо гузаронидани тӯйи маҷбурӣ онҳо “соҳиббахт” мегарданд. Муносибати ҷавонон бо ҳам хуб бошад ҳа вале хушдомани Аслия рӯзи келини “шарманда”-ашро сиёҳтар мекард. То бегоҳ ӯро кор мефармуду азоб медод ва таъна менамуд, ки ту дигар ба оилаатон лозим нестӣ. Аслияи бадбахт ҳар лаҳза дидагирён буд ва намеднист буғзи дилашро чисон берун созад. Дар охир модараш ва апаву бародараш аз гуноҳи хоҳарашон мегузаранд ва Аслияро аз дӯзахи хушдоман раҳо намуда ба хонаашон меоранду зиндагиӣ хушбахтонаро аз нав оғоз мекунанд.

Духтари зудбовар

Аксар нақшҳое, ки Гёкче офаридааст духтаракони содаву зудбоваранд ва яке аз ин нақшҳои пешниҳодшуда, дар силсилдафилми “Гулҳои рамида”  буд вале духтарак аз иҷрои ин нақш даст кашида, нақши қаҳрамони дигареро, ки  комилан аз нақши духтари сода фарқ дошт, иҷро намудааст. Ҳамеша нақши духтарони сода ба ман насиб мешавад ва ба филбардорон шарт гузоштам, ки минбаъд чунин нақшҳо такрор ояд, аз нақшофарӣ даст мекашам.

Филмҳои офаридаи фариштаи синамо

Соли 2001 нақши Гулшанро дар филми «Siyasi Parti Reklamа» Соли 2002 дар филми «Bir Tutam Baharat» Соли  2003 дар сериали “Büyümüş de Küçülmüş», нақши Гайналро форидааст. Соли  2005 дар филми «Зайнаб» Соли 2007 «Parmaklıklar Ardında» и «Ezo Gelin» Соли  2008 дар филми «Gazi» Соли 2011 дар филми эпизоди “Роҳи бад” Соли 2012 дар сериали «Ҳомиён », дар нақши Нурбону нақш бозидааст. Соли 2013 дар силсилафилми «Ду симои Истамбул» дар нақши Аслия Соли  2015 бошд дар сериали  «Гулҳои рамида» дар нақши Сумбул нақши бебаҳо офаридаст.

Ҳайёти паси пардагии Гёкче

Гёкче Акйилдиз актрисаи ҷавонест, ки тамоми ҳунару маҳорати худро дар иҷрои нақшҳояш нишон медиҳад. Зеро актрисагӣ барои Гёкче натанҳо воситаи пулкоркунӣ балки орзуву умедҳои даврони кудаккияш мебошад. Тавре худи Гёкче  иқрор мешавад, ҳеҷгоҳ ҳаёти шахсияшро бо кор омезиш намедиҳад ва кушиш мекунад образҳои дар филмҳо офаридаашро дар ҳаёти шахсӣ ба кор набарад.

Ба наздики фотиҳатуйи Гекче бо дӯстдошташ баргузор гашту тамоми ошиқонашро ин хабар ғамгин ва руҳафтода намуд, зеро Гёкчеро ҳазорон ҷавон маликаи орзуҳои хеш мехонданд ва миёни онҳо ҷавони ҷасуру тавоно Абр тавонист дили духтаракро ба даст орад.  Аксҳои маъракаи фотиҳатуйи ин ду ҷавони ошиқро дар сомонаҳои иҷтимоӣ алакай паҳн намудаанд. Санаи туй алҳол муаян нагардидааст ва ошиқон мехоҳанд, ки маросими хонадоршавияшонро дар беҳтарин давлати дунё миёни дӯстону наздикон ва кули ҳавдоронашон баргузор намоянд. То баргузории тӯй Гёчке нақшофарияшро дар силсилафилмҳо давом медиҳад ва мухлисонашро зуд фаромӯш кардани нест.

Омодасоз: Рустам Азимӣ  

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply