Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат – боргоҳи омодасозии соҳибкорони навовар

ИҚТИСОД, Лоиҳаҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин падидаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Донишкада соли 1991 баҳри рушду эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи фаъолияти бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти мамлакат арзи ҳастӣ карда, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Тӯли 26 сол обрӯву нуфузи донишкада зина ба зина боло рафта, дар байни дигар макотиби олии касбии ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои намоёнро касб намуд. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 313 нафар корманд, аз ҷумла 151 нафар корманди илмӣ-педагогӣ кору фаъолият доранд, ки аз ин рақам 7 нафар профессор, доктори илм, 57 нафар номзад-дотсент ташкил медиҳанд.

Донишкада дорои 4 бинои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар биноҳои таълимии донишкада 5 факултет, 2 китобхонаи илмӣ, 3 китобхонаи электронӣ, 4 толори маҷлисгоҳ, 3 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, Маркази дандонпизишкӣ, 2 парки технологӣ — “Сехи заргарӣ” ва “Кулолгарӣ”, Маркази рушди касбият, 98 синфхона (аз он ҷумла 31 кабинети фаннӣ), 10 лабораторияи таълимӣ, чопхона ва ошхона ҷойгир карда шудаанд.

Айни замон дар донишкада мутахассисон аз рӯйи 23 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 8 ихтисос дар зинаи магистратура, 3 ихтисос дар зинаи PhD ва 5 ихтисос дар зинаи аспирантура омода карда мешаванд. Мутахассисони мазкур аз рӯйи ихтисосҳое омода карда мешаванд, ки ҷавобгӯ ба тақозои бозори меҳнат ва талаботи замон мебошанд.7

Донишкада бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос ва пурзӯр намудани самаранокии робитаҳои берунӣ ва густариши ҳамкориҳо бо бештар аз 80 ташкилоту созмон, ширкат ва муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида, фаъолияти ҳаматарафаро дар самтҳои мухталиф ба роҳ мондааст. Робитаи қавӣ ва пайвастаи донишкада дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, сол то сол афзуда истодааст. Алҳол донишкада дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:

  • Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рӯи самти технологияҳои иттилоотӣ;
  • узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;
  • шарики барномаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ;
  • шарики барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – Эразмус +;
  • узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA ва ѓайраҳо пазируфта шудааст.

Дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – Темпус омӯзгорони донишкада ба Испания, Италия, Олмон, ИМА, Федератсияи Россия, Эрон, Туркия, Чин, Озарбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирѓизистон,  Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигар сафари хизматӣ анҷом дода, такмили касб намуданд. Инчунин, дар такмили роҳу воситаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷии шарикони лоиҳа ҳиссагузорӣ намуданд. Саҳми мутахассисони мазкур дар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва паҳнгардонии таҷрибаи пешқадами хориҷӣ назаррас мебошад.

Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ

Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ яке аз сохторҳои пешбари таълимии фаъолияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб ёфта, дар тамоми давраи фаъолияти худ стратегияи амиқи тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳо, идоракунии давлатӣ ва идораи мақомоти маҳаллиро ба роҳ мондааст. Талабот ба мутахассисони соҳаҳои зикргардида мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ ва ҷаҳон мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён меорад.

Факултети технологияҳои информатсионӣ

Факултети технологияҳои информатсионӣ (ФТИ) моҳи августи соли 2011 таъсис дода шудааст ва дар замони муосир яке аз сохторҳои мунтазам ва босуръат рушдёфтаистодаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошад. Дар факултет дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона зиёда аз 400 донишҷӯён аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа таҳсил доранд, ҳайати профессорону устодон 16 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1 нафар доктори илм ва 5 нафарашон дараҷаи номзади илм доранд.

Устодон дар кори худ аз технологияҳои муосири интернетӣ истифода мебаранд. Инчунин дар факултет тамоми шароит барои фаъолияти илмӣ ва эҷодкории донишҷӯён фароҳам мебошад.

Факултети хизмати молиявӣ

Факултети хизмати молиявӣ дар асоси талаботи муосири бозори меҳнат ҳамчун маркази тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи иқтисод маҳсуб меёбад. Дар  факултет се кафедра, аз ҷумла ду кафедраи тахассусӣ ва як кафедраи ғайритахассусӣ мавҷуд аст.Кафедраҳои тахассусии факултет: кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ, кафедраи хизматрасонии бонкӣ. Кафедраи ғайритахассусии факултет: кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон.

Айни замон дар факултети хизмати молиявӣ 32 нафар устодон кору фаъолият мекунанд, ки аз шумораи онҳо 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, профессор, 7 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, 11 нафар устодони калон ва 11 нафар ассистентҳоро ташкил медиҳанд.

 Факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ

Факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ яке аз сохторҳои  пешбари таълимии фаъолияти Донишкадаи  соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб  ёфта, мутахассисони баландпояи соҳаҳои туризм, туризми байналмилалӣ, идоракунӣ дар бахши туризм, ташкил ва пешбурди кори меҳмонхона, таъминоти ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти гумрукиро  ба роҳ мондааст.

Айни ҳол ба факултет чор кафедра шомил аст, ки аз ин ду кафедраи тахассусӣ ва ду кафедраи ёрирасон мебошанд. Роҳбарии кафедраҳои факултетро олимони варзидаи соҳаҳои туризм, гумрук, забон ва адабиёт ва варзиш, номзадони илм, дотсентон бар уҳда доранд. Устодони кафедраи туризм аз коршиносони шинохтаи соҳаи туризм дар Тоҷикистон ва берун аз он буда, дар коркарди консепсияҳо ва барномаҳои рушди туризм дар Тоҷикистон, шаҳру вилоятҳо ва навоҳии он иштироки фаъолона доранд.

Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук низ ҳамчун кафедраи тахассусии факултет омодасозии мутахассисонро дар зинаҳои бакалавр ва магистр ба роҳ мондааст.

Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон

Факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон дар таҳкимбахшии дониши донишҷӯён ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи ҳозираи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ саҳми арзанда мегузорад. Дар факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, ки яке аз факултетҳои пешбари Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб меёбад, донишҷӯён аз рӯи се равия ё ихтисос ба кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.

Баъди хатм дар куҷо метавон кор  кард?

ИХТИСОСИ 96010101 – ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ  ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Вазифа: ташкил ва таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, таъмин ва амалисозии назорат ва тафтиши гумрукӣ.

Ҷойи кор: хадамоти гумрук ва сохторҳои таркибии он, ташкилотҳои тиҷоратии шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқӣ.

ИХТИСОСИ 1-96010102 – ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Вазифа: ташкил ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, таъмин ва амалисозии назорат ва тафтиши гумрукӣ.

Ҷойи кор: хадамоти гумрук ва сохторҳои таркибии он.

ИХТИСОСИ 1-25010402 – КОРИ БОНКӢ

Вазифа: ташкили кор дар бонкҳои тиҷоративу давлатӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ, амалиётҳои таҳлилӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад.

Ҷойи кор: бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва молиявӣ, ташкилотҳои депозитӣ

ИХТИСОСИ 1-25010403 —  «АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ»

Вазифа: ҷамъоварӣ, тартиби ҳисоб кардан ва пардохт намудани андозҳо дар мақомоти андоз ва дигар корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият.

Ҷойи кор: корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, хизматрасонӣ, энергетика, соҳаҳои  иттилоот, сайёҳӣ, алоқа, суғурта ва ғ. новобаста аз шакли моликият.

ИХТИСОСИ 1-250104 —  «МОЛИЯ ВА ҚАРЗ»

Вазифа: таъмини самараноки масоили молиявӣ ва қарзии ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии давлативу хусусӣ, такмили механизмҳои молиявӣ-қарзӣ  мебошад.

Ҷойи кор: мақомоти молия, хадамоти маишӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои молиявӣ, корхонаҳои саноатӣ, кумитаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷӣ.

ИХТИСОСИ 1-25010711  — ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРА ДАР КОРХОНАИ САНОАТӢ

Вазифа: идоракунии  даромаду хароҷоти корхонаҳои саноатӣ барои ташкили фаъолияти самараноки иқтисодии он.

Ҷойи кор: корхонаҳои саноатӣ,  корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак.

ИХТИСОСИ 1-26.01.01.00 — «ИДОРАИ ДАВЛАТӢ»

Вазифа: таъмини идоракунии самараноки муассисаҳои давлатӣ, ташкил ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ мебошад.

Ҷойи кор: ташкилоту корхонаҳои  давлатӣ, тиҷоратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои идоракунии давлатӣ;

ИХТИСОСИ 1-25010301-ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН

Вазифа: ташкили муносибатҳои иқтисодии байналмилалии иқтисодии муассисаву ташкилотҳо.

Ҷойи кор: вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ,  палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои истеҳсолӣ, бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои муштарак, ширкатҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои гузаронидани ягон намуди фаъолияти иқтисодии беруна махсус гардонида шудаанд.

ИХТИСОСИ 1-25.01.08.01 — «БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ ДАР БОНКҲО»

Вазифа: ташкили корҳои баҳисобгирӣ-амалиётӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ, баҳисобгирии қарзҳои байнибонкӣ, баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ тавассути супоришномаи пулӣ, баҳисобгирии таҳлилӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад.

Ҷойи кор: бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва муассисаҳои молиявӣ ва ғайра.

НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2017-2018

Ихтисосҳо НАҚШАИ ҚАБУЛ  (НАФАР) Маблағи

шартнома

(бо сомонӣ)

ҲАМАГӢ РӮЗОНА ҒОИБОНА
ТОҶИКӢ РУСӢ ТОҶИКӢ РУСӢ
Б  А  К  А  Л  А  В  Р  И  А  Т
Гурӯҳи ихтисосҳои 1
Бехатарии иттилоотӣ 24 24       3500
Муҳандиси барномавӣ 24 24       3500
Гурӯҳи ихтисосҳои 2
Молия ва қарз 65 45   20   4387
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит 68 24 24 20   4284
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо 65 45   20   4284
Иқтисодиёти ҷаҳонӣ 89 45 24   20 4046
Маркетинг 24 24       3094
Сайёҳат ва меҳмондорӣ 24   24     3094
Фаъолияти меҳмонхонавӣ 23 14/9*       3094
Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат 24 14/10*       3094
Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика) 24 24       3500
Менеҷменти молиявӣ 48 24 24     4046
Идоракунии зиддибуҳронии корхона 24 14/10*       3500
Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ 24   24     3094
Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ 24 14/10*       3094
Менеҷмент 24 24       3500
Кори бонкӣ 68 24 24 20   4387
Андоз ва андозбандӣ 24 24       4387
Идораи давлатӣ 24 24       3332
Идораи мақомоти маҳаллӣ 24 24       3332
Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) 24 24       3500
Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ 24 24       4387
Гурӯҳи ихтисосҳои 4
Таъминоти ҳуқуқии  фаъолияти гумрукӣ 44 24   20   4387
ҶАМЪ АЗ РӮИ 23 ИХТИСОС 830 527/39* 144 100 20
Эзоҳ: * гурӯҳи буҷетӣ

Дар Маркази миллии тестӣ рамзи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

203 ва номи кӯтоҳшудаи он ДСХ мебошад.Тел.234-88-02


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply