Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон довталабонро аз рӯи 67 ихтисос қабул менамояд

ИҚТИСОД, Лоиҳаҳо, ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шароити басо мувофиқ ба вуҷуд овард ва онро ба самти тозаву пурсамари рушд ворид сохт.

Давоми  Истиқлолияти давлатӣ дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултаву кафедраҳои нави созгори хостаҳои замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун арзи ҳастӣ карданд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафт. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютерҳои пайваст бо шабакаи Интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд ба тадриҷан беҳтар гаштани дараҷаи саводнокиву давомоти донишҷӯён, тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва баҳри таҳкими фаъолияти он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Соли 2001 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70-солагии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуда, рисолати олии ин маъвои маърифатро таъкид ва аз фаъолияти бовусъати он изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Ҳамчунин, маҳз бо дастури Президенти мамлакат барои факултаҳои филологияи тоҷик ва таърих дар як муддати кӯтоҳ бинои нави бошукӯҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, соли 2014 бинои нави таълимӣ барои факултаҳои забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ ва технология ва соҳибкорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Боиси фараҳмандӣ ва ифтихори аҳли донишгоҳ аст, ки дар расми ифтитоҳи ҳар ду бино шахсан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, бо устодону донишҷӯён мулоқот кардаанд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои фаъолияти бардавому самаровараш дар соҳаи маориф бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст. Ҳамчунин, соли сипаришуда аз тарафи ҳафтаноми “Тоҷикистон” ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ғолиби озмуни “10-гонаи беҳтарин макотибии олии Тоҷикистон-2016” гардид. Донишгоҳи омӯзгорӣ дорои 14 факултет аст: филологияи тоҷик, таҳсилоти ибтидоӣ, психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир, таърих, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ, математика, география, химия, физика, технология ва соҳибкорӣ, биология, иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи маориф мебошад. Тавассути ин факултетҳо мувофиқ ба 67 ихтисос: 8 ихтисоси равияи ғайриомӯзгорӣ ва 59 ихтисоси омӯзгорӣ ва 21 ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура мутахассис тайёр карда мешавад. Дар донишгоҳ дар маҷмӯъ, 58 кафедра фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ беш аз 16 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Сомонаи донишгоҳ www.tgpu.tj   ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ фаъолият менамояд. Дар сомонаи мазкур тамоми хабару мақолаҳо ва маводи нашрияҳои донишгоҳ ворид карда шудаанд.

Донишгоҳ дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар донишгоҳ 427 нафар устоди тасвибӣ, 157 нафар устоди ҳамкори дохилӣ ва 71 нафар устоди берунӣ – дар маҷмӯъ 655 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумора 52 нафарро доктори илм, 174 нафарро номзади илм — дар маҷмӯъ 226 нафарро  устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Донишгоҳ дорои 4 нашрия мебошад, ки бо мазмун ва муҳтавои баланд интишор мегарданд. Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» барои аспирантону унвонҷӯён, маҷаллаи навтаъсиси «Муҳаққиқ» барои хатмкунандагони зинаҳои бакалавриат ва магистратура, маҷаллаи “Навруста” барои тарҷумонҳои ҷавон ва нашрияи «Омӯзгори ҷавон» барои оммаи донишҷӯёну устодон мебошанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии факултету кафедраҳои донишгоҳ ташкили маҳфилҳои илмии донишҷӯён маҳсуб меёбад. Айни замон дар донишгоҳ 62 маҳфили илмию фаннии донишҷӯён амал мекунад.

Фаъолияти китобхонаи донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи ташвиқи китоб ва иттилоот дар байни устодон ва донишҷӯён ва бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маводи зарурӣ нақши муҳимро мебозад. Фонди умумии китобхона 406968 адад китобро ташкил медиҳад, ки ба забони тоҷикӣ 112722 нусха, ба забони русӣ 217475 нусха ва ба забонҳои дигар 72491 нусха мебошад.

Китобхона дорои 4 толор аст: толори электронӣ, толори олимон ва аспирантон, толори хониш ва матбуоти даврӣ. Фонди электронии китобхона маводи китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, матбуот ва силлабусҳоро фаро мегирад. Фонди китобхонаи электронӣ зиёда аз 6 ҳазор маводро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ Парки технологӣ фаъолияти бовусъат дорад. Вобаста ба хусусияти самти илмию таълимии донишгоҳ дар назди Парки технологӣ Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо, асосҳои компютер ва курсҳои бухгалтерӣ таъсис гардидааст.

Донишгоҳ бо сафоратхонаҳои мамолики Эрон, Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон, Корея, Олмон, Фаронса, ШМА, Федератсияи Россия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, инчунин, бо ташкилотҳои байналхалқии ЮНИСЕФ, ТИКА, ДААД, АССЕSS, IREX, AIESEC, GIZ ҳамкориҳои судманд дорад.

Тӯли 86 соли фаъолият ин даргоҳи илму маърифатро бештар аз ҳаштод ҳазор мутахассиси варзидаи омӯзгорӣ хатм намуданд, ки алҳол дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, фарҳанг ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ хизмат карда истодаанд. Дар байни дастпарварон ва кормандони донишгоҳ олимони маъруфу оламшумул, шоиру нависандагони маъруфи халқи тоҷик, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки имрӯз халқи тоҷик бо номи онҳо ифтихор дорад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №102 мебошад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply