Домулло Зиё Зуҳроро партофта, Силенро ба занӣ гирифт

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Имрӯзҳо дар кишвари мо хурду калон мухлиси силсилафилми “Калтакалос” ё ба қавле “Домулло Зиё” ҳастанд. Хонандагони мо низ ошиқи шайдои ин сериали пурмоҷаро ҳастанд ва қариб ҳар ҳафта ба идора занг зада мепурсиданд, ки Домулло Зиё ва Зуҳро дар ҳақиқат зану шавҳаранд ё не.

Азбаски пештар мо дар бораи ҳаёти ин актёри машҳури турк маълумот дода будем, қарор додем, ки ин дафъа танҳо хотири мухлисони домуллоро танҳо бо як хушхабар шод созем.  Медонед ин чи хабар аст? Домуллои Зиёи писандидаву маҳбуби шумо, муштариёни азиз зан гирифт! Гумон мекунед, ки Домулло Зиё ба Зуҳро хонадор шудааст? Хато мекунед! Домуллои зирак ин дафъа аз таги бинии кормандони пулис арӯси Левент-хонум Силени нозанинро рабуда, ба ин зебосанами сиёҳчашму сияҳабрӯ хонадор шуд. Бовар намекунед? Пас аксҳои арӯсии онҳоро бо чашми худ бубинед ва мутаваҷҷеҳ бошед!

“Калтакалос”-инқилобчӣ

Офарандаи нақши Домулло Зиё, ҳунарманди машҳури турк Темур Акар 22-юми декабри соли 1979 дар Олмон чашм ба олами ҳастӣ кушода, як бародару як хоҳар дорад. Гузаштагони Темур Акар аслан аз Гурҷистон ба Туркия омадаанд. Бачагии ин ҷавони ҳунарманд дар Олмон гузашта, вай яке аз муассисони «Саҳнаи муд» (Moda Sahnesi) мебошад. Темур аз хурдӣ ба синамо шавқу завқи зиёд дошт ва ҳамин меҳр оқибат ӯро ба синамо овард. Ин ҷавони ҳунармандро филмҳои  “Захми тир”, “Ҷониби Аврупо” ва “Таваққуфи Акасия” ба тамошобин шиносонида бошанд ҳам, шуҳрати ҳақиқиро ба Темур Акар сериали «Калтакалос» овард. Дар ин силсилафилм нақши дузди машҳур Калтакалосро, ки зери ниқоби домулло зиндагӣ мекунад, бозида ин ҷавони хушсурату зирак дар дилу дидаи миллионҳо одамон маъво гирифт ва ба домоди орзуҳои ҳазорон духтарон табдил ёфт, вале…

                    

                                         Овоза ё ҳақиқат?

Чанде пеш дар саросари Туркия сару садоҳои зиёд пайдо шуданд, ки Темур Акар бо Эда Озеркан муносибати ошиқона доранд ва рӯзҳои наздик издивоҷ менамоянд. Миш-мишҳои мардум оқибат ба ҳақиқат табдил ёфт ва Темур Акар дар суҳбат ба рӯзноманигорон қоил шуд, ки Эдаро Озеркино дӯст медорад ва бо ин зебосанами фатиламӯй хонадор шуданист.  Эда дар силсилафилми “Картакалос” нақши дугонаи арӯси домулло Зиёро бозида бошад ҳам, тавонист дили ин домоди зебою серхаридорро тасхир намуда, Калтакалосро аз Зуҳро ва ҳазорон-ҳазор зебосанамҳои ошиқи зораш кашида гирад.

Маросими издивоҷи ин ду ситораи турк моҳи июл сурат гирифт.

Эда рӯзи тӯйи арӯсиаш дар суҳбат ба журналистон чунин гуфтааст:

-Ману Темур ҳангоми наворбардории силсилфаилми “Картакалос” бори аввал бо ҳам во хӯрдем ва бо як нигоҳ ба ҳамдигар ошиқ шудем. Темур бисёр марди дилсоф аст. Вай ҳамеша ба ман бо илтифот муроҷиат карда мегуфт: “Хонум Эда, шумо ба шабнишинӣ меоед?” Ростӣ чи хел ба ӯ дил доданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Имрӯз ба ин ҷавонмарди асил ба шавҳар баромадам ва худамро хушбахттарин арӯси дунё эҳсос мекунам.

                  

Ин ҷуфти хушбахт ба маросими никоҳашон рӯзноманигорон, блокнависон ва сарояндаҳои машҳури туркро даъват намуда, меҳмонони худро дар тарабхонаи бонуфузи “Анастранси” зиёфат доданд ва дар шоҳидии дӯстону пайвандонашон ба ангушти ҳамдигар ангуштарини никоҳиро гузаронида савганди садоқат ёд карданд.

Мо ба ин ҷуфти зебо парвози баланди кабӯтари бахт ва саодати ҷовидонӣ таманно мекунем!

Омодасоз: Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply